Қоидаҳои беҳдоштро фаромӯш насозед! (санъати тасвирӣ)
22.07.2019
59 Показы
- Ниҳоят муҳим аст, ки Дар вақти Дарс Дақиқкор буда, бо қомати рост бишинед.
- Ҳангоми расмкашӣ варақи коғазро тавре гузоред, то ки ба он нурҳои офтоб рост нарасад, чунки ҳолати мазкур чашмро заиф мегардонад.
- Нисбат ба ашёи хониш эҳтиёткорона муносибат намоед. Ҷойи кори худро дуруст созмон бидиҳед: ҷамъ кардан ва ба тартиб даровардани онро ёд гиред.
- Ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ риоя намоед. Ҳангоми истифода бурдани асбобҳои тез ва лавози- моти буранда эҳтиёткор бошед. Фаромӯш насозед, ки ҳангоми ба дигарон додани ашёҳои тез, ҳатман тара- фи тези онро ба ҷониби худ нигоҳ доштан зарур аст.
- Оби истаконро мунтазам иваз бикунед, мӯқаламҳои ранголудро шуста тоза намоед.
- Агар мӯқалам муддати зиёд дар даруни об бошад, шакли он тағйир ёфта, расмкаширо душвор мегардо- над. Ба хотири он ки об ниҳоят ифлос нашавад, сачоқи коғазӣ ва коғазро барои пок кардани мӯқаламҳо омода намоед.
- Пас аз анҷоми кор бояд сарпӯшакҳои рангҳо, гуаш- ро мустаҳкам бипӯшонед, то ки онҳо бухор нашаванд.
- Пас аз истифода бурдани воситаҳои гуногуни бадеӣ бояд даст бо собун покиза шуста шавад.
- Корҳои иҷрошударо дар ҷузвдонҳои махсус нигоҳ доред, то ин ки онҳо маҷақ ва ифлос нашаванд.
санъати тасвирӣ синфи 5 2019-07-22
Tags санъати тасвирӣ синфи 5
Инчунин кобед
Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …