Главная / Гуногун / Намунаи мактуби расми

Намунаи мактуби расми

Ба ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон

Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон (минбаъд Ассотсиатсия) ба иштирокчиёни бозори суғурта изҳори эҳтироми худро изҳор намуда, дар бораи таъсиси Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртаи Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ассотсиатсия, рушди бозори суғурта, дастгирии фаъолияти ташкилотҳои сугуртавй ва 1устариши ҳамкории ҳамаҷонибаи байни иштирокчиён мебошад. Ассотсиатсия ҳамчун платформа барои фаъолияти фа^ьоли касбӣ ва иҷтимоии аъзоёни он, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба раванди ташаккул додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад ва дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ, иқтисодй ва сиёсй ипггирок менамояд.

Барои аъзоёни Ассотсиатсия, имконияти иштирок дар ҷамъияти схтурта, аз ҷумла: дар конфронсҳо, мубоҳисаҳо оид ба табодули ақидаҳои ҳуқуқй ва иқтисодӣ, омода намудани пешниҳодҳо барои қабул ва тағйир додани қонунгузорӣ, баррасии лоиҳаҳои қонунҳо, имконпазирии ҳамкорй бо мақомоти давлатӣ ва мансабдорон барои ҳалли проблемаҳои ҳуқуқӣ ва ҳалли проблемаҳои мавҷуда мебошад. Намунаи асосии фаъолияти тамоми аъзоёни созмон бояд дар кори кумитаҳои муноқишаҳо бо назардошти афзалиятҳои касбӣ ва иҷтимоӣ иштирок намояд.

Ҳамин тариқ мову Шумо метавонем ба рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунем.

Бояд қайд кард, ки имрӯз фаъолияти босифат ва самараноки бахши сугурга аз фаъолияти касбии кадрҳо вобаста аст, ки тавонанд навоварии заминаи қонуниро истифода кунанд ва таҷрибаи мусбии кишварҳои пешрафта дошта бошанд.

Ассотсиатсия боварӣ дорад, ки ҳамкории самарабахши иштирокчиёни он ба амалисозии тавсияҳо ва тавзеҳоте, ки барои қабули ғояҳои нав барои рушди минбаъда кӯмак мерасонанд.

Ташкили Ассотсиатсияи миллӣ баланд бардоштани соҳаи суғурта ва таъсири созмонҳои узвро тақвият хоҳад дод ва аз ин рӯ ба ҳалли самараноки вазифаҳо ва проблемаҳо мусоидат хоҳад кард.

Аз ин ру, ба Шумо Оинномаи Ассостсиатсияро барои маълумот пешниҳод намуда, дар рузҳои наздик баъд аз ҳамоҳангӣ бо Идораи назорати суғуртавӣ ба Шумо иловатан дар бораи ҷаласа оиди таъсиси Ассотсиатсияи милли ташкилотҳои суғуртавии Точикистон равона хоҳем кард.

Бо камоли эҳтиром,

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …