Главная / Гуногун / НАЗАРЕ БА ҲАҶВИ ИМРЎЗ (Мақола)

НАЗАРЕ БА ҲАҶВИ ИМРЎЗ (Мақола)

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рўҳияи созандагию бунёдкориро ба миён овард. Дарвоқеъ мамлакати мо дар муддати кўтоҳи таърихи понздаҳ сол дар аксар ҷабҳаҳо ба муваффақияти назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин ҷомеа имрўз пур аз мушкилоту монеаҳо ва падидаҳои номатлуби ахлоқӣ аст. Пўшида нест, ки ин ҳама ба пояи на танҳо иқтиосодиёт, балки фарҳангу маънавиёт ҳам латма мезанад. Аз ин рў адибон, қабл аз ҳама ҳаҷвнигорон, бояд ин дардҳо, нуқсонҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиро ошкор карда, ҷомеаро ба ислоҳу дармони онҳо раҳнамун созанд.

unnamedАз тарафи дигар имрўз як идда одамгариро аз даст додаанд. Қисмати зиёди мардум безавқу бетафовут шудаанд. Инсофу адолат кам шуда, бухлу кина меафзояд. Мушкилоти рўзгори мардум зиёд асту бештар чеҳраи тира доранд. Имрўз ҷорўби замона табассуми ширину чеҳраи кушодаи нурониро аз симои одамон руфта партофтааст. Ин ҳақиқати зиндагист ва аз он ҷои гурез нест. Ва танҳо ҳаҷв метавонад рўҳи хастаи моро ба зиндагонӣ ҳамсоз гардонад. Ҳақиқатро аз ҳама гуна кароҳатҳо боло бардорад.

Бале, ҳаҷв беҳтарин давои бисёр дардҳост!

Абдулҳамиди Самад менависад: ”Агар Худованд дар баробари пасту баланд ва шикасту рехти зиндагӣ, барору нобарорӣ ва ғаму андўҳи замон ба инсон ҳисси зарофат ва ҳаҷву мутоибаро арзон намебахшид, шояд умри ҳама даҳчанд кўтоҳ мегашт… Ҳаҷву мутоибаи нозук ҷароҳатҳои зиндагиро чун табиби ҳозиқ шифо мебахшад ва нуқсону каҷиҳои инсонро чун дар оина нишон медиҳад”.

Воқеан ҳам ғамро ханда мекушад, беҳуда Волтер нагуфта: “Механдам, то намирам”. “Як сухани хуш ба ман ду моҳ нерў мебахшад” – гуфта буд адиби бузург Марк Твен. Ба қавли олиме «Хандаю табассум – ин даре аст, ки аз он ба мо тамоми некиҳои одами ворид мегардад». Дарозумртарин зани дунё Жанни Калме дарозумрии худро дар ҳисси зарофат донистааст. Ва гуфтааст, ки «Ман хандида мемурам». Бале, ҳаҷв пир шудан намемонад.

Абдурауф Муродӣ мегўяд: “Вазнинтарин силоҳ барои ман камони абрўи занам аст”.

Устод Боқӣ Раҳимзода суруда буд:

   “Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кардам,

   Қамарро зери поят мегузорам, як табассум кун”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ҳамеша даъват ба миён меоранд, ки нависандагон беҳтарин анъанаҳои адабиёти классикиро ривоҷ диҳанд, ҳамнафаси халқ ва ҳамқадами замон бошанд.

Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки ҳаҷвнигорон заҳри ҳаёт чашида, ин бори гаронро бо меҳру садоқати ватанпарастӣ ба манзили мурод мебаранд. Ин аст, ки ҳаҷв ҳам дар робита бо ҳаёти ҷомеа равнақу ривоҷ меёбад. Чунонки устод Атахон Сайфуллоев менависад: “Ҳаҷву мутоиба аз ҳикоя то қиссаву роман дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хусусиятҳои тозаи ғоявию бадеӣ ва сифатҳои эстетикии насри тоҷикиро ба зуҳур оварданд”.

Аслан ҳаҷву мутоиба ва ҳазлу шўхӣ падидаҳои ҳаёти маънавии халқи тоҷик мебошанд. Дар Тоҷикистон ноҳия, деҳа ва гузару маҳалҳоест, ки мардумонашон бо шакарбаёнӣ, ҳозирҷавобӣ ва ҳаҷву танзсароӣ маъруфанд. Масалан, дар Бадахшон – дарвозиҳо, дар Хатлон – ховалингиҳо, дар Вахш – ёвониҳо… Ҳамчунин мардуми деҳаҳои Рўмон – дар Хуҷанд, Роғ – дар Масчоҳ, Кум – дар Айнӣ, Даҳана – дар Ёвон ва Кадучӣ – дар восеъ бо ҳамсўҳбати худ безарофат ва шўхӣ ҳарф намезананд.

Чунонки нависанда Саидаҳмади Зардон дар мақолааш мегўяд, ҳаҷвнависони тоҷик кироӣ афзуда ва ородиҳи саҳифоти рўзномаву маҷаллаҳо шудаанд.

Бале, кироӣ афзуда!

Ман ҳисоб кардам, зиёда аз сӣ нафар.

Ҳикмати халқӣ ба ёд меояд: “Нони гандум ҳама ҷо, пазандааш ҷо-ҷо”. Ва Бурҳон Ғанӣ дуруст навишта: “Мутаассифона, баъзе беистеъдодҳо ба хотири он ҳаҷв менависанд, ки то мардуми диёрашон “аз деҳаи мо ҳам ҳаҷвгўй мебаромадааст” гуфта, ифтихор кунанд”.

“Истеъдоди ҳаҷвнависӣ нодир аст” навишта буд Бурҳон Ғанӣ ва Аслам Адҳам таъкид карда: “Ҳаҷвгўӣ аз шеъргўӣ кам нест, шеъргўӣ бо ташбеҳу истиораи тарзу тоза”.

Мутаассифона, дар қисме аз онҳо ҳамон дарди кўҳнаи суханбозӣ, беҳудагўӣ, лақаббофӣ бештар тассаллут дорад ва ин дард бедаво шудааст. Аммо дар баробари ин, дар ин самт чунин адибонро ба монанди Мирзо Файзалӣ, Басир расо, Маҳмадалишо Ҳайдаршо, Абдусатори Раҳмон, Гурез Сафар, Саидаҳмади Зардон, Ҳакималӣ Назаралӣ, Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ, Имомиддин Раҳимӣ, Карим Давлат, Абдурауф Муродӣ, Наҷмиддини Шоҳинбод, Ҳикмат Неъмат, Додохон Эгамзод, Имомназар Холназар, Бахтиёри Чумъа, Саидаҳмади Ҳасан, Ғафоралӣ Сафар, Сафо Ҳалимиро ном бурдан мумкин аст, ки тамоми эҷодиёти худро ба таҳқиқи бадеии воқеаҳои номатлуби ҷомеа бахшида, асарҳои хубу хонданӣ эҷод кардаанд.

Онҳо бо навиштаҳои худ собит сохтанд, ки дар ҷодаи ҳаҷв каси тасодуфӣ нестанд. Сабки баёну ҳусни тасвир рангу ҷилои махсус дорад. Аз ин рў, ҳикояҳо соддаю возеҳ ва равону дилчасп мебошанд. Зиёда аз ин аз чакидаҳои қалами онҳо таровати ҳозирҷавобӣ ва хушгўиҳои мардум ба машом мерасад.

Ба қавли устод Ўрун Кўҳзод Наҷмиддини Шоҳинбодро “исту бисташ” ҳаҷв аст. Маҷмўаи нахустинаш бо унвони “Шохи гург” соли 1998 пешкаши мутолеон гардида буд. Аз ҳикояҳои ў симои рўшани рўҳонӣ, ҳассосияти ҳаҷву танз, хоса сабкҳои нигорандагӣ, таъбиру ибораҳои нарму равон рўи назар меоянд. Яке аз беҳтарин ҳикоя ў “Ҳайкали кампир” мебошад, ки дар он фош гардидани нуқсонҳои ҷомеа бо рўҳи нав сурат мегирад.

Ҳамин гуна рўҳияи пеш овардани сухани нав, ҷавҳари бадеӣ – образҳои хотирмон, ба асарҳои Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ  низ хос аст. Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ инсоне буд, ки ахлоқи ҳамида дошт, фурўтан ва шикастанафас буд.

Ҷиҳатҳои мусбати танзу мутоибаи Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро устод Атахон Сайфуллоев чунин ба қалам додааст: “…сабки рўшан ва хандаовари ҳаҷвӣ доранд. Забони китобӣ бо забони халқӣ омехта, намаки ҳаҷвиёташро расо кардааст, тири нависанда ба нишон мерасад”.

Бале, ҳаҷви ў хеле рангоранг ва зарофати хос дошт. Ва зиндагиаш ҳам аз шўру шавқи хоссе оганда буд. Вай дар мавзеъи пур аз фарозу нишеби ҳаҷв пайроҳаи нав кушод ва тавассути он рў ба қуллаи мурод овард. Сад афсўс ки нерўи ҳаводис рўҳи саркашу беороми ўро аз ҷўш боздошт. Ва имрўз ибораи “аз олам гузашт” ба ў нисбати маҷозӣ дорад. Зеро Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ аз худ ёд ва ёдгори накў гузоштааст. Инсоф он аст, ки ҳарчӣ тезтар куллиёти ў чоп шавад. Аввалан, бе шак, ҳар як хонанда барои худ бисёр чизҳои судманд ва нуқтаҳои пандомўз хоҳад ёфт. Сониян, ба ҷавонон манбаи илҳом ва нерўи завқ мегардад.

Се ҳаҷвнигор – Ҳакималӣ Назаралӣ аз ноҳияи Ҳисор, Ғафоралии Сафар аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Саидаҳмади Ҳасан аз ноҳияи Ҷиликул диққати маро ба худ ҷалб мекунанд. Ва гуфтаи устод Атахон Сайфуллоев ба ёд меояд: “Таҷрибаи ҳаётии нависанда дар роҳи тадқиқу таҳлил ва ҷамъбастҳои бадеии воқеият аҳамияти хоса дорад”. Агар устоди ғамхоре чун устод Боқӣ Раҳимзода мебуд, ки онҳоро ба пойтахт меовард, аз ин ҳаҷви тоҷик танҳо бурд мекард.

Мегўянд, ки матбуот чашми рўзу мазраи умед ва ҳамдаму ҳамнафаси мост. Ҳаққо, ки рост аст ва касе ба ин шубҳа надорад. Воқеан ҳам аксари пурсишҳои печидаву баҳсталаб дар ниҳояти кор посухи ҳаққониву саривақтии худро танҳо дар матбуот пайдо мекунад. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки матбуот ба зуҳури ягон воқеа, хоҳ он мусбат бошад хоҳ манфӣ, хоҳ бузург бошаду хоҳ кўчак бетаваҷҷўҳ нест. Фақат бо таассуф гуфтан мумкин аст, ки дар матбуоти мо ҳаҷв гоҳ-гоҳе чоп мешаванд.

Умуман дар Тоҷикистон вуҷуд доштани матбуоти ҳаҷвӣ бебаҳс аст. Солҳои бистум бо номи “Мулло Мушфиқӣ” маҷаллаи ҳаҷвӣ мебаромад.  Маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” хеле солҳо чоп шуд ва хеле обрўи калон дошт. Ҳоло ин маҷалла бо кўшишҳои Басир Расо аз нав эҳё гардид.

Соли 1998 ҳаҷвнигори шинохта Додохони Эгамзод газетаи ҳаҷвии “Лаку пак”-ро таъсис дод. Ба ин тифли навзоди матбуоти тоҷик пири кор, академик Раҷаб Амонов, Нависандаҳои халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод ва Абдулҳамид Самад фотиҳа дода, роҳи сафед орзу карданд. Вале “Лаку пак” хонандаи сершумор наёфт ва чанде пас барҳам хўрд. Соли 2004 бошад Умед Сатторов ҳафтаномаи  ҳаҷвию фараҳангези “Мушфиқӣ”-ро таъсис дод. Мутаассифона ин тифли навзод ҳам машҳур нагашт, адади нашри он аз 500 нусха боло нахест ва хароҷоти худро пўшонда натавонист. Он гоҳ муассиси он маҷбур шуд, ки дар он 16 барномаи телевизионӣ ва сканворду муаммоҳоро ҷой диҳад. Ба ин васила адади нашри он ба 1200 нусха расид.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” саҳифаи “Хандарез”, “Омўзгор” – “Нэшханде, нўшханде”, “Нақлиёт” – “Хандоханд” доранд, ки ҳар моҳ мунтазам чоп мешавад.

Ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” саҳифаи махсуси ҳаҷвии “Мушфиқӣ”-ро нашр мекунад. Аслам Адҳам иқрор шуда: “Ман ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”-ро гирифта, аз аввал сарлавҳахонӣ мекунаму ба саҳифаи охирин “Мушфиқӣ”, расида қироатро сар мекунам. Зеро ин саҳифа қайроқест барои тезкунии теғи ҳавсала. Ростӣ ҳам, ин сабки ниҳоят дилхушипарвар аст. Кам мехониву бисёр меандешӣ”. Бояд иқрор шуд, ки имрўз ин саҳифа хеле суст мебарояд.

Агар гўем, ки рўзномаҳои “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” соле як бор – 1 апрел – Рўзи ханда ҳаҷв чоп мекунанд, хато намекунем.

Дигар ҳама ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои хусусӣ латифаҳои хориҷиро чоп мекунанд. Чанд намуна меорем:

“Встречаются две подруги:

– Как ты можешь так изменять своему мужу?

– Как все. А что, ты знаешь другой способ?

*       *       *

Муж приходит с работы уставший и голодный.

– Жена, дай пожрать чего-нибудь!

– А где волшебное слово?

– Бегом, твою мать!

*       *       *

Беседуют две спетницы:

– А почему они разошлись?

– Никто не знает!

– Какой ужас!

*       *       *

Мужчина и женщина познакомились в купе:

– А моя, наверное, сейчас изменяет, раз меня нет дома.

– А мой, наверное, тоже.

– Давай отомстим.

– Давай.

– Отомстим еще разок?

– Угу…

– А сейчас мы будем мстить, мстить и мстить!

– Не-е-е-т! Я не такой мстительный”.

Чунин латифаҳо, ки ба урфу одат ва фарҳанги мо бегона мебошанд, аз шумора ба шумора такрор меёбанд.

Ё ин ки 1 апрели соли ҷорӣ аз шабакаҳои аввали телевизиони Тоҷикистон ва “Сафина” ба муносибати рўзи ханда барномаҳое пахш шуданд, ки мардуми соҳибзавқро асабониву нороҳат сохтанд. Ҳазлу ханда бояд беозору рўҳбахш, ҳадафу мақсадеро чун бори маънӣ дар худ бикашад. Аммо, мутаассифона, дар аксар саҳнаҳои барномаҳои фавқуззикр, ки дар толорҳои ба номи Мавлоно Ҷомӣ ва Филармонияи давлатӣ иҷро шуданд, таҳқир ва алфози қабеҳу хароб ба гўш мерасиданд. Ин гуна ҳаҷв ба ҷуз нафрату малол ҳосиле нахоҳад дод. Чунонки мебинем нашрияҳои хусусӣ ва телевизионҳои давлатӣ дар интихоби латифаҳо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ саҳлангорӣ мекунанд. Ин чиз боиси таассуфи зиёд аст. Вале чӣ илоҷ, ки вазъи воқеӣ чунин мебошад. Дар ин бора на як бору ду бор навиштаанд. Вале аҳвол имрўз ҳамон аст, ки буд. Онҳо набояд фаромўш кунанд, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад.

Орзумандем, ки ҳар шумораи маҷаллаю ҳафтаномаҳо ва телевизионҳои давлатӣ аз ҳаҷвияҳову саҳнаҳои ҳаҷвии гаронбори пурмазмун ва сермурчу қаламфур саршор бошанд.

Дар понздаҳ соли истиқлолият 33 китоби ҳаҷв аз чоп баромад, ки номгўи умумии онҳо чунин аст: Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ – “Каҷ дору марез”, “Зинда будан кам аст!”, “Дасти ману домани шумо”, “Арўс аз Тошканд”, “Дарро задам, девор кафид”; Саидҷаъфар Сафархўҷа “Нешханд”; Имомиддин Раҳимӣ “Одам – шири хомхўрда”; Искандари Мирзо “Мухлис набудам”; Муҳаммад Субҳон “Марди латтапайванд”; Додохон Эгамов “1001 ханда”; Саидаҳмади Зардон “Зинда бод дурўғ”; Бахтиёри Ҷумъа “Гап байни худамон монад”; Неъмати Бобоҷон “Кўчахандонак”; Гурез Сафар – “Ариза ба номи янга”, “Ҷавобак”, “Чашми сиёҳта садқа”, “Аз дидаву шунида”, “Лутфи Ашўр Сафар”; Шералӣ Мўсо “Дурбин”; Ҳакималӣ Назаралӣ “Кўза шикаст”; Мирзо Файзалӣ – “Кайф аз самак то бар само”; Бурҳон Ғанӣ ва Мирзо Файзалӣ “Ба шумо дурўғу ба Худо рост”; Холмурод Шарифов “Алтернатув”; Бобоҷони Икром “Шаҳри ханда”; Карим Давлат “Як лаҳза нахандед”; Музаффар Неъматзода “Гапҳои қоғазпеч”; Абдураҳмон Расулӣ “Мурад камбағалӣ”; Саидаҳмади Ҳасан “Хурўсчўҷаҳо”; Сафо Ҳалимӣ – “Бандаи ношукр”, “Маро мешунавед, хонумҳо?”, “Ҳикоёти латиф”; Абдурауф Муродӣ “Анори дона-дона”; Александр Зиборов “Симпозиум смеходелов”.

Ҳангоми мутолиаи китобҳо мо бо тоифаи корчаллону муфтхўрон, ҳаннотону дасисабозон, қаллобону ҷаллобон ва косалесону мансабдорон дучор мешавем. Онҳо дар сояи “тағо”-ҳои худ фароғат карда, қоидаю қонуни ҷамъиятро помол мекунанд, дар ҷамъият танҳо барои манфиати шаъхсии худ зиндагӣ ба сар мебаранд. Адибон аз рўи ин ашхоси ба ҷамъияти мо бегона ниқоб канда, симои манфурашонро намоён мекунанд.

Ҳикояву ҳаҷвияҳо ба андешаҳои тоза доири рўзгор ва моҳияти он диққати хонандаро ҷалб мекунад. Ва бешубҳа ба хонанда ғизои хуби маънавӣ мебахшанд.

Аммо ногуфта намонад, ки аз мутолиаи як идда ҳикояву ҳаҷвияҳо хулоса метавон баровард, ки онҳо дар шуур, рўҳия ва қалби хонанда ҳеҷ таъсире намегузорад. Чаро? Пеш аз ҳама бояд гуфт, қисме аз ҳиҷвияҳо хом ва беобу ранганд. Баъзе ҳикояҳо дар қолибҳои кўҳна навишта шудаанд. Ҳоло даври истиқлол аст. Бисёр мафҳумҳо дигар шудаанд, хонандагон низ дигар шудаанд. Аз ин рў ин суханони устод Мирзо Турсунзода то имрўз аҳамияти худро гум накардааст: “Адибони ҷавони мо соҳибмаълумот, сермутоилиа ва пурдонанд. Аммо лозим меояд, бори дигар такрор намоем, ки ҳатто ҷавонони болаёқат ҳаёти имрўзаро хуб намедонанд, ба проблемаҳои мураккаб бо душворӣ сарфаҳм мераванд”.

Дар масъалаи сюжет, банду баст ва бадеият нисбат ба худ серталабӣ зоҳир нашудааст. Баъзе ҳикояҳо сару нўк надорад. Дар он қонунҳои ҳикоянависӣ риоя нашудаанд. Камбудии қисме аз ҳикояҳо такрори мавзўъ, якрангии ҳалли онҳост. Ҳанўз соли 1966 устод Фазлиддин  Муҳаммадиев навишта буд: “Имрўз вазифаи адибро ҳамин тариқа мефаҳманд, ки агар ў мавзўеро бо материали ҳатман тару тоза ба тарзи нав ҳал карда натавонад, аз такрор кардани чизҳои обшуста бояд худдорӣ кунад”.

Камбудии дигар, ки ба мушоҳида мерасад, норавонии сухан мебошад. Дар сухану гуфтори адибон ва қаҳрамонони асарҳо хеле носуфтагию ноҳамвориҳо ба назар мерасанд. Гоҳ-гоҳе суханҳои дағалу шевагӣ ва кўчагӣ дида мешавад, ки ба гўш ноошно ва ба ҳуш нораво мерасанд.

Бешубҳа ҳаҷвнигорони мо лаёқатнок ҳастанд, аммо наметавон гуфт, ки ба пояе расидаанд, ки ба маслиҳати рафиқона эҳтиёҷ надошта бошанд. Аз ҳамин лиҳоз хуб мешуд, агар Иттифоқи нависандаҳо муҳокимаи ҷиддитари якчанд асарҳои ҳаҷвиро ташкил мекард.

Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон домани ҳаҷвро густариш дод ва имконият фароҳам овард, ки ҳаҷвнигорони тоҷик ба жанрҳои калон муроҷиат намоянд. Ва хушбахтона дар солҳои охир адибони ҳаҷвнигор ба офаридани асарҳои калонтар ноил гаштанд. Дар адабиёти муосири тоҷикӣ эҷод шудани қиссаҳои ҳаҷвӣ воқеаи нав аст. Аввалин қисса – “Марги судхўр” (1938)-ро устод Садриддин Айнӣ офарида буд. Сипас қиссаи “Дар он дунё” (1965)-ро дар ин ҷода устод Фазлиддин Муҳаммадиев офарид. Аз ин рў пайдоиши асарҳои калони ҳаҷвӣ бе собиқа нест. Бо вуҷуди ин ба чоп расидани романи “Ҳайҷо”-и Ўрун Кўҳзод, қиссаи ”Ҳавас ва орзу”-и Ҳакималӣ Назаралӣ, қиссаҳои “Гаҳворабахш” ва “Муҳаббати думбурида”-и Додохон Эгамов, қиссаҳои “Дунёи сохта” ва “Раиси масхарабозон”-и Саидаҳмади Зардон, қиссаи “Чашми рашк”-и Бахтиёри Ҷумъа, қиссаҳои “Саргузашти ҷангии Гадомамад” ва “Устод Ширин-бобо ва чиҳил шогирд”-и Наҷмиддин Шоҳинбод падидаи тозаест дар насри тоҷик.

Нўҳ асари калони ҳаҷвӣ!

Кам аст ё зиёд?

Ба фикрам бад нест!

Ҳамаи ин шаҳодати медиҳад, ки дар ин давра дар ҳаёти адабии мо як ҷўшу хурўш ва болоравии эҷодӣ ба назар мерасид. Вале бояд иқрор шуд, ки ҳамаи ин асарҳо аз ҷиҳати маҳорат ва қимати ғоявию эстетикии худ дар як поя намеистанд. Бо вуҷуди ин асарҳо пурзарофату хотирнишинанд, равон ва шавқовар таълиф ёфтаанд, бо шавқ хонда мешаванд ва ба кас ҳаловат мебахшанд.

Қиссаҳо дорои як хати сюжет буда, образи қаҳрамонҳо қолабӣ нестанд. Онҳо аз рўи нақша офарида нашудаанд. Масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ба миён гузошта шудааст. Адибон ба ҳаёт бо назари танқид менигаранд, кўтоҳиҳои табиати инсон, норасиҳои сиришти ўро мазаммат мекунанд, моро дар сари мафҳуму моҳияти зиндагӣ ба фикр кардан водор менамоянд.

Дар қиссаи “Ҳавас ва орзу” симои манфури зани ҷаллоб ва марди феодал – писари ў Исмоил офарида шудааст. Фалсафаи ин марди феодалро чунин ба қалам медиҳад: “Ман зебу зинати ин хонадон ҳастам! “Ҳа”-и ман “ҳа-ю “не”-и ман “не” бояд бошад, тамом – вассалом!”

Исмоил пулро дар ҷои аввал мегузорад ва ин аст, ки ба ҳамсараш таъкид мекунад:

        “Бе пул суханат асар самар надорад,

        Ё оҳи дилат асар надорад!

Пул бошад, дилёбӣ осон. Пул катӣ садта ту баринҳоя дилаша меёбам. Ҳа! Чӣ сурху сафед мешӣ?! Агар ман пул намедоштам, омада ба бағалам медаромадӣ?”.

Дар қиссаи “Устод Ширин-бобо ва чиҳил шогирд” Наҷмиддин Шоҳинбод ҳаёти Ширин Бунёдро бо ҳиссиёти баланд ва ҳаяҷони афзун ба торҳои зарофат ба тасвир овардааст. Қисса хеле аҷиб оғоз меёбад: “Устодон басе зиёд шудаанд. Шогирдҳо низ шумора надоранд. Калимаи болохонадори муқаддаси “устод” чунон серистеъмол гардид, ки вақтҳои охир шофёри КАМАЗ-и ҳамсояи мо низ, ки аз синфи сеюм ба истеҳсолот рафта буд, сазовори номи “устод” гардид. Ва алами кас меояд, ки дар баробари аллома Абуабдулло Рўдакӣ Қарчабои арақнўшро низ устод ном баранд”.

Дар қисса оиди истеъдод нақли аҷибе оварда шудааст: “Ҳазрати Исо-пайғамбар дар ҷангали бузург роҳ гум мекунад. Ҷангалбони пир ҳазрати Исоро обу нон дода гусел мекунад. Дар бозгашт ҳазрати Исо ба назди ҷангалбон меояд ва дар ивази некиҳо ба ҷангалбон имдод пешкаш мекунад.

Ҷангалбон бепарвоёна мегўяд:

– Мушкилоти маро ғайр аз ҳазрати Исо касе ҳал намекунад.

– Кўшиш ними илоҷ аст, – мегўяд ҳазрати Исо.

– Чанд сол боз ин дарё ҷангалзорро рўфта мебарад. Фақат қудрати худовандӣ метавонад маҷрояшро тағйир диҳад.

Дар ин асно, бо садои ваҳшатангез дарё ба самти дигар ҷорӣ мегардад.

– Боз чӣ мушкил доред? – пурсид ҳазрати Исо.

– Кўҳи муқобил хавфовар аст, – гуфт бо ҳаяҷон ҷангалбон.

Бо як ишораи ҳазрати Исо кўҳ ҳамвор мешавад. Дар ин асно писари хурдсоли ҷангалбон ба ҳазрати Исо рў оварда гуфт:

– Ман мехоҳам, мисли ҳамон паранда овози хуш ва гуворо дошта бошам.

Ҳазрати Исо сукут мекунад ва бо таассуф мегўяд:

– Ин берун аз қудрати ман аст. Истеъдодро худованд медиҳад…”

Анҷоми қисса низ хотирмон аст: “Дар даҳ соли охир устод ҳатто ба ҷавонҳо боғазаб “ман аз ту чанд курта бештар даррондаам”, гуфта наметавонад, зеро даҳ сол боз бо як курта мегардад…”

Беихтиёр саволе би миён меояд, ки пас чаро ин асарҳо шўҳрат наёфтанд? Аввалан, ин асарҳо бо адади хеле кам нашр шудаанд. Сониян, мунаққидони мо ба ин асарҳо тамоман эътибор надоданд, ки хуб нест. Ин қиссаҳо эътибори ҷиддиро талаб дорад. Ва ба танқиди адабии мо лозим меояд, ки тамоми ҷараёни ҳаёти адабиро борик санҷида, ҳар асари тозаро холисона таҳлил карда, мавқеи ҳар асар ва муваффақияту камбудиҳои эҷодии ҳар адибро муайян кунад.

Ҳаҷви иҷтимоӣ дар шууру дили хонанда он ангезаеро, ки адиб интизор аст ҳатман ба вуҷуд меорад. Маҳз ба тавассути чунин ҳаҷв адиб метавонад хонандаро ба ғаму андўҳ ва мушкилоту проблемаҳои халқ шарик созад.

Гуфтани ҳаҷву мутоиба ҳунар аст, навиштани онҳо ҳунаре волотар. Солҳои охир жанри лутфу мутоибаи адибон хеле ривоҷ ёфт. Шоирони зиндаёд Сайидалӣ Вализода ва Ашўр Сафар дар байни аҳли фазли кишвар чун адиби нуқтадону хушгуфтор, зарифу базлагў маълуму машҳур буданд. Барҳақ, ҷое, ки онҳо буданд, он ҷо бозори хандаю шўхӣ, ҳаҷву мутоиба ва зарофату латофат пурҷўшу гарм буд. Бахусус, ҳозирҷавобию лутфи нозукашон дилҳоро лабрези фараҳ ва чеҳраҳоро хандону шукуфон мегардонданд. Лутфу зарофатҳои онҳо аз забон ба забон гузашта, дар сар то сари кишвар паҳн шудаанд.

Имрўз ба қатори онҳо шоири шинохта Мирзо Файзалӣ ва ҳофизи маҳбуби мардумӣ Файзалӣ Ҳасанов дохил гардидаанд. Як гурўҳ нависандагон лутфу хушгўиҳои онҳоро рўи қоғаз оварда, ба мухлисони ҳаҷву мутоиба тақдим кардаанд. Яке Гурез Сафар мебошад, ки хушгўӣ ва ҳозирҷавобиҳои падараш Ашўр Сафарро мурратаб сохта, таҳти унвони “Аз дидаву шунида” интишор дод. Дар сарсухани он омада: “Қаҳрамони асар рўзгори аҷоибу ғароиб дорад. Ў яке аз серфарзандтарин адибони мамлакат буда, ёздаҳ писару духтарро ба камол расонидааст. Дар бисёр вохўриву сўҳбатҳо мардум чӣ тавр саришта кардани ин қадар фарзандро аз шоир пурсон мешаванд. Яке аз ҷавобҳои шоир ба ин гуна суолҳо ин аст:

– Аз тангии рўзгор илоҷ наёфта, барои ду писарам як шим харидам. Шимро барои писари хурдиям – Бахтиёр харидаму ўро розӣ кардам, ки дар лаҳзаи даркорӣ ба акааш Файз ҳам диҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Як рўз гапашон мегурезаду ҳар дў ҷангӣ мешаванд. Файз шимро пўшида, мактаб меравад. Баъди гузаштани як соати дарс Бахтиёр, ки ҳанўз қаҳраш паст нашуда буд, Файзро аз синф ба берун ҷеғ зада, бо ғазаб “Бадар кун шими маро” – мегўяд. Файз тасмаи миёнашро кушода истода оҳиста арз мекунад:

– Охир таҳпўш надораму…

– Хайр, бирав гум шаву дигар ба ман кор нагир! – дўғ мезанад Бахтиёр.

Аз шунидани ин ҳикоят онҳое, ки дороянд, механданду онҳое, ки нодоранд, рўзгори худро пеши рў оварда, ашк мерезанд”.

Вақте, ки хотираву ҳикояҳои латифамонанди Карим Давлат бо номи “Лутфу карами Ашўр Сафар” дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп мешавад, онро ба Ашўр Сафар нишон медиҳад ва узр пурсида мегўяд:

– Ба мавзўи Гурез ман ҳам даст задаам, лекин миёни навиштаҳои ўву “Лутфу карами Ашўр Сафар”-и банда заррае ҳам такрору умимият дида намешавад.

Навиштаҳои Карим Давлат ба устод писанд меояд, ки бо табассуми латиф дасташро афшонда мегўяд:

– Нависед, боз нависед, аз пушти Вализода, Раҷаб Амону Соҳиб Табару Чалиш Соат олиму Ашўр Сафар шоир шуда нон ёфта мехўранд. Шумо-ку нав ду нафаред.

Баъд Карим Давлат китоберо бо номи “Як лаҳза нахандед!” чоп кард.

Шогирди Мирзо Файзалӣ шоир Нуриддини Амриддин ҳазлу шўхӣ ва лутфҳои устодашро гирд оварда, бо номи “Лутфҳои Мирзоӣ” дар шакли китоб мураттаб сохта, ба чоп расонд. Китоб 5 шеър ва 192 шўхию мутоибаи шоирро дар бар гирифтаанд.

Маҷмўаи дигар дар ду дафтар, “Мегўянд, ки Файзалӣ…” унвон гирифта, ба қалами Ато Ҳамдам тааллуқ дорад, ки дар он ҳикояту ривоят ва мутоибаи ҳофизи маҳбуби мардумӣ Файзалӣ Ҳасан рўи қоғаз омадааст.

Дар бораи маҷмўаи дигар устод Атахон Сайфуллоев чунин менависад: “Дигаре “Ҳазлу шўхиҳои Саидалӣ Вализода” (2004) ном дорад, ки 170 шўхию мутоибаҳои шоир ва ҳофизи мумтози халқро дар бар гирифтаанд. Китоб ба қалами писари рашиди ў Ҳабиб Вализода масуб аст. Муаллиф ё мураттиб ҳазлу хушгўиҳои падари арҷмандашро, ки худ ҳам хуб медонад, аз байни мардум ҷамъ овардааст. Ҳазлу хушгўиҳо табъи латифи шоир, хислатҳои рангоранги одамон ва камбудиҳои ҳаёти ҷомеа, бемасъулиятии баъзе роҳбарони маҳаллиро нишон медиҳад”.

Бале, нависандагони зирак сохтакорӣ, дурўғгўӣ, мунофиқӣ, фиребу найранг, ошнобозӣ ва дигар падидаҳои ахлоқи ҷомеаро зери тозиёнаи танқид мегиранд.

Нависандаи рус Владимр Галактионович Короленко гуфтааст: “Сухан пуфаки пурбоде нест, ки ба рафти вазиши бод сабук парвоз кунад. Сухан аслиҳа аст, аслиҳаи кор аст. Вазнеро бояд бар дўши худ дошта бошад”.

Гумон мекунам, ин суханон пеш аз ҳама ба чунин намудҳои ҳаҷв чун латифа, масал, танз ва ниқиза дахл дорад. Ҳангоми мутолиаи ин намудҳои ҳаҷв дар лаби хонанда табассуми маҳине медамад, дилаш мешукуфад ва лабрези фараҳ мегардад. Сониян эҳсоси варо рангинтар месозад, пасон ўро ба дунёи андеша мебарад.

Аммо вазъи латифа, мутаассифона, он қадар хуб нест. Рост, ки дар ин жанр Додохон Эгамов, Имомназари Холназар, Ҳакималӣ Назаралӣ, Гурез Сафар, Ваҳҳоб Одина, Ҳикмат Неъмат, Ғаффоралӣ Сафар бозёфтҳо доранд. Онҳо қолаби анъанавии ин жанро ривоҷ дода, ба он мазмуну мундариҷаи тоза бахшиданд. Аммо аз чӣ бошад, ки солҳои охир хеле кам латифа менависанд. Ба ин жанр хеле ҷиддӣ Сафо Ҳалимӣ машғул аст ва малакаи худро такмил медиҳад. Ба наздикӣ китоби ў бо номи “Ҳикоёти латиф” иборат аз 250 латифа бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ пешкаши хонанда гардид.

Лекин вазъи латифа ҳанўз хеле ва хеле номўтаъдил аст, саҳми он дар тадқиқи бадеии рўзгор ба дараҷаи талаботи замон нест.

Дар таълифи масал танҳо ду кас комёб шудаанд: Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ва Раҳмат Зайдулло. То имрўз 86 масали Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ва 114 масали Раҳмат Зайдулло рўи чоп омадаанд. Масалҳои онҳо рангҳои рўзгорро дар худ таҷассум мекунанд.

Мисол аз Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ:

“Зоғ ба бачааш гуфт:

– Дар офтоб нашин, дўстрўякам, сиёҳ мешавӣ”.

Ва ё:

“Хор ба Гул гуфт:

– Ту як айб дорӣ: халида наметавонӣ”.

Мисол аз Раҳмат Зайдулло:

“Кабки дарии ба дом афтода ҳарсў пару бол мезад ва хешро маломат месохт:

– Лаънат ба нафсе, ки маро ба доми сайёд овард!”.

Ва ё:

“Чилпо рўяшро турш карду гилае аз ҷигар баровард:

– Чӣ беинсофие раво дид бар ман табиат. Чил по дораму боз ба шикам мехазам.

Мўрча ин гила бишниду писханд зад:

– Аз чил пои беҳунар чор пои боҳунар афзалтар”.

Дар танз ва нақиза бештар Додохон Эгамов, Ғаффоралии Сафар, Абдурауф Муродӣ ва Бобоҷони Икром комёб гардидаанд. Боиси қаноатмандист, ки ҳар кадоме кўшиш дорад, дорои сабки худ, пайроҳаи хоси эҷодии худ бошад. Соли ҷорӣ Абдурауф Муродӣ китоби худро бо унвони “Анори дона-дона”, ки дар он 437 танзу нақизаро гирд овардааст, пешкаши хонанда гардонд. Инчунин нақизаи ў “Толеъномаи омўзгор”, ки дар шумораи аввали “Сафина” ба табъ расид, хеле ҷолиб аст.

Орзумандем, ки дўстони ҳаҷнигор материалҳои андўхта ва таассуроти аз зиндагӣ ғундоштаи хешро ба хонанда арз мерамоянд.

 «Ба худ хандед, то бар шумо наханданд» – гуфтаанд. Мо тамоман хандида наметавонем. Умуман чӣ ҷои гила, хандидан хам истеъдод аст. Вале имрўз касе ки кўлоҳ каҷ монду суханҳои қабеҳ, ҳақоратҳои болохонадор дод, одами зўр шуморида мешавад. Бисёр роҳбаронро мебини, ки қавоқҳояшон то руи биниашон овезон аст. Бо одамон ҳатто дуруст гап намезананд. Ин ҳама нуқс, ҷурм ҳаст, ки бурида партофтан лозим.

Аз тарафи дигар имрўз чунин ашхосе зиёд гаштаанд, ки агар як серпул ё амалдор ширро сиёҳ гўяд, ҳама тасдиқ менамоянд. Ҳеҷ кас намегўяд, ки «не додар, шир сафед аст». Танҳо ҳаҷв метавонад сиёҳро сиёҳу сафедро сафед иникос намояд. Вале солҳои охир як раванди номатлуб қувват гирифтааст. Ранҷи адибони ҳаҷнигор мавриди нафрат ва беэтиноӣ қарор мегирад. Ҳаҷнигоронро масхарабоз меноманд.

Рости гап, саргарми ташвишҳои худ гардида, муддате аз ҳоли ҷўраам Ҷумъа Қуддус ғофил мондам. Як вақт пай бурдам, ки ў ҳаҷв наменависад. Пайташро ёфта ба наздаш омадам ва пурсидам:

– Чӣ воқеа шуд?

Вай хомўширо авло донист. Кунҷковона боз пурсидам:

– Бо сабабҳои техникӣ танаффус эълон кардед?

– Не, – гуфт ў дар ҷавоб. – Бар ҳаҷв хатти бутлон задам.

– Чаро?

– О, пул намедиҳанд!

Баъд ба фикр фурў рафт ва пас аз чанд дақиқа бо ҳасрат ба суханаш давом дод:

– Ҳа, ба ҳаҷвнигор мушкил будааст. Ҳаҷвнигор пушту паноҳ, ки надорад, ба қавле инам заду онам зад, пасмонда кулўхам зад.

Сипас бо ҷиддият суханашро идома дод:

– Чанд кас маро сарзаниш карданд. Чаро худатро масхара мекунӣ? Парто ҳамин ҳаҷву масхарабозиро. Худат-ку он қадар обрў надорӣ, боз онро мерезонӣ.

Ана, ёбу гир!

Дар ҳоле ки лаззат бурдаанд бар вай маломат кардаанд.

Ин интиқод ношӣ аз ҳадпарастии кўтоҳназаронае аст, ки аз тангчашмӣ мехоҳанд завқу ҳунарро низ дар замири дигарон саркўб кунанд. Баъзеҳо аз кўрдилӣ ва ё ба хотири манфиати худ неши забон мезананд. Фаромўш мекунанд, ки заҳри забон бадтар аз заҳри мори афъӣ аст.

Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки солҳои охир Ваҳҳоб Одина, Саидаҳмади Зардон, Абдураҳмон Расулӣ ҳам қариб ки ҳаҷв наменависанд.

Бурҳон Ғанӣ навишта: “Ба майдон омадани ҳар марди баистеъдод барои беистеъдодҳо мотам ҳасту барои мардони ҳунар тўй”.

Дар ҷавоби ин зумраи бадандешон кофист, ки байти зерро болои саҳфа орем:

        “Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

        Қиммати санг наафзояду зар кам нашавад”.

Устод Сотим Улуғзода дар сарсухани китоби устод Фазлиддин Муҳаммадиев “Дўстон тоҷи сар!” навиштааст: “Нависанда ба ҳамаи кору бори мамлакатамон, хоҳ калон бошад ва хоҳ хурд, хоҳ давлатӣ бошад ва хоҳ ҷамъиятӣ, худро на танҳо шарик, балки масъул ҳам медонад ва аз рўи ҳамин ҳисси ширкату масъулият амал мекунад”.

Бале, адиб бояд ба ҳама кору бори мамлакат масъул бошад!

Зиёда аз ин ба қавли Абдулҳамиди Самад: “…лутфу зарофат намаку шираи зиндагист ва бо ҳаҷву истеҳзо посух додан ба рўйдодҳои номатлуб камоли ақлу заковат аст”.

Агар Ватан ва миллат барои мо муқаддас бошад бояд аз худ ҷасорате ва ғайрате нишон бидиҳем.

21 октябри соли 2006

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …