Главная / Гуногун / Оқибатҳои харобиовари ҷангҳои феодалӣ (ибтидои асри XIX)

Оқибатҳои харобиовари ҷангҳои феодалӣ (ибтидои асри XIX)

Аз ҷангхое, ки барои ишғоли Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах ва Шаҳрисабз ба вуқуъ омаданд, маълум мешавад, ки дар ҳар як-якуним сол шаҳр ва атрофи он ба харобазор табдил меёфт. Хони Хуқанд Олимхон (1800-1810) дар яке аз лашкаркашиҳояш ба сарбозонаш амр намуд, ки шаҳрро тороҷ кунанд. Дар натиҷа, мувофиқи маълумоти шоҳиди воқеа дар шаҳр «ба ҷуз хоку санг ҳар он чӣ ки ин вилояти пурбаракат дошт, рабуданд». Аҳолии боқимондаи Ӯротеппа, марду зан, бо пои луч ва тани нимбараҳна, нолаву фиғонкунон, мисли гадоён ба назди сарбозони хон омада, ҳоли табоҳи худро баён мекарданд ва хуроку пушок металабиданд. Шоира Дилшоди Барно (1900-1965) дар хотираҳои худ навиштааст, ки ишғолгарон аввал деҳаҳоро ғорат карданд, боғҳо, пулҳо ва иморатҳои беруни шаҳрро оташ заданд. Баъди ба шаҳр зада даромадан, сарбозон, нукарон ва муқаррабони хони Хуқанд хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороҷ, фосиқӣ ва беномусӣ мекарданд. Дар ҳар ҷо дорҳо сохта буданд. Аз субҳ то шом одамонро қатл мекарданд. Деҳаҳо тамоман валангор гардида, киштзорҳо поймол ва сузонда шуданд. Аҳолӣ гуруснагӣ мекашид ва ҳалок мешуд.

istaravshan-gorod-gde

Ҷангҳои пурдавом ҷойҳои дигарро низ хароб карда буд. Масалан, ишғоли қалъаи мустаҳками Шаҳрисабз ба қушуни Бухоро муяссар нагардид, сарбозони истилогар деҳаҳои атрофи онро ғорат ва хароб менамуданд. Ҳар сол баҳорон амир Насрулло барои нобуд кардани киштзорҳои ғалла дастаҳои савораи худро ба мазраҳои Шаҳрисабз равон мекард. Дар натиҷа гуруснагӣ cap мезад, нархи ғалла ва дигар хуроквориҳо бағоят баланд мешуд. Мардуми зиёде ба ҳалокат мерасид ё худ ба кӯҳҳо баромада мерафтанд.

Таҷовузкорон аҳолиро натанҳо ғорат мекарданд, балки асир карда, ба ҷойҳои дигар мебурданд ва мисли ғуломон кор мефармуданд. Тавре ки қаблан ҳам зикр карда будем, соли 1816 хони Хуқанд Умархон, баъд аз ишғоли Ӯротеппа зиёда аз ду ҳазор одамро ба қатл расонда, сездаҳ ҳазори дигарро асир карда, ба даштҳои беоби мулки худ бурд. Асирон дар муддати ҳафт сол ҳуқуқи барои худ хонасозӣ надоштанд. Бо қувваи онҳо шаҳре бино шуд, ки хони номбурда онро Шаҳри Хон номид.

Дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай аҳолии шаҳрҳо ва миқдори заминҳои корам кам мешуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …