Главная / Ҷамъият / НАМОЗИ ҚАЗО

НАМОЗИ ҚАЗО

Намози қазо чист?

Намозе, ки баъд аз гузоштани вақташ хонда мешавад, онро намози “қазо”мегӯянд. Мақоми намози қазо мувофиқи нишондоди шариат чист?

Намозе, ки дар вақташ гузошта мешавад онро намози “Адо” меноманд. Ба сифати қарз ҳамаи намозҳои фарз ва витри воҷиби дар вақташ нахондаро адо намудан, фарз мебошад. Дар вақташ беузр нахондани намоз гуноҳи азим ҳисобида мешавад. Агар чунин шуда бошад, бояд тавба кард.

Намози қазо чи тавр гузошта мешавад?

Фарзи намози бомдод ҳамроҳи суннаташ бояд то ними рӯзи (то он вақте, ки офтоб ба қиём нарасида бошад) ҳамон рӯз хонда шавад. Намозҳои суннати бомдоди қазогардидаи рӯзҳои гузашта, қазо гузошта намешаванд. Қазоии намозҳои фарз ва витри воҷиб хонда шуда, намозҳои суннат қазо хонда намешаванд.

Нияти гузоштани намози қазо чй Гуна мебошад?

Нияти намози қазои пешин чунин аст: “Ният кардам бигзорам чор ракъат қазои фарзи намози имрӯзаи пешинро, вақте ки бар ман аст, руй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисан ли-л-Лоҳи Таъоло”.

Агар қазоҳои намоз бештар бошад ва намозгузор надонад, ки барои кадом рӯз қазои намозро хонад, дар ин сурат ӯ метавонад чунин ният кунад: “Ният кардам бигзорам ду ракъат қазои намози фарзи бомдоди (аввалро ё охирро) вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба холисан ли-л-Лоҳи Таъоло”. Барои гузоштан қазои дигар намозҳо.

масалан пешин аср ва хуфтан низ чунин ният карда мешавад. Намозҳои қазоиро кай мегузоранд?

Барой барпо намудани намозҳои қазоӣ вақти муайяне нест. Онро дар ҳар вақт, чй рӯз ва чй шаб гузошта мешавад. Ба ғайр аз вақтҳои макрӯҳ, ки ҳангоми тулӯи офтоб, гуруби офтоб ва қиёми он ҳеҷ гуна намоз хонда намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …