Главная / Гуногун / Ноҳияи Сангвор (Собиқ Тавилдара)

Ноҳияи Сангвор (Собиқ Тавилдара)

Ноҳияи Сангвор – яке аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, ки қаблан бо номи Тавилдара маъруф буд ва бо аҳолии 22 ҳазор нафару масоҳати 597 ҳазор метри мураббаъ аст дар Ноҳияҳои Тобеъи Ҷумҳурӣ вокеъ гардидааст. Аз ҷиҳати ҳудуд, он пас аз ноҳияи Мурғоб дуввумин ноҳияи бузурги кишвар аст. Ноҳия соли 1931 дар ҳайати вилояти Ғарм ташкил шуда буд.

Маркази ноҳияи Сангвор
Сурати Маркази ноҳияи Сангвор

Бо қарори роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 29 аз 02.02.2016 ва бо Қарори Шӯрои Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти No204 аз 3 марти соли 2016 ба номи Сангвор табдил дода шуд. Маркази маъмурии ноҳия “Деҳаи Тавилдара”  мебошад. Аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Сангвор 180 км буда бо роҳи асфалтпушу санглох ташкил мекунад.

Минтақаи Сангвор дар водии дарёи Обихингу (Хингоб) дар минтақаи Помир ҷойгир аст. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ – бо ноҳияи Ляхш, дар шимолу ғарб – бо минтақаи Рашт, дар ғарб – бо н. Нуробод, дар ҷанубу ғарб – бо н. Ховалинги вилояти Хатлон, дар ҷануб – бо н. Дарвоз, дар дар шарқ – бо н. Ванҷ ва Мурғоб ҷойгир аст.

Харитаи н Сангвор
Харитаи ноҳияи Сангвор

Аҳоли Сангвор танҳо ба кишоварзӣ (боғдорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ) ва чорводорӣ машғул аст. Аз сабаби он, ки 99,9% қаламрави минтақаро кӯҳҳо ишғол мекунанд, ягон корхона ё фабрика (ба истилоҳи саноат) дар ноҳияи мазкур вуҷуд надорад.

ВИДЕОB САНГВОР

Яке аз ҷойҳои зебои ноҳияи Сангвор ин кӯли Кабуд дар ҳудуди деҳаи Пусун мебошад, ки ҳар сол ба он садҳо сайёҳон аз Аврупо ва дигар кишварҳо меоянд, инчунин шаршараҳои баланд дорад. Дар қаламрави минтақа инчунин зиёратгоҳи Ҳазрати Бурхи Сармати Вали Вахё мавҷуд аст, ки мавсуф 2000 сол пеш аз таваллуди Муҳаммад (CAB) зиндагӣ кардааст.

ХАРИТАИ САНГВОР АЗ КАЙҲОН

Яке аз шахсиятҳои маъруфи ин минтақа Зокир Вазиров буд. Соли 1993 ӯ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тотористон, сипас Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро роҳбарӣ мекард, муовини сарвазир ва ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Соли 2008 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд. Ӯ 2 сентябри соли 2012 даргузашт.

НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСӢ

Ном бо забони тоҷикӣ Ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара)
Роҳбари ноҳия Раис
Кишвар Тоҷикистон
Мақом Ноҳияи маъмурӣ
Дохил карда шудааст Ноҳияҳои тоъбеи ҷумҳур
Дар бар мегирад 4 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Маҳалаи Тавилдара
Санаи ташаккул 10 январи 1931сол
Забонҳои расмӣ Тоҷикӣ
Аҳолӣ (2020) 22 895
Таркиби миллӣ тоҷикон
Таркиби эътирофӣ Мусулмонони сунимазҳаб
Майдон 597 км²
Минтақаи вақт UTC+5
Ихтисор SA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.SA
Координатҳо 38.41.44 с.ш. 70.29.03 ю.д.
Этнохронизм Тавилдариҳо
Баландӣ аз сатҳи баҳр (ба андозаи) 1615 (маркази ноҳия). Куҳҳо то 4217
Рамзҳои почта 737450
Домени Интернет .tj
Рамзи рақами давлатӣ 08 ҶТ
Рамзи телефон (+992) 3156
Масоҳати умумии замин (га) 597 384
Замини обёришаванда (га) 2 522
Замини хушк (га) 594 862
Замини корам (га) 2 122
Боғҳо (га) 391
Токзорҳо (га) 0
Дарахтони тут (га) 5
Марғзорҳо (га) 101
Ситрусҳо (га) 0,0
Майдони ниҳолшинонӣ (га) 0,1
Партофташуда (га) 12
Чарогоҳҳо (га) 171 117
Биноҳо (га) 267
Хоҷагиҳои деҳқонӣ (навъи колхозҳо) 452
Сомона www.sangvor.tj

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …