Ба масофаҳои кӯтоҳ дар роҳравҳои алоҳида гузаронида мешавад. Бо садои довар «Ба старт!» варзишгарон ҳолати старти поёниро қабул мекунанд. Давидан аз ишораи «Давидем!» («Марш!») оғоз меёбад.
Барои ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҳолати давида омадан 3 маротиба иҷозат дода мешавад. Натиҷаи беҳтарин ба назар гирифта мешавад.
Ченкунӣ аз хати таконгирӣ то изи наздиктарине, ки ҷаҳанда гузоштааст, ба назар гирифта мешавад.
Ҷаҳидан ба баландӣ. Барои ҷаҳидан планка дар баландии муайян- кардашуда гузошта мешавад. Агар варзишгар аз он бо як ҷаҳидан гузашт, маротибаи дуюм намеҷаҳад. Агар дафъаҳои 1-2-юм бебарор бошанд, варзишгар метавонад ин монеъаро дар маротибаи 3-юм низ паси cap кунад, сипас, девор ё планкаро ба якчанд сантиметр мебардо- ранд. Варзишгароне, ки дафъаи якум монеъаро гузошта тавонистанд, мусобиқаро идома медиҳанд. Варзишгаре, ки планкаи баландтаринро гузашта метавонад, ғолиб мебарояд.
Дар ҳаводиҳӣ ба дарозй низ ғолиб аз рӯи партофтан ба масофаи дуртарин муайян карда мешавад.