Главная / Маданият ва санъат / Некбахт ва бадбахт

Некбахт ва бадбахт

Некбахт ва бадбахт

Овардаанд, ки ёздаҳ хислат бар ҳар кӣ бошад, нишонаи некбахтии ӯст:

Аввал, кори дунёро саҳл гирифта ба кори охират кӯшиш дошта бошад.

Дувум, ҳиммати худро ба ибодат ва тиловати Куръон сарф кунад.

Сеюм, суханро ба қадри зарурат гӯяд.

Чаҳорум, панҷ вақт намозро дар вақти худ адо кунад.

Панҷум, худро аз ҳаром ва шубҳа нигоҳ дорад.

Шашум, ҳамеша бо мардони олим ва солеҳ сӯҳбат намояд.

Ҳафтум, мутавозиъ бошад ва кибр накунад.

Ҳаштум, сахӣ ва карим бошад.

Нуҳум, раҳмдил бошад, ба халқи худо.

Даҳум, манфиатрасон бошад ба халқ.

Ёздаҳум, зикри маргро бисёр кунад.

Овардаанд, ки аломати шақоват (бадбахтӣ) низ ёздаҳ аст:

Аввал, ба ҷамъ кардани мол ҳарис бошад.

Дувум, дар зиннат ва лаззати дунё машғул гардад.

Сеюм, сухани беҳуда бисёр гӯяд ва ғайбати бародари мусулмонро кунад.

Чаҳорум, дар намозҳои панҷвакта сустӣ ва коҳилӣ намояд.

Панҷум, ба сӯҳбати бадон бисёртар рағбат кунад.

Шашум, бандагони Худоро зарар расонад.

Ҳафтум, мутакаббир ва саркаш, яъне нофармон бошад.

Ҳашгум, шахсе ба бандаи мӯъмин ёрӣ расонад, ӯ манъ кунад.

Нуҳум, бар мусулмонон раҳм накунад.

Даҳум, бахил бошад.

Ёздаҳум, маргро фаромӯш карда бошад.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки рӯзи қиёмат ҳамаи кӯдакони ба балоғат норасидаи мусулмонон, ки аз дунё гузаштаанд, дар маҳшар ҷамъ гарданд. Аллоҳ таъоло амр кунад, ки, эй Ҷабраил, атфоли муслиминро дохили ҷаннат  гардон.

Ҷабраил алайҳиссалом бо амри Аллоҳ таъоло ҳамаи тифлаконро бар дари биҳишт оварда гӯяд, ки дароед дар биҳишт.

Тифлон гӯянд, ки падару модари моён куҷост?

Фариштагон гӯянд, ки падару модари шумоён ба роҳи нафсу шайтон рафта ибодати Парвардигори худро накарда, амри ӯро ба ҷо наоварда, гирифтори дӯзах шудаанд.

Тифлон ин суханро шунида фарёд ва гиря карда, гӯянд, ки аз моён муносиб нест, ки бе падару модари худ дохили биҳишт гардем. Аз Аллоҳ таъоло умед мекунем, ки гуноҳи падару модари моёнро бахшида, ҳамроҳи моён дохили ҷаннат гардонад. Ва агар падару модари моро набахшад, мо бо ҳамроҳии падару модари худ ба дӯзах меравем.

Аз Аллоҳ таъоло нидо ояд, ки, эй Ҷабраил, ба дӯзах рафта падару модари тифлонро оварда, ба тифлон супор, ки ба шафоати тифлон гуноҳи онҳоро афв ва мағфират кардам.

Кӯдакон ин суханро шунида хурсандона аз дасти падару модар дошта, дохили биҳишт гарданд ва падару модари худро аз Ҳавзи Кавсар сероб гардонанд.

Илоҳо, ҳамаи бандаи мӯъмин ва мӯъминотро аз саъодати дунё ва охират насибу рӯзӣ гардонида, аз шақовати ҳар ду ҷаҳон дар ҳифзу амони худ нигоҳ дорӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …