Главная / Гуногун / Нигоҳи Меҳмон ба Духтар

Нигоҳи Меҳмон ба Духтар

Меҳмон тарбуз дар даст побанди хаёлоти гуногун то саҳни ҳавлии бозорча расид. Ба соаташ нигарист.

Ин лаҳза духтарак, гўё бол бароварда бошад, барқвор ба сўяш давид, азбас одаму олами атрофро фаромўш намуда буд. Бидуни истиҳола ба гардани меҳмон ҳалқа андохту овезон шуд ва ғарқи изтиробу сурури ботин ва ҳаяҷони чашмони бодомӣ бар лабонаш бўса зад, шодиангез хандид, боз бўсид ва пурсид:

– Чаро ин қадар дер омадед?

duxtari-labiobМеҳмон ҳаросону ҳайратзада меистод. Акнун касе бар онҳо таваҷҷўҳ зоҳир намекард. Бо вуҷуди ин дасту по хўрд, нафаҳмид, ки чӣ сон тарбузро афтонду он ду-се кафон шуд. Гўшти тарбуз мисли ранги  лолаарўсакҳои талу теппаи кўҳсорон ё гандумзорон суп-сурх баромад.

– Дар вақти таъиншуда расидам, – забон хоид ў ва нав Гуландомро шинохт. Духтари писари тағояшро қадрас ва мўю рухсорашро басо дилрабо, нигоҳашро пурнуру ҳассос ёфт. Ҳеҷ ба хотир оварда наметавонист, ки кай маротибаи охирин Гуландомро ёд карда буд.

– Аз он дафъа омаданатон, охири баҳор, расо як солу ду моҳу се ҳафтаву ду рўз гузашт. Хайр, имрўз ҳисоб не. Наход ба хонаи писари тағо…

Духтарак зоҳиран ба худ омада, бо назокати фиребо сар поин афканд. Меҳмон хост мўйҳои духтаракро бибўсад. Вале, ҷуръат накард.

Ў боз як тарбузи калон харид ва ба сўи хонаи писари тағояш, ки бист метр онсўтар воқест, қадам монд. Духтарак чун оҳубарра ҷастухезкунон гоҳ ба пешу гоҳ ҷониби ақиб нигариста-нигариста пеш-пеш мерафт…

Духтарак ҳабдаҳсола буд. Меҳмон ба чилусе даромадаву кайҳо зану фарзанд дошт.

Онҳо ба ошёнаи дуюм расиданд. Духтарак зангро пахш намуда равон фарёд зад, гўё мехост тамоми ҳамсоягон аз хушнудиву фараҳи дилаш огоҳӣ ёбанд.

– Модарҷон! Модарҷон! Шодиёна диҳед.  Умед-аком омаданд!

Ғайриинтизории духтарак дарро падараш боз кард. Хешбачаҳо ҳамдигарро гарм-гарм ба оғўш кашиданд…

Духтарак ҳарфе нагуфта вориди хона шуд. Модараш чун ҳарвақта меҳмонро бо табассуму меҳру эҳтиром пешвоз гирифт. Хоҳарчаву додараки Гуландом низ атрофаш давр заданд.

– Биёед. Ман ба дастатон об резам, – гуфт Гуландом.

– Не, айб мешавад, – розӣ нашуд меҳмон.

 – Ман худам, – гўён офтобаву чойникро аз дасти духтарак гирифт падар.

Гуландом як лаҳза маъюс монд. Модару меҳмон нигоҳашон ба ҳам бархўрду вазъи духтаракро якмаром эҳсос бинмуданд.

Духтарак чун парасту байни ошхонаву толор парвоз мекард, ба рўи дастархон ҳарчӣ меовард, дуздида-дуздида хеле устокорона сўи меҳмон менигарист. Фазои хона аз нигоҳи софу беғубораш дурахшон ва пуртароват мегашт.

– Агар шумо, модарҷон, шодии он ду писараки сари бозорро медидед, – гуфт Гуландом.

– Кадом ду писарак? – ба тааҷҷуб омада.

– Умедакоро ман хушрў истиқбол гирифтам. Ин кас аз хурсандӣ саросема тарбузашонро ғалтонданд. Тарбузи чорлахтро бачаҳо талош карданд.

– Ҳа-а, – маънидор гуфт модар.

– Ҳоло ба кисаи меҳмон ҷабр шуд гўй, – хандид падари духтарак.

– Гиред, Умедҷон, фатири равғанин, самбўсаи варақинро Гуландом махсус ба ифтихори шумо пухтагӣ.

Умедро чунин меҳрубонӣ, албатта, ботинан ниҳоят мамнун сохт.

Ҳангоми хайрухуш Гуландом ба меҳмон мактубчаеро «ба духтаратон диҳед, ҳатман ҷавоб нависад», гўён дод. Умед бепарво онро ба ҷайбаш андохт.

Вай дар роҳ сабру тоқатро гум намуд, хатчаро бароварда кушод. Рақами телефонро дид. Боз навиштааст, ки аз фалон то фалон соат бемалол метавонед занг занед. Мактубча бўи атр мекард. Атре, ки аз мўи шабгуни мавҷ-мавҷи Гуландом лаҳзаи бўса рабудан ба машомаш расида буд.

Моҳҳо аз байн гузашт. Умед духтаракро ҳарчанд зуд-зуд пазмон шавад ҳам ҳаргиз занг назад.

Ва боз як баҳори нозанин фаро омад. Рўзе дар ҳуҷраи кориаш садои телефон баланд шуд.

– Алло! – занги ғайриоддӣ буданашро эҳсос карда гуфт Умед.

– Ин ман!

– Кӣ? Гуландом? Ҷон…

– Хушбахтам, ки ақаллан овозамро шинохтед.

– Ман…

– Ман ҳамеша занги шуморо интизор менишастам.

– Ман…

– Ҳеҷ зарурат надорад акнун.

– Чаро?

– Ман шуморо ба тўи арўсиам даъват мекунам. Шанбеи оянда…

Умед эҳсос кард, ки духтарак аз ашк гулўгир монд.

– Гуландом… ман…

Фавран рафту ба хотири мабодо ба самолёт билет харид. Ба худ қавл дод, ки дунё чаппагардон шавад ҳам, ҳатман ба тўи духтарак меравад. Вай худашро гунаҳкор эҳсос намуд. Гунаҳкор шояд аз он ки хеле барвақт таваллуд шудааст.

Аз самолёт фаромаду ронандаи таксиро хоҳиш намуд, ки шитоб дораду зудтар ҳаракат кунанд. Майдонҳои сердарахти ду тарафи роҳро саросар гулпўш дид. Аммо хаёлу нигоҳаш маҳзун мерафт. Ба сабади гулҳои садбарги арғувонӣ нигарист. Чун дар филмҳои ҳиндӣ чеҳраи Гуландомро пеши назар овард…

Дар поёни хонаи духтарак ёру дўстон, авлодони гуногунсол, мошинҳои оро додашударо дид. Аз чӣ бошад, ки зери лаб «худоро шукр!» гуфт. Саросема бо ҳар кас пурсупос карду сўи боло шитофт.

Модари духтарак ўро дида аз хушнудӣ ба ваҷд омад. Падараш «хайрият, расида омадӣ», гўён изҳори сипос намуд.

– Одатан, шумо биёед, маъракаҳоямон рангу назокати дигар мегиранд, уко, – гуфт модараш.

– Ман миннатдор, ки миёни аҳлу авлод, ҳаққу ҳамсоя обрўямро бардоштӣ, – илова кард падараш. – Гуландом сараш ба осмон мерасад.

– Ин тўҳфаҳо ба шумоён, агар иҷозат бошад, гулро ба арўс тақдим кунам.

– Гуландом шуморо интизор, ҳамин замон домод ҳам меояд, – бо нигоҳи дурахшону қаноатмандӣ зикр намуд модараш.

Умед ба хонаи дарун ворид шуд. Дар мобайн пироҳани нозуки арўсӣ ба бар Гуландоми моҳрух рост меистод. Сабади гулҳоро пеши пояш гузошт. Ҷуръат карда, вақте духтарак даст дароз намуд, он дасти маҳину аз ҳаяҷон ларзонро бўсид.

– Муборак шавад! Аз таҳти дил мехоҳам, ки хушбахт бошӣ!

Беихтиёр дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Сигарета баровард, бўй кашид, лаҳзае байни ангуштон бозӣ доронд.

– Ҳама арўсон зебоянд, вале ту дилрабои дилрабоёнӣ…

Духтарак табассум кард.

– Хушбахтона, фолам дуруст, табъи дилам баромад. Ташаккур!

Ва ангушт ба лаб бурду ишораи «хомўш бош!»-ро нишон дод.

– Ман дар поён меистам.

Дарро теле дод. Ақиби он чун посбон модари духтарак хушнуд меистод. Дугонаҳояш боз назди Гуландом шитофтанд.

Онҳо танҳо монданд.

– Медонед, – гуфт модараш, – Гуландом чунин фол кушода буд. Бисёр мехост, ки ўро дар либоси арўсӣ пеш аз домод маҳз шумо бинед. Он гоҳ бовар дорад ў, саодати зиндагӣ ба вай ёр мешавад. Духтараки соддаву нодон.

– Не, ин тавр не, табиат ба Гуландом латофату фаросатро арзонӣ доштааст. Духтаратон аз зумраи одамони камназир аст. Бовар кунед.

– Шояд, ба ҳар ҳол аз ишқ бенасиб нест, хушбахт аст, – андешаманд розӣ шуд зан.

– Эҳтимол, маро дар берун ягон кас интизор аст. Баъд хеле ҳам сигирета чокидан мехоҳам.

Онҳо аз як нигаҳ ҳамдигарро хуб мефаҳмиданд.

Рўи ҳавлӣ ҳамроҳи дигар меҳмонон домоду ҷўраҳояшро пешвоз гирифт. Вай як ҷавони хушқаду қомат, тозаву озода ва муносиби Гуландом буд.

Вақте онҳо зери ҳавои мусиқии сурнаю доира поин фаромаданд, акнун чеҳраи Гуландом дигаргун буд. Духтарак як лаҳза ҳаросон тофт, аммо ҷуста-ҷуста ниҳоят Умедро ёфт. Ва дигар ноаён, хушо, ки сарпардаи ҳарир ба ин имкон медод, нигоҳи якдигарро аз ҳам гурезонида наметавонистанд. Ҳатто мошин ба пеш раҳсипор шуду рўи духтарак ба ақиб буд. Аз байни дуди сигарета ҳам Умед чашмони шаҳлою имдодхоҳи арўсро дида тавонист.

Хомўшию таҳаммули духтарак қудрати тарконидани вақту фазоро дошт, зеро бо ишқи нахустинаш видоъ мегуфт, зеро медонист, ки то дами вопасин ин рўзро фаромўш намекунад …

июни 2005

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …