Главная / Гуногун / Намуди кордҳо

Намуди кордҳо

Кордро аз қадимулайём дар таомпазӣ истифода мебаранд. Он аввал аз чӯб, металлҳои пӯлодӣ, нуқра ва тилло сохта мешуд. Корд ҳангоми хӯрокхӯрӣ барои иҷрои амалҳои гуногун истифода бурда мешавад. Он на фақат буридани масолеҳи таом, балки барои иҷрои баъзе ҳолатҳои ёрирасон низ лозим аст. Бо он ва бо ёрии чангак устухони моҳиро ҷудо мекунанд, равғанро ба нон мемоланд, нонро пора мекунанд, меваҷотро аз пӯсташ тоза мекунанд ва ғайра. Кордро бо панҷаҳои калони нишондиҳанда ва панҷаи миёнаи дасти рост меқапанд.

Намуди кордҳо

Аз ҳама корди калон дар ошхона барои таомҳои гӯшти аст. Баъд аз он паи ҳам корди газак (закусочный), барои десерт мавҷуданд. Корд барои моҳӣ шакли алоҳида дорад, қисми охири он мудаваршакл аст, корди махсус барои меваҳо шакли хоса дошта баъзан ба корди равғани маска бо белчаи дарозшаклаш монандаст. Корд барои панир шакли 3-то дандончаи кӯтоҳ дорад.. Корди дандончадор барои буридани лимон ва баъзан барои буридани нон ҳам истифода мешавад. Дар вақти шиносшавӣ бо асбобҳои ошхонагӣ, албатта қоидаҳои истифодабарии онро низ аз худ кардан лозим аст.

Намуди кордҳо

а) корд барои ошхона

б) корд барои дисерт

в) корд барои хўриш

г) корд барои моҳи

д) корд барои мева

Масалан, дар вақти таомхӯрӣ онро ба табақча расонида, овози онро баровардан мумкин нест. Агар таоми навбатиро дертар оранд қошуқу чангакро бо ҳамдигар зада ва ё аз як даст ба дасти дигар гирифта, бетоқатӣ накунед. Дар вақти гирифтани асбобҳо ангушти худро ба як тараф намонед. Ин нишонаи беодобӣ ва бетарбиягӣ аст.

Дар вақти истифодабарии корду чангак онҳоро бо кунҷи на он қадар калон нисбат ба табақча нигоҳ медоранд.

Қоидаҳои маҳдуди вазифаи корд ҳангоми таомхӯрӣ мавҷуданд. Мисол, бо корд таомро ба чангак намеандозанд, он чизе, ки бо чангак гирифтан мехоҳед, фақат ёрӣ мерасонанд. Дар вақти корд ва чангакро истифода бурдан, таомро пурра бо корд бурида, баъд бо худи чангак хӯред, вагарна дар ин ҳолат рӯи табақ бетартиб менамояд ва ё он чизе, ки танҳо ба чангак мехӯранд бо корд буридан лозим нест. Монанди котлет, тефтели, запеканки ва ғайра.

Ва он гоҳ фақат бо чангак бо дасти чап мехӯранд. Бо корди моҳӣ дар табақча намебурданд фақат ёрӣ мерасонанд, ки гӯшт аз устухон ҷудо шавад, баъд онро бо чангак истеъмол мекунанд. Бо асбоби худ аз табақи умумӣ гирифта ба табақи худ нагузоред, барои ин корд ва чангаки махсус гузошта мешавад. Дар ин ҳолат кордро дар дасти чап ва чангакро бо дасти рост нигоҳ медоранд. Дар вақти буридани гӯшти дар болои табақчабуда (гӯшти сахт бошад) бо қувваи зиёд пахш накунед ба теғаи корд дастро буридан мумкин нест. Дар вақти буридан равиши корд ба тарафи худ бошад, аммо теғаи (лезвия) корд ба канори табақча нарасад. Урфу одатҳои миллиро ба назар гирифта, ба дастархон кадом намуди асбобро гузоранд, онро истифода баред, аммо хоҳиши худро гуфта соҳиби хонаро ба хиҷолат намононед, ки ин аз рӯи одоб нест.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …