Главная / Маданият ва санъат / Ҳодисаҳои табиии асрорангез дар эҷодиёти бадеӣ. Техникаи иҷрои монотипия

Ҳодисаҳои табиии асрорангез дар эҷодиёти бадеӣ. Техникаи иҷрои монотипия

Табиати Қирғизистон бо зебогии нотакрори хеш нодир аст. Агар бодиққат назар афканем, он гоҳ дидан мумкин аст, ки кӯҳҳо ва сангҳо ба мо ҳайвонот ва мавҷудоти дигарро ба ёд меоранд. Дар забони мардум номи маҳал ва обанборҳо бо назардошти шароитҳои табиӣ ва хусусиятҳои хос пайдо мешаванд, онҳо ба тав­ри оддӣ гирифта нашудаанд. Масалан, дар назди ганҷинаи мар- думи қирғиз – кӯли Иссиқ-Кӯл – дар минтақаи ҷануб кӯҳҳои Ҷети-

103

Оғуз қарор доранд. Мабодо шумо онҳоро надида бошед, он гоҳ метавонед ба аксҳо нигаред.

104

Мушоҳида кардан мумкин аст, ки харсангҳои кӯҳҳо ба говмешҳо шабоҳат доранд. Дар шаҳри Тош-Кумири вилояти Ош бошад, қад- қади кӯҳ нақшу нигори аз ҷониби худи табиат офаридашударо ба намуди секунҷаи сафеду сиёҳ мушоҳида кардан мумкин, ки «сафе- ду сиёҳ» ном гирифтааст

105

Тавре дар тасвир нишон дода шудааст, ҳангоми нишеб шудан ба нишебии соҳили дарёи Нарин ҷойеро, ки ба тимсоҳи нӯшидаистода монанд аст, мушоҳида кардан мумкин. Образи рӯйи сангҳоро бо тасвирҳои тимсоҳи ҳақиқӣ муқоиса карда метавонед.

Ба чунин тасвирҳои пурасрор дар тамоми гӯшаҳои мамлакати мо дучор шудан мумкин.

Акнун, то ки маводи гузаштаро ба ёд орем, ба супоришҳои тестӣ посух медиҳем.

  1. Мафҳуми «зинданигорӣ (живопис)» аз кадом забон гирифта шудааст?

а) лотинӣ; б) фаронсавӣ; в) англисӣ; г) русӣ.

  1. Калимаи «акварел»чиро ифода мекунад?

а) ҳаво; б) об; в) оташ; г) замин.

  1. Кадоме аз мафҳумҳо ба санъати тасвирӣ дахл надорад? а) натюрморт; б) портрет; в) ҳайкалтарошӣ; г) фреска.

Мо чӣ гуна тасвиреро ифода накунем, дар маркази таваҷҷуҳ бояд қоидаю қонунҳои марбут ба санъати тасвирӣ қарор бигирад. Ба мақсади тақвият додани яке аз онҳо дар усул таваққуф менамоем.

Усул дар санъати тасвирӣ низом, пайиҳам иваз шудани ягон на- муди ҷузъиётест, ки бо пайдарпайӣ, суръати муайян рӯй медиҳад. Вай ҷиҳати ошкор кардани мавзуи асарҳое, ки дар он ҳодисаҳо рӯй медиҳанд, кӯмак мерасонад. Усул паст, баъзан баланд, кӯтоҳ ва давомдор мешавад, мисли нағма ва навое, ки дилҳоро ба шӯр меоваранд. Барои мисол асари рассом К. Брюллов «Вопасин рӯзи Помпей» – ро мегирем.

Рассом тавонист одамонеро, ки ба даҳшат афтодаанд, бо ёрии хатҳои ихтилот ва нурҳои равшаниафкан, зимни истифодаи рангҳои тира барои тасвири гурӯҳи одамон тасвир намояд. Агар бо таваҷҷуҳи зиёд ба асар назар афканед ва маълумоти иловагиро истифода намоед, шумо дар байни персонажҳо тасвири рассомро пайдо карда метавонед.

Дар заминаи ин асар оҳангсози барҷастаи мардуми қирғиз, академик Муратбек Бегалиев симфонияи «Вопасин рӯзи Помпей» – ро эҷод кард.

Ба хотири тасвир кардани пейзаж инчунин мушоҳида кардан ба ҳодисаҳои табиӣ ва тағйироти табиат дар мавсимҳо зарур аст.

«Помпейнинг сӯнгги куни». К. Брюллов
«Помпейнинг сӯнгги куни». К. Брюллов

Хислати инсон хушҳолона ё хилватгузинона, ғамгинона буда метавонад, инчунин бояд кӯшиш кард ҳар як ҳодиса тавре тасвир гардад, то ки вай бо ҳақиқат мувофиқ бошад.

Ҳоло мо тавассути техникаи монотипия ҳамон ҳолати табиат ва зебогии онро, ки дар хотирамон нақш бастааст, инъикос менамоем. Монотипия – monotype, калимаи юнонӣ буда, маънои он дар тарҷума «из» мебошад. Дар рӯйи шиша ва коғази ранга бо ёрии рангҳои гуногун образро дар сатҳи ҳамворӣ зимни истифодаи рангҳо тасвир мекунем, доғ (нишон) ҳосил мешавад, ин техникаи монотипия аст.

Доғи ҳосилшударо муоина сохта, муайян мекунем, ки вай ба чӣ монанд аст. Баъзе ҷузъиётҳоро илова карда, расмро пурра тас- вир менамоем, кӯшиш мекунем тавре тасвир ёбад, ки ба расми эҷодкардаамон монанд бошад. Чунин техника тахайюли хонанда- гонро инкишоф медиҳад.

Фаромӯш насозед, ки ҳангоми расмкашӣ аз рӯйи асл объекти тасвиршаванда чӣ қадаре наздик бошад, ҳамон қадар калонтар тасвир меёбад. Агар объект дур бошад, он гоҳ онро бо ранги рав- шани осмонӣ тасвир менамоянд, тобишҳои бештар нозук дучор мешаванд, ки шаффоф ба назар мерасанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …