Главная / Гуногун / Нархи меваи хушк дар Тоҷикистон

Нархи меваи хушк дар Тоҷикистон

Меваи хушк яке аз маҳсулоти маъруфи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мебошад, ки дар онҳо асосан зардолу, мавиз, чормағз, себи хушк ва дигарҳо дохиланд. Истеҳсоли меваҳои хушк дар Тоҷикистон асосан аз ҷониби аҳолии минтақаҳои кӯҳистонӣ ба мисли Ашт, Исфара, Конибодом, Айнӣ, Панҷакент, Тоҷикобод, Ғарм, Муминобод, Хоруғ, Рӯшон ва дигарон тайёр карда мешавад.

Истеъмолкунандагони асосии хушкмеваҳои тоҷик ин мардуми Руссия, Қазоыистон ва баъзан Хитойиҳо мебошанд. Нархи меваҳои хушк дар Тоҷикистон чандон арзон нест ва ҳатто метавонад гарон ҳисоб шавад. Дар байни сокинони Тоҷикистон, шаҳрҳо асосан меваҳои хушкро дар муассисаҳо истифода мебаранд, ки аз онҳо дар вазорати дифоъ, беморхона, мактаб ва дигарон машрубот-компот омода намоянд.

Аммо худи аҳолӣ асосан зардолуқоқ ва мавиз  истеъмол мекунанд. Меваҳои хушк инчунин дар маъракаҳои калон ба монанди тӯй истифода мешаванд, ки дар он шумо метавонед маснуоти гуногуни шоҳона ва зардолу бо чормағзро бинед.

Нархи меваи хушк тез тағйир намеёбад, чунки барои ин сабаби ҷиддӣ нест. Яке аз камбудии меваҳои хушк шарти нигоҳдорӣ мебошад, зеро бо нигоҳдории дарозмуддат онҳо бадтар мешаванд ва дар онҳо кирмҳо пайдо мешаванд. Барои пешгирӣ аз кирмҳо, баъзеҳо маводи кимиёвӣ истифода мебаранд, ки он ба системаи меъдаи мардум таъсири манфӣ мерасонад, ки мебояд ба ин диққат дода шавад.

Меваи хушкро ҳам дар бозорҳои шаҳрҳои Тоҷикистон ва ҳам дар мағозаҳо пайдо кардан мумкин аст. Аммо тавсия дода мешавад, ки меваҳои хушки  беҳтаринро дар бозори «Меҳргон» -и Душанбе ёбед. Аммо нархи арзони меваҳои хушкро дар бозори Фаровон бо нархи яклухт ва чакана пайдо кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …