Акнун ба корҳои ошхона шинос мешавем ва онҳоро иҷро мекунем, чунки шумо дар ошхона ҳуқуқи якхела барои озода нигоҳ доштан доред.
Биёед, акнун ба назди манқал равем. Плитаҳо ё манқалҳои газӣ, барқии замонавӣ (микроволновое печ) ва ғайра мешаванд. Аз ҳама манқали паҳнгашта ин плитаи гази табиӣ мебошад.
Истифодаи он эҳтиёткорӣ ва бодиққатиро тақозо менамояд. Дар вақти истифодабарии газ ҳамеша дар зери назорат бошад. Даҳона (камфорка)-и сӯзишгоҳ агар тоза бошад газ пурра месӯзад. Агар шумо ба чойҷӯш об мондан хоҳед, онро бо об пур накунед. Агар дар чойҷӯш об пурра бошад, об ҷӯшида ба болои плита мерезад оташро мекушад, аммо газ баромадан мегирад, он гоҳ ба амал омадани ҳодисаи нохуш аз эҳтимол дур нест. Агар дар ошхона бӯи газро ҳис кунед он гоҳ аввал калитакҳои газпайвасткуниро қатъ кунед ин ҳолат даричаи тирезаро кушоед ва ҳавои онро тоза кунед. ҳеҷ гоҳ гӯгирдро дар нагиронед, ки таркиши гази тӯдашуда ба амал меояд.
Бинобар ин дар вақти муносибат бо манқали газӣ эҳтиёткор бошед. Имрӯзҳо манқалҳои гази бо системаи муайян коркунанда низ мавҷуданд, ки дар он тамзинкунандаи автоматӣ васл шудаанд ва чунин навиштаҷот доранд: «Qas-contеo». Агар оташ бо сабабе хомӯш шавад, он гоҳ ба автоматӣ тариқи интиқоли газ дар манқал қатъ мешавад.
Ин ҳолати бехатарии корро дар плитаи газӣ таъмин мекунад. ҳангоми кор даҳонаи дар ошхона ба ин нуктаҳо аҳамият дода, эҳтиёт шудан лозим аст. Ба болои сӯзишгоҳ аз ҳад зиёд ҳам нашавед чойники вазнинро ба канори плитаи барқӣ нагузоред ва доимо бо дастпӯшак кор кунед. Агар нохост чойники дасташ гармро қапидеду дастатон сӯзад, он гоҳ чойникро аз худ дуртар партоед. Агар сӯзед бисёр дарди сахтро ҳис мекунед, аммо бо асбобҳои рӯзгор муносибат карданро ёд гиред. Чойникро бо дастпӯшак қапед ҳодисаи нохуш пешгирӣ мешавад. Норасоии манқали барқӣ дар он, аст, ки қувваи барқро хеле зиёд талаб мекунад ва нозукиҳои худро дорад.
Манқали барқии изолятсияаш судашударо истифода бурдан қатъиян манъ аст. Агар баъди ба шабака пайвастани манқали барқӣ гарм нашавад, онро аз шабака ҷудо намуда соз намудан лозим аст. Нуқсонҳои манқали барқиро бояд мутахассиси барқ дуруст намояд ва ё дар шароити хона ашхоси ба кори барқ сарфаҳмраванда соз карда метавонад.
Намуди манқалҳо.
а) Манқали газӣ
б ) Манқали барқӣ
? Савол ва супориш:
1.Кадом қоидаҳои тоза нигоҳдории ошхонаро медонед?
- Чӣ хел мебелҳоро дар ошхона интихоб бояд кард?
- Тарзи ҷо ба ҷо гузориш таҷҳизоти матбахро дар синфхонаи технологияи амалӣ иҷро намоед.
- Кадом намуди масолеҳи тозакуниро дар матбах истифода мебаранд, баён кунед.
- Дар ошхона ва нигоҳубини он ба модаратон чӣ тавр ёрӣ мерасонед, гуфта диҳед.
Фикр намуда ҷавоб диҳед
Иҷро карда муайян намоед. Манқали газро бо кадом масолеҳ тоза мекунанд ва масолеҳро интихоб кунед ва манқалро тоза намоед. Гӯед, ки хокаи масолеҳи тозакунӣ чӣ фарқ дорад? Кори тоза кардагиатонро ба муаллима ё назорачӣ нишон диҳед. Ин корро бояд худатон амалӣ иҷро кунед дар мактаб дар назорати муаллима!