Главная / Варзиш / «Нишони харакаткунанда»

«Нишони харакаткунанда»

Бозингарон дар масофаи дастхои кушода дар давра меистанд. Дар пеши онҳо хат кашида мешавад. Як ё ду нафар барандаи бозӣ интихоб мегардад, ки онҳо дар маркази давра меистанд.

Бозингарон тӯби волейболро партофта кӯшиш менамоянд, ки барандаҳои бозиро ба нишон гиранд. Баранда аз тӯб дар дохили давра истода худро ба канор мегирад. Касе, ки барандаро ба нишон гирифта тавонад, ба ҷойи вай ба давра медарояд. Бозӣ 5-7 дақиқа идома меёбад. Танҳо дар ҳолати ба бадан, даст, пойи баранда тӯбро расонидан хол дода мешавад. Ба cap расонидани тӯб ҳисоб намешавад. Ҳангоми партофтани тӯб аз хат гузаштан манъ аст (расми 42).

Расми 42
Расми 42

Агар бозингар аз хат гузарад (аққалан бо як пой), хол дода наме- шавад. Агар бозӣдар болои алаф гузарад ва шумораи бозингарон кам бошад, назди пойи онҳо хат кашидан лозим ҳам нест, вале қоидаи ҳангоми партофтани тӯб аз ҷой начунбиданро бояд хар яке аз онҳо риоя намояд. Агар бозӣ дар бинои тирезаҳояш шишапӯш ё худ дар роҳрав гузарад, бояд қоидаи танҳо ба пойи ҳариф расонидани тӯбро риоя кард. Расонидани тӯб ба узвҳои дигари бадан хисоб карда наме- шавад.

 

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …