Главная / Маданият ва санъат / Натюрморт – жанри санъати тасвирӣ

Натюрморт – жанри санъати тасвирӣ

Натюрморт жанрест, ки тасвири ашёҳои рӯзгор, меваҷоту саб- завот, гулҳо ва ғайраро. фаро мегирад. Ба воситаи натюрмортҳои рассомон мо зебогии ашёҳои гуногун ва махсусан гулҳоро дида метавонем.

depositphotos_25528375-stock-photo-still-life-with-pears

Натюрмортҳое, ки аз ҷониби рассомони асрҳои гузашта эҷод шудаанд, ба мо дар хусуси ҳаёти ҳамон даврон нақл мекунанд. Дар байни онҳо инчунин натюрмортҳое мавҷуданд, ки дар онҳо рассомон ашёҳои атрофи худ ва зебогии онҳоро ба таври оддӣ таҷассум намудаанд.

Жанри мазкур дар асри XVII дар Голландия ва Испания пайдо шуд. То он замон вай ҳамчун қисм ва ҷузъи расм рушд ёфта буд. Натюрмортро «голландиҳои хурд», ки тасвир кардани зарфҳои зебо, мизҳоро бо таомҳои дабдабанок дӯст медоштанд, машҳур намуданд. Бештар чунин натюрмортҳо «чоштгоҳӣ» номида мешуд

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …