НИЗОМӢ

Вай аз Ганҷа аст ва фазоилу камолоти вай равшан, эҳтиёҷ ба шарҳ надорад. Он қадар латоифу дақоиқу ҳақоиқ, ки дар китоби «Панҷ ганҷ» дарҷ кардааст, касро муяссар нест, балки мақдури 131 навъи башар нест. Ва берун аз он китоб аз вай шеър кам ривоят кардаанд ва ин ғазал аз суханони вай аст:

 

Ғаз а л

Ҷав ба ҷав меҳнати ман з-он рухи гандумгун аст,

Ки ҳама шаб рухи чун коҳам аз он пурхун аст.

Донаи гандуми ў сунбули тар дорад бор,

Камтарин хўшаи ў Сунбулаи 132 гардун аст.

Аз тарозуи ду зулфаш чу ҷаве мушк харам,

Гандуме хоҳам афзун, ки сухан мавзун аст.

Ман чу гандум шудаам аз ғами ў ба ду ним

В-ин ғам ўро ба яке ҷав, ки Низомӣ чун аст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …