Главная / Гуногун / НОСИРИ ХИСРАВ

НОСИРИ ХИСРАВ

Дар саноати72 шеър моҳир буд ва дар фунуни ҳикмат комил. Аммо ба сўйи эътиқод ва майл ба зандақаву илҳод73 муттаҳам шуда буд ва ўро «Сафарнома»-ест, ки дар аксари маъмура сафар карда ва муҳовароте74, ки бо афозил 75 карда буд, дар он ҷо бо назм оварда ва ин абёт, ки Айнулқуззот76 дар китоби «Зубдат-ул-ҳақоиқ» эрод карда, аз ҷумлаи манзумоти ўст:

nosiri-khusravҚ и т ъ а

Ҳама ҷаври ман аз булғориён аст,
Ки модомам ҳаме бояд кашидан.
Гунаҳ булғориёнро низ ҳам нест,
Бигўям, гар ту битвонӣ шунидан:
Худоё, ин балову фитна аз туст,
Валекин кас намеёрад чахидан.
Ҳаме оранд турконро зи Булғор
Зи баҳри пардаи мардум даридан.
Лабу дандони он хубони чун моҳ
Бад-ин хубӣ набоист офаридан,
Ки аз ишқи лабу дандони эшон
Ба дандон лаб ҳаме бояд газидан.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …