Главная / Гуногун / Нархи дорувори ва хизматрасонии марказҳои ташхисию тибби

Нархи дорувори ва хизматрасонии марказҳои ташхисию тибби

Дар вебинар сардори Сар раёсати назорати андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳтам Халифазода, сардори Раёсати санҷишҳои амалиётӣ ва назора ти фаврии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Давлатзода, сардори гурӯҳи санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврии Раёсати андоз дар вилояти Суғд Ф. Фарҳодзода, сардори шуъ баи маъмурикунонии андози Раёсати андоз дар вилояти Хат лон Ҷурабеки Ҷумъа, сардори Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб А. Ибодуллозода, намо яндагони марказҳои ташхисию табобатии кишвар ва андозсу порандагоне, ки ба воридот, харид ва фурӯши доруворӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе машғуланд, ширкат ва суханронӣ намуданд.

doru-aptekaВебинар шакли нави хизмат расонии электронии мақомоти андоз буда, он бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр сохтани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пеш гирии паҳншавӣ ва пайдоиши бемории сироятии коронави рус (COVID19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 марти соли 2020 роҳандозӣ гардидааст.

Тариқи вебинар кормандони мақомоти андоз ва соҳибкорон тавонистанд, дар маҳалли фаъо лияти худ тавассути компютер, телефони мобилӣ ва интернет бо ҳам мубодилаи афкор на моянд.

Вебинарро Саидаҳтам Ха лифазода оғоз намуда, қайд кард, ки тайи чанд рӯзи охир муроҷиати шаҳрвандон ба Бахши иттилоотии Кумитаи андо зи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «151» вобаста ба худсарона баланд бардоштани арзиши дорувории алоҳида, хизматрасониҳои ташхисию тибобатӣ ва пешниҳод накар дани чипта аз МНХ зиёд гарди дааст.

Вобаста ба ин, Кумитаи андоз ҷиҳати суистифода накардан аз вазъияти баамаломада, бе асос баланд намудани арзиши доруворӣ, хизматрасониҳои ташхискунанда сари вақт пешниҳод намудани чипта аз МНХ ба ҳамаи андозсупорандагоне, ки ба воридот, харид ва фурӯши доруворӣ ва хизматрасониҳои ташхисию тиббӣ машғуланд, расман огоҳинома ирсол намуд.

Дар огоҳиномае, ки ҶДММ «Тандурустӣ», ҶДММ «Нураф зо», ҶДММ «Дили солим», ҶДММ «Арасту асри 21», ҶДММ «Нури само», КВД «Марка зи миллии ташхису табобат ва таълимӣ», ҶДММ «Ҷаҳон фарм», ҶДММ «Раҳмат 2004», ҶДММ «Фито Фарм», ҶДММ «Ориён фарм», ҶДММ «Осиё фарм», ҶДММ «Фармико», ҶДММ «МуҳаммадА», ҶДММ «Гулмуҳаммад», ҶДММ «Тиб барои Шумо», ҶДММ «Сабз», ҶДММ «Шаҳриёр 2000» ва дигар ширкатҳо дастрас намудаанд, қайд гардидааст, ки ширкатҳои доруфурӯшӣ ва марказҳои таш хисию тиббӣ арзиши хизма трасонии худро худсарона ба ланд набардоранд, то ҳадди имкон нархи маҳсулотро паст намоянд, дар доираи талабо ти муқаррарнамудаи моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 ав густи соли 2012 №210 ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ба мизоҷон (шаҳрвандон) аз МНХ чип та пешниҳод намоянд, дар муносибатҳои андозӣ ҳуқуқи

шаҳрвандон  андозсупоран дагонро поймол нанамоянд ва тибқи талабот ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз эъломияҳои андозро тариқи электронӣ дар муҳлати муқарраршуда ба мақомоти андоз пешниҳод ва иҷрои уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин намоянд.

Ба гуфтаи С. Халифазода, вақтҳои охир аз ҷониби баъ зе ширкатҳои доруфурӯшӣ ва марказҳои ташхисию табобатӣ ҳолатҳои баланд бардоштани нархи доруворӣ ва хизматрасо нии ташхисию тиббӣ, истифода накардани МНХ ва дар умум, иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ зиёд ба чашм мерасад.

Дар рафти вохӯрӣ муҳтавои чанд шикояте, ки аз ҷониби шаҳрвандон оиди беасос ва худсарона баланд бардошта ни нархи доруворӣ аз ҷониби нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ва хизматрасониҳои марказҳои ташхисию тиббӣ ба бахши итти лоотии Кумитаи андоз (рақами содакардашудаи 151) ва тариқи воситаҳои ахбори оммаи кишвар манзур шудааст, ба маълумоти масъулони нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ расонида шуд.

С. Халифазода аз воридку нандагони доруворӣ даъват ба амал овард, ки қонунгузории амалкунандаро риоя намуда, ба беасос баланд намудани нархи доруворӣ ва арзиши хизматрасониҳои тиббӣ роҳ надиҳанд. Ҳангоми тақсими дору ба нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ба воҳидҳои алоҳидаи худ, ки қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, оид ба баланд накардани арзиши доруворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Таъкид гардид, ки дар сурати истифода накар дан аз МНХ ва беасос баланд бардоштани арзиши доруворӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ мақомоти андоз дар доираи салоҳиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ уҳдадор аст, ки корҳои назоратиро дар фаъо лияти чунин гурӯҳи субъектҳо анҷом диҳад.

Пешниҳоди ӯро намоян дагони ширкатҳои доруфурӯш ва марказҳои хизматрасонӣ дастгирӣ намуданд ва қайд карданд, ки пайваста бо корман дони худ дар мавриди баланд набардоштани нархи дору ва хизматрасониҳои тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аз ҷумла намояндаи ҶДММ «Миҷгона» аз вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии пайвастаи Ку митаи андоз изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки огоҳиномаи аз ҷониби Кумитаи андоз ирсолна мударо дастрас кардааст ва дар ин замина ба ҳамаи кормандон ҷиҳати пешгирӣ аз баланд шуда ни арзиши доруворӣ аз ҷониби нуқтаҳои фурӯши зертобеи худ чораҷӯӣ мекунанд.

Дар қисмати дигари веби нар масъалаи дуруст нишон надодани даромади умумӣ, шумораи коргарони кироя, кам нишон додани музди маоши коргарон, сари вақт ва ба таври зарурӣ пешниҳод нагардидани маълумот ва чипта аз мошини назоратӣхазинавӣ (МНХ) ва пинҳон намудани даромади умумӣ аз ҷониби ширкатҳои доруфурӯшӣ ва марказҳои хиз матрасонии ташхисию тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки бархилофи талаботи муқарраргардида, баъ зе субъектҳо аз вазъияти бами ёномада суистифода намуда, аз МНХ ба таври зарурӣ истифода накарда, шумораи коргарони худро нисбат ба чор моҳи соли 2019 кам намудаанд ва ё умуман зиёд накардаанд, ҳарчанд дар

ин давра ҳаҷми кор ва хизмат расонии онҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла аз таҳлили маълумоти пешниҳоднамудаи ҶДММ «Фар мико», ҶДММ “Тиб барои Шумо” ва ҶДММ “Раҳмат 2004” маълум гардид, ки ширкатҳои мазкур шумораи коргарони худро нис бат ба ҳамин давраи соли 2019 аз 14 то 2 нафар кам намудаанд. Инчунин, ҶДММ «Мир тоҷ», ҶДММ «Арш», ҶДММ «Бурхиё» дар ҳисобот шумораи коргарони кирояи худро 1 нафар нишон до даанд, ки ин умуман ба воқеият рост намеояд.

Қайд гардид, ки агар ҳаҷми гардиши амалиётии ҶДММ “Фармико” аз ҳисоби МНХ ба махзани маълумоти Куми таи андоз дар чор моҳи соли 2019 499,9 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2020 ум 502,7 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Ҳамин тариқ, гардиши ама лиётии ҶДММ “Сабз” аз ҳисоби МНХ ба махзани маълумоти Кумитаи андоз дар чор моҳи соли 2020  ум 1538,3 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 (1467,9 ҳазор сомонӣ) 104,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳамин монанд, гардиши амалиётии ҶДММ “Дору фарм” аз ҳисоби МНХ ба махзани маъ лумоти Кумитаи андоз дар чор моҳи соли 2020ум 210,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 (46,5 ҳазор сомонӣ) 164,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

С. Халифазода қайд намуд, ки даромади умумии ҶДММ “Ориён фарм” дар чор моҳи соли 2020  ум 15734,0 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин дав раи соли 2019ум 7545,0 ҳазор сомонӣ фарқ дорад. Ин рақам дар ҳамин давраи соли 2019 ум 8188,9 ҳазор сомониро ташкил медод. Гардиши амалиётии ин ширкат аз ҳисоби МНХ ба мах зани маълумоти Кумитаи андоз дар чор моҳи соли 2020 ум 13508,8 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019ум 6518,3 ҳазор сомонӣ фарқ дорад. Ин рақам дар ҳамин давраи соли 2019 ум 6990,5 ҳазор сомониро ташкил медод. Ҳиссаи МНХ дар даромади умумии ширкат, дар ин давра, 85,9 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Қайд гардид, ки имрӯз тибқи мушоҳидаҳо дар нуқтаҳои фурӯши доруворӣ мардуми зи ёде дору харидорӣ мекунанд, вале тавре аз маълумоти Куми таи андоз бармеояд, ин нуқтаҳо дар як рӯз аз МНХ аз 1 то 4 чипта пешниҳод мекнанду халос, ки ин умуман ба воқеият рост на меояд. Ҳамчунин, даромади умумии онҳо низ нисбат ба чор моҳи соли 2019 бамаротиб зиёд гардидааст, вале ҳаҷми гардиши амалиётӣ аз ҳисоби МНХ афзо иш наёфтааст ва ё кам шудааст. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки нуқтаҳои фурӯши доруворӣ аз МНХ қариб ки чипта пешниҳод намекунанд.

Ҳамчунин, дар ин давра даромади умумии ҶДММ “Шаҳриёр” 7486,0 ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 2269,0 ҳазор сомонӣ) ва гар диши амалиётии ҷамъият аз МНХ 3811,1 ҳазор сомонӣ (дар 4 моҳи соли 2019 ум 1379,4 ҳазор сомонӣ), ҶДММ “Тиб ба рои Шумо” 10109,4 сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 6311,9 ҳазор сомонӣ) ва гардиши ама лиётии ҷамъият аз ҳисоби МНХ 4472,2 ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 2773,2 ҳазор сомонӣ), ҶДММ”Муҳаммад А” 19293,6 ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 5199,0 ҳазор сомонӣ) ва гардиши ама лиётии ҷамъият аз ҳисоби МНХ 4712,1 ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 2825,4 ҳаор сомонӣ), ҶДММ “Аптекаи 36,6

  • ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 6210,7 ҳазор сомонӣ) ва гардиши амалиё тии ҷамъият аз ҳисоби МНХ 81,4 ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 255,7 ҳазор сомонӣ) ва ҶДММ “Азия фарм”
  • ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 6035,0 ҳазор сомонӣ) ва гардиши амалиётии ҷамъият аз ҳисоби МНХ 33672,4 ҳазор сомонӣ (дар чор моҳи соли 2019 ум 4506,7 ҳазор сомонӣ)ро ташкил додааст. Зимни таҳлили рақамҳо маълум мешавад, ки ҳаҷми даромади умумии онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 бамаротиб аф зоиш ёфтааст. Вале тавре ба на зар мерасад, маблағи андозҳои ҳисобшуда ва шумораи коргарон қариб ки тағйир наёфтааст ва ё баръакс кам шудааст.

Дар идома, намояндагони нуктаҳои фурӯши доруворӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба саволҳои худ тариқи “Видеочат” посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир, Саидаҳтам Ха лифазода қайд намуд, ки дар давраи эпидемияи корона вирус бояд ҳар як субъекти соҳибкорӣ, махсусан, нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ва марказҳои хизматрасонии тиббӣ бета раф набошанд, бо роҳи иҷрои уҳдадориҳои андозие, ки Кодек си андоз муқаррар намудааст, сари вақт ва пурра андозҳоро ҳисоб намуда ба буҷет пардохт намоянд ва саҳми худро дар пешгирӣ ва бартараф намудани коронавирус гузоранд.

Мазҳаб ҶУМЪА

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …