Далели дучори зарба гаштани ақидаҳои бо роҳи абиогенӣ пайдо шудани полимерҳо, кам будани миқдор ва норасоии энергия барои ғализшавии мономерҳо дар маҳлулҳои равонтар мебошад. Дар ҳақиқат, аз рўи баъзе далелҳо, консентратсияи молекулаҳои органикӣ дар «шўрбои нахустин» қариб 1%-ро ташкил медод.
Ин миқдор молекулаҳои органикӣ бинобар кам ва тасодуфӣ будани алоқаи байни моле кулаҳои гуногуни барои конденсатсияи модда зарур, наметавонист «ба зудӣ» ҳосилшавии протобиополимерҳоро таъмин созад, мисли оне ки дар Замин аз рўи ақидаи баъзе олимон ҷой дошт. Яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи мазкур бартараф кардани ақидаи норасоии миқдори молекулаҳои орга-
никӣ дар «шўрбои аввалин» буд, ки онро физики англис Ҷ.Бернал пешниҳод кардааст. Ў чунин мешуморид, ки бо роҳи ҷаббиш сершавии маҳлулҳои равон дар обҳои ширин ё таҳшинҳои бисёр тунуки «лойқа» ба амал меоянд.
Дар натиҷаи таъсири тарафайни моддаҳо дар раванди ҷаббиш баъзе бандҳои моддаҳои химиявӣ суст шуда, ин боиси вайрон гаштани баъзе пайвастагиҳои химиявӣ ва ба вуҷуд омадани пайвастагиҳои дигар хоҳад шуд.