Намози саодат

Овардаанд, ки касе ин чаҳор ракъат намози саодатро ҳар шаб адо кунад ва илло дар ҳар ҳафтае ва илло дар ҳар мохе ва илло дар ҳар соле ва илло дар тамоми умр, ки мар ӯро кофист. Ва агар ин намозро баъд аз ҳафт вузу адо кунад, яъне вузу кунад ва намози таҳияти вузу бигӯзорад ва боз вузу кунад ва боз намози таҳияти вузу бигӯзорад ва ҳамчунин ҳафт карат, ҳар ҳоҷате, ки дошта бошад, бешак раво гардад. Аммо бояд дар ҷое бихонад, ки касе ӯро набинад.

Бояд, ки дар ракъати аввал баъд аз сураи «Фотиҳа» сураи «Ихлос» даҳ бор ва дар ракъати дуввум баъд аз сураи «Фотиҳа» сураи «Ихлос» бист бор ва дар ракъати саввум баъд аз сураи «Фотиҳа» сураи «Ихлос» сӣ бор ва дар ракъати чаҳорум баъд аз сураи «Фотиҳа» сураи «Ихлос» чиҳил бор ва баъд аз салом панҷоҳу як бор салавоти «Аллоҳумма салли ва саллим ва борик алайҳ» фиристад ва панҷоҳу як бор «Сайиди истиғфор» «Астағфируллоҳи-л-Азим, ал-Лазӣ ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюму ва атубу илайҳи ва асъалуҳу-т-тавбаҳ» гӯяд ва панҷоҳу як бор «Ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим» бихонад ва cap ба саҷда ниҳода ҳафтод бор «ё Ваҳҳоб» бигӯяд ва агар сарро бараҳна кунад, афзал аст ва як бор бигӯяд «Аллоҳумма асъиднӣ би-саодати-д-дунё ва-л-охираҳ, бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин».

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …