Главная / Ҷамъият / Нархи мошин дар Тоҷикистон ва Душанбе

Нархи мошин дар Тоҷикистон ва Душанбе

Нархи мошин дар шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҷумла дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ш. Хуҷанд, ш. Қурғонтеппа, ш. Кулоб ва ғайраҳо новобаста аз маконашон қариб, ки якхела мебошанд. Сабаби якхела будани нарх дар он аст, ки Тоҷикистон кишвари хурд аст ва худ дар истеҳсоли он машғул нест. Фақат нархи автомобил дар шаҳри Хуҷанд нисбати Душанбе ва дигар ноҳияҳои ҷанубии кишвар дар ҳаҷми 200-500 доллар арзонтар мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон асосан мошини маркаи Опел бештар дар истифода қарор дорад ва баъдан ҳиссаи дар ҷойи дувум маркаи Мерседес бенс мебошад, ки ин ҳар ду дар кишвари Олмон истеҳсол мешаванд ва ба ақидаи мардуми тоҷик нархаш ба худаш муносиб буда техникаи пуртоқат аст.

moshin

Нархи мошин дар Тоҷикистон аз як қатор омилҳо вобаст аст, аз ҷумла маркаи мошин, раҳкиро, соли барориш, ҳаҷми талаботу пешниҳод, миқдори харидор дар бозор, шаҳр/ноҳия, андозаи боҷи гумрукӣ.

Нархи аз ҳама мошини қимматтарин дар Тоҷикистон ин маркаи Lexus ва Mercedes Benz соли бароришашон 2017-2018 мебошад ки қариб 1 000 000 сомонӣ арзиш доранд. Баъдан мошини BMW ва Audi мошинҳои қимматрани ба ҳисоб мераванд.

Мошинҳои арзонтарин ба маркаҳои ВАЗ, Дайву, Опел ва Таёта ба ҳисоб мераванд вале онҳо солҳои бароришашон асосан куҳнатар аст.

Ба аввали соли 2018 нархи миёнаи мошинҳои соли бароришашон 2000-ум аз ҷумла Опел дар Тоҷикистон 25-30 ҳазор сомонӣ, Мерседес сечка 35-40 ҳазор сомонӣ, БМВ – 30-50 ҳазор сомонӣ, Нексия – 15-20 ҳазор сомонӣ мебошад.

Одатан 80%-и мошинҳои Тоҷикистон тавассути бозорҳои зинда ки дар шаҳрҳои калонтарини кишвар ҳастанд ба фуруш бароварда мешаванд ва атрофи 15%-и мошинҳо тавасути сомонаҳо ва 5% тариқи шиносҳо хариду-фуруш карда мешаванд.

hissai-moshinho-dar-tojikiston

Одатан нархи ҳақиқии мошинро мардуми тоҷик нисбати техникаи ба фуруш гузоштаро намегӯянд ва барои ҳамин аниқтараш баъди савдо маълум мешавад. Бисёриҳо нархи мошинашонро дар бозор 10-20% қимматар гуфта эълон мекунанд ва баъди савдо шудан нархи ниҳоии-охирини он маълум мешавад.

Масалан мошини 5400 доллар мефта одатан ба нархи 4800-4900 доллар фурухта мешавад ва ё 15000 доллара ба арзиши 12000 фурухта мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …