Главная / Гуногун / НАҒМАҲОИ ФИРЕБО

НАҒМАҲОИ ФИРЕБО

Бо ин намоиш ҷангӣ буд, онро на тоби дидан дошту на тоқати шунидан. Ҳамин ки титри “Изтироб” мебаромад ба баданаш мурғак медавид. Садои мусиқиаш ба гўши ў бадтар аз таркиши бомба мерасид.

“ – Болои сўхта намакоб аст ин намоиш! – бо аламу дард мегуфт вай. – Чаро ба дилҳои захмин боз ҷароҳати нав зам менамоянд?”

Аммо…

Бале, аммо он рўз ин намоишро мебинад ў. Зеро симои шиносеро дида, ба писараш нидо мекунад:

– Ист! Накўш! Мон!

Ҳа, Адолат ҳамон фолбинзанро мебинад. Ва чӣ ҳарфу сухане мешунавад. Фолбинзанро доштаанд, ҷазо медодаанд, суд мекардаанд. Адолат ба дидаву шунидааш бовар намекунад. Шояд хоб мебинад. Чашмонашро сахт пўшида, аз нав мекушояд.

– Чаро ба ин роҳ рафтед? – мепурсанд аз фолбинзан.

– Шайтон бераҳа кард, – дарҳол ҷавоб медиҳад ў. – Ин ҳама кори шайтон аст! Лаънат ба вай, лаънат!

*       *       *

Яке аз кўчаҳои пуродами шаҳри пурғавғо. Ана, дар канори ҳамин кўча, дар зери чанори пир, ки баргҳояш аз чангу ғубор хокистарӣ шуда буданд, зани ниҳоят харобу лоғаре менишаст. Дар симояш ғаму андўҳи бузурге нақш баста. Пеши пояш чанд қуттӣ сигор, якеаш кушода, гўгирд, сақич, пуфак ва офтобпараст. Ҳамаи инҳоро болои курсӣ ниҳода, худаш рўи замин нишастааст. Ва бо чашмони маҳзун ба роҳгузарон менигарад. Бо сад умед менигарад.

Ҳама дар рафтуо, касе ба ў нигоҳ намекунад. Дилаш хиҷилу зиқ мешавад, ҷисму ҷонаш ба дард меояд. Ҳама ҷо тира ва хира мегардад, офтобро намебинад. Ба фикр фурў меравад.

Зиндагӣ аробаеро мемонад, ки зану мард онро баробар мекашанд. Мард номардӣ карду рў ба гурез овард. Оё зан дар танҳоӣ қудрати кашидани бори рўзгорро дорад?

Албатта не!

Рўзгор ба тангаш меорад. Ва ў як чӣ-ним чӣ гирифта, ба савдо машғул мешавад. Аввалҳо шарм медошт канори роҳ нишастан. Рафта-рафта одат мекунад. Ҳоло дигар парво надорад.

Ҳофизае гўё дарду ҷами ўро месуруд:

                    Абри дили ман ҳавои борон дорад,

                    Сўзиши дилам бақои ёрон дорад.

                    Мардонагии зани замон мардӣ бувад,

                    Ҷонам ғами номардии мардон дорад…

Ордаш тамом шудааст. Дар бораи гўшту қанд ҳоҷати гап нест. Таҳсил наздик, ба бачаҳо сару либоси мактабӣ лозим…

Ҷавоне як-ду дона сигор, ҷавонзане барои духтарчааш чанд дона сақич мехарад.

 – Шукр, ҳазор шукр! – шод мегардад, ба рўяш табассум медавад.

Баъд хушнудӣ ба дилаш меравад. Дилаш аз фараҳ лабрез мешавад.

Олам зебо, дар назараш гўё ҳусни нав мегирад. Офтоб, одамонро медид. Гунҷишкаке аз сари як шохаи дарахти болои сараш ба шохаи дигар менишаст, чирик-чирик садо медод. Ҳама ҷо зебо, дилангез, фараҳафзо…

Аммо ин ҳама дер давом намекунад.

Ҳамин лаҳза гўё замин мекафаду аз он милитсионере пайдо мешавад. Ва чашмонашро аз косахонаашон бароварда, даҳонашро пур аз хаф намуда, дашномҳои қабеҳ медиҳад. Ночор Адолат ба зориву тавалло медарояд. Аз ин ғиҷину ғазаби милитсионер омада, хун ба сараш мезанад. Суп-сурх шуда, ба сари Адолат дод мезанад:

 – Гум шав, қ…!

Овози милитсионер мисли тир аз гўшаш даромада, ҷигарашро пора мекунад. Ранги рўяш мепарад. Пойҳояш суст мешаванд. Забонаш лол мегардад. Одами бисёре ҷамъ меояд. Ҳама тамошобин. Бисёриҳо бо истеҳзову тамасхур ба Адолат менигаристанд.

– Гум шав, қ…! – боз дод мезанад милитсионер.

Ва Адолат бо дидаи пурнаму дили пурғам сўи хонааш роҳ пеш мегирад. Дар чорсу лаҳзае истода, нафас рост мекунад. Ташна буд, арақ аз сару рўяш мерехт. Ин лаҳза чашмаш ба Мастура меафад, ки оби газдор мефурўхт.

Оҳ, чӣ хел мехост, ки як истакон оби сард нўшад!

Ва таспи дилашро фурў нишонад. Аммо зуд аз ин раъяш мегардад. Дилаш намешавад. Эб намебинад. Салом дода, мегузарад. Аз афташ Мастура ба як тангаи ў умед дошт, ки мегўяд:

– Ҳа, Адолатхон, дилат ба пулат сўхт?

– Не, ташна нестам, – ба Мастура нигоҳ накарда, мегўяд Адолат.

Лаҳзае пас бо Раънохон рў ба рў меояд. Вай зани зебо, чеҳракушода, ҳамеша табассум мекунад. Гўё аз модар хандон ба дунё омада бошад.

– И-и-и, ба ту чӣ шуд? – бо таҳайюр мегўяд Раънохон.

Ғаму ғусса лабони рангпаридаи Адолатро пўшонида буданд.

– Вай ин қадар обу адо шудаӣ, Адолатхон? Чўб барин хушк шуда рафтӣ-ку?!

Забони Адолат ба гуфтор намегардад.

– Ё шўят намехўронад?

– Э, рўи шўям сиёҳ! – бо ҳузну андўҳ мегўяд Адолат. – Кошкӣ, бешўй мешудам.

– Во-ой, ин тавр нагўед, Худо нигоҳ дорад-е! – гўё бо ҳарос мегўяд Раънохон ва тасаллоомез илова мекунад: – Ҳеҷ гап не, шукр кунед, боз Худо ризқашро медиҳад.

Адолат оҳи дилсўз кашида, мепурсад:

– Шумо магар аз фоҷиаи ба сарам омада бехабар ҳастед?

– Не-не Адолатхон, бахудо чизеро намедонам. Тинҷӣ-мӣ?

– Тинҷии гўристон. Шавҳарам ба Россия рафт. Ана, ду сол боз гуму гўр. Номаш дар гўр шўра, лекин бешўӣ ҳам мушкил будааст.

– Э, не-е! Наход? Худоё, ин чӣ шўре буд, ки ба саратон омад Адолатхон? Охир, ба шавҳари шумо ҳама ҳасад мебурданд-ку?!

– Ҳа-а Раънохон, – мегўяд Адолат. – Аммо афсўс, ки атола дандон шикаст.

– Тақдирро бинед-а? Кӣ мегуфт, ки шумо ба чунин ғаму андўҳ рў ба рў мешавед, Адолатхон.

– Аслаш “ханданда харсавор” мегўянд, рост будааст. Фақат занҳои шавҳарашон ба Россия рафтаро механдидам. Шавҳаратон дар он ҷо кайфу сафо мекунаду шумо ин ҷо ҷони саги сиёҳ меканед. Аммо бинед, ки ин балои бад ба сари худам омад.

– Ҳа-а, инро бинед-а?

– Танҳоӣ осон нест, вале чӣ илоҷ? Ҳазрати Бедил беҳуда намегўяд:

              Зиндагӣ бар гардан афтодааст, Бедил чора чист?

              Шод бояд зистан, ношод бояд зистан…

– Ана ҳамин хел “чӣ илоҷ” мегўеду шавҳаратонро аз даст медиҳед, – таънаомез мегўяд Раънохон.

Адолат бо остини кўртааш биниашро пок карда:

– Хайр, тақдирам ҳамин будааст, – мегўяд. – Чӣ кор ҳам мекардам? Замин сахт, осмон баланд.

– Ё тавба! – даст сўи гиребонаш мебарад Раънохон. – Шумо занҳои маҳаллӣ танҳо “оҳ”-у “воҳ”-ро медонед.

– Хайр, дигар чӣ кор ҳам мекардем?

– Гўш кун ба ман. То ҳол ба зиёни касе сухан нагуфтаам. Аз бешавҳарӣ сад дард аз гулўят харпанҷа мезанад. Ё не? Мубориза бурдан лозим! Мубориза, мубориза ва боз мубориза! Табиби ҳар кас худаш. Кӣ ба ғайри худат ғами туро мехўрад? Ҳеҷ кас! Гўш кун, ман ба ҷои апаат. Ситораат ба ман хуш омад. Ман ба ту ёрӣ мерсонам.

– Илоҳо барака ёбед. Як умр дар ҳаққатон дуо мекунам…

– Як фолбини зўр ҳаст. Даму дуояш чунон зўр, ки дарёи Варзоба чаппа мекунад. Худам шоҳиди зинда, ки чанд мардака аз Россия овард. Албатта ин корро бе пул намекунад.

– Охир, чӣ кунам, ки…

– Фаҳмидам, – зуд сухани Адолатро мебурад Раънохон. – Пул надорӣ? Эҳ, ҷони апа, ғам нахўр. О, пул худаш чӣ? Чирки даст, меояду меравад. Вале одаму одамгарӣ мемонад. Ман ба ту пул медиҳам.

Адолат ба риққат омада, мегўяд:

– Илоҳо барака ёбед. Як умр дар ҳаққатон дуо мекунам…

Раънохон аз ҳамёнаш пул бароварда, ба Адолат дароз мекунад:

– Кадом вақте ки пулдор шудӣ, бармегардонӣ.

– О-о… ин чӣ хел мешавад, – дудила мешавад Адолат.

– Як бор ба гапам хуб гўй, – исрор мекунад Раънохон. – Гир, шавҳарат, ки омад, бармегардонӣ.

Адолат беҳад шод мегардад. Гумон мекунад, ки Худо раҳмашро хўрда, бо одами нек рў ба рў овард. Вале Адолати содда аз куҷо медонист, ки Раънохон нияту мақсади худро доштааст.

*       *       *

Пагоҳии рўзи дигар ҳаво офтобӣ буду софу беғубор. Фолбинзан ба сўяш як нигоҳи каҷ афканда, бо зарда мегўяд:

– Барои шавҳарат омадӣ?!

Адолат ангушти ҳайрат ба лаб бурда, беихтиёр мепурсад:

– Шумо аз куҷо фаҳмидед?

Фолбинзан сар то пои ўро норозиёна, бо нигоҳ палмосида:

– Ман фолбинам! – мегўяд. – Дар олами асрор ҳар сире калиде дорад ва он калид дар дасти ман аст.

Сипас дарди Адолатро худаш мегўяд. Адолат лаҳзае лолу ҳайрон мемонад. Баъд оҳи сарде аз дили пурдард кашида, маҳзунона мегўяд:

– Ҳа, ана ҳамин хел нохўшӣ.

Фолбинзан теғ кашида, ба сўяш менигарад:

– Ин нохўшӣ не!

Адолат як қад парида, бетоқат мешавад. Фолбинзан идома медиҳад:

– Ин мусибат!.. Кулфат!.. Бадбахтӣ!

Адолат дар вазъи ноҳинҷор мемонад. Сару рўяшро арақи сард пахш мекунад. Фолбинзан файласуфона мегўяд:

– Мулк бе шоҳ, сар бе кулоҳ ва зан бе шавҳар намешавад.

Адолат ба тасдиқ калла меҷунбонад. Фолбинзан рўй турш карда:

– Хеле дер омадӣ, – мегўяд.

Бо ин гапаш, гўё, ба сари Адолат як кўза оби сард мерезад.

– Лекин… ман ба ту кўмак мекунам.

Ба дили Адолат шўълаи умед медурахшад.

– Илоҳо барака ёбед…

– Ҳа, осуда бош! – бо боварӣ мегўяд фолбинзан. – Кўмак аз мо-о… ҳиммат аз шумо-о! Фаҳмо-о?

– А… ҳа… албатта, албатта… – гўён, Адолат даҳ сомонии Раънохон додаро ба пеши фолбинзан мемонад.

Фолбинзан пулро намегирад, бо як навъ ҳисси нафрату кароҳат рўй ба дигар сў метобад:

– Гум кун ин пулатро!

– Барои чӣ?

– Чӣ, ту мехоҳӣ маро бикўшӣ?! – ногаҳон ба сари Адолат дод мезанад фолбинзан.

 Як такконе мехўрад Адолат ва ба дилаш бим меафтад.

– Магар ман девона шудаам? Наход, ки ман…

– Ин пулат ҳаром!

Ба назараш омад, ки сақфи хона ба сараш фурў рафт. Дар ҷояш печу тоб хўрда, лаҳзае худро гум карда, надонист, ки чӣ кор кунаду чӣ ҷавобе диҳад.

– Гуфтам-ку: ин пулат ҳаром!

Ба фикри ҳалол ё ноҳалол будани пул ғарқ буд, ки фолбинзан боз дод мезанад:

– Гум кун, хонаи маро макрў нагардон!

Адолат метарсад, ки пулро бигирад.

– Гум кун гуфтам, гум кун!

Акнун фолбинзан албастии ҳақиқиро мемонд.

– Бо пули қарз париҳои ман дастгират намешаванд. Пули ҳалоли худатро биёр.

Аз ҳайрат бадани Адолатро арақи сард пахш мекунад. Вале эътиқодаш як бар сад меафзояд.

*       *      *

– Нахо-о-од?

Аввал гўё даҳони Раънохон воз мемонад. Баъд ба ваҷд омада, мегўяд:

– Нагуфтам, ки фолбини зўр аст. Не, акнун худат қоил шудӣ?

– Ҳа-а, зўр будааст, – андешаманд мегўяд Адолат. – Лекин пули ҳалолро чӣ хел ёбам.

– Ҳа-а, ин масъалаи дандоншикан, – гўё Раънохон ҳам зиқ шуда, ба андеша меравад.

Адолат оҳи бадарде мекашад.

– Исто, ки ягон чизи фурўшӣ дорӣ, – мегўяд Раънохон. – Масалан, тилловорӣ, мебел, телевизор.

– Ҳа, дорам, – оҳиста мегўяд Адолат. – Чӣ буд?

– Ҳаминҳоро фурўхта, шавҳаратро бармегардонӣ. Ба фикрам, ин ягона роҳи халосӣ.

– Рост, – хурсанд мешавад Адолат. – Лекин барои фурўхтани онҳо вақт лозим.

– Ҳеҷ гап не, зиқ нашав, – меҳрубонона мегўяд Раънохон. – Охир, апаат дар барат-ку. Ана, ҳамин апаҷонат мефурўшад.

– Илоҳо барака ёбед. Як умр дар ҳаққатон дуо мекунам…

Нахуст чаллашро ба апааш медиҳад.

– Лекин…

– Чӣ “лекин”?

– Аввалан, ки ин кўҳна, сониян тез фурўхтан лозим, – мегўяд Раънохон. – Барои ҳамин чанд суме ки карданд, медиҳам. Чӣ гуфтӣ?

– А… ҳа… албатта, албатта… – гўён, Адолат розӣ мешавад.

*       *       *

Фолбинзан фолро бо тиловати ин дуо оғоз менамояд:

– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ба ҳаққи ҳафт бисмиллоҳ. Ба ҳаққи ло илоҳа илаллоҳ. Ба ҳаққи Муҳаммад Расулуллоҳ. Ба ҳаққи Баҳовиддини балогардон. Ба ҳаққи Хоҷаи Хизри алайҳиссалом. Ба ҳаққи пирону париён. Оҳ, оҳ! Ўро мебинам!..

– Киро?

– Эъ, ҷим шин-е! – ба сари Адолат дўғ мезанад фолбинзан ва боз идома медиҳад: – Эъ, ношуд-е! Эъ, номард-е! Ҳайфи ту-е!..

– Ҳайфи кӣ?

– Ҳайфи шўят! – мегўяд фолбинзан. – Шўят дар оғўши паризоде кайфу сафо дорад. Оҳ, он духтар чунон нозанин, рўй моҳтоб, мўй офтоб! Дар оғўши ў шўят обу адо, на ғами имрўз дораду на ғами фардо.

Ногоҳ Адолат фиғон мекашад. Фолбинзан базўр ўро ором мекунад.

– Э, ту ҷиннӣ будай-ку?!

– Ҳо, номусулмоне! Ман ин ҷо хуни ҷигар хўраму вай он ҷо айшу ишрат карда гардад?!

– Шуд! Ин ҷо ҷои дўғу пуписа не. Ба Россия раву дўғу пуписаатро кардан гир.

– Илоҷи ўро баргардондан ҳаст?

– Нест!

Адолат пакар мешавад. Гўё фолбинзан як кўза оби сард аз сараш рехт. Ях мебандад тамоми баданаш. Баъд ба худ меояду базўр ба забон меорад:

– Охир, дар дунё кори беилоҷ нест-ку.

– Албатта ҳаст! – мегўяд фолбинзан. – Кӣ гуфт, ки нест. Лекин ба ту вазбинтар меафтад.

– Майлаш, – мегўяд Адолат, – чӣ қадаре, ки наафтад, ман розӣ.

Баногоҳ фолбинзан: “Ваҳ!” – мегўяд.

– Чӣ шуд? – як қад мепарад Адолат.

– Чӣ шуд, чӣ шуд? – бо қаҳр бинӣ инҷ мекунад фолбинзан. – Париҳоям ранҷиданд, қаҳр карданд, рў тофта рафтанд.

– Барои чӣ?

– Ҳақи фолро кам додӣ, – бо димоғи сўхта мегўяд фолбинзан.

Адолат охирин пулҳои ангуштаринро ба фолбинзан медиҳад.

– Пагоҳ як қабза пашми бузи сафед ва ду қабза пашми бузи сиёҳ гирифта биё, – мегўяд фолбинзан.

Он рўз Адолат боз як ангуштарашро ба апааш Раънохон медиҳад. Ва рўзи дигар ба назди фолбинзан меравад. Фолбинзан пашми сафедро бо пашми сиёҳ мебофад. Баъд онро оташ мезанад. “Кокул” месўхт ва дуду бўйи ғализи он ба фазо мепечид.

– Бўй кун! – ба Адолат амр мекунад фолбинзан.

Адолат бўй мекашад. Нафасаш мегардад. Паи ҳам чанд бор месулфад. Аз дидагонаш об ҷорӣ мешавад.

– Пагоҳ ду қабза пашми бузи сафед ва як қабза пашми бузи сиёҳ гирифта биё, – ба Адолат мегўяд фолбинзан.

Адолат ҳарфе назада, аз хонаи фолбинзан бадар меравад.

*       *       *

– Шавҳарат мехоҳад баргардад, аммо…

– Чӣ, Худо розӣ нест?

– Не, Худо розӣ аст, – мегўяд фолбинзан. – Вале шайтон халал мерасонад. Шайтони лаъинро дур сохтан лозим. Ҳамин ки шайтон дур шуд, тамом, вассалом! Шавҳаратон дар хона!

Барои дур сохтани шайтони лаъин Адолат чизҳояшро як-як ба апааш Раънохон медиҳад. Писарчааш ҳайрон шуда, мепурсад:

– Оча, чаро ҳама чизҳоямонро фурўхта истодаед?

– Отаатро аз Россия бармегардонам.

– Ур-ра! Отаам меояд! – аз шодӣ дод мезанад писарчааш.

Шаб писарчааш таб мекунад. Вай дар оташи таб месўхт ва алоӣ мегуфт:

– Ота биё! Тез биё!

– Отат меояд, писарҷон, меояд, – мегуфт Адолат.

Писарчааш тез-тез нафас гирифта, мегуфт:

– Отам меояд!

Аз дили Адолат мегузарад:

– Аз афташ шайтони лаъин дур шуд!

Рўзи дигар фолбинзан ба ў хабари хуш мерасонад:

– Тамом, шавҳарат меояд!

Адолат гул-гул мешукуфад, ки акнун орзуяш ҷомаи амал мепўшад. Пас аз чанде аз шавҳараш хат меояд. Вай дар хат Адолатро се талоқ дода буд.

*       *       *

Ба гўши Адолат қар-қари зоғ мерасад. Дар ҷояш истода, ба шохи дарахт менигарад. Зоғи сиёҳе нўлашро ба навда зада, ўро мепесонд. Ҳанги дастонаш парида, халтаи дасташ ба замин меафтад.

Зоғ ба ҳолаш механдад: қар-қар… қар-қар…

– Э рўят дар гўр, – мегўяд Адолат ва халтаашро бардошта, роҳӣ мешавад.

Аз назди ресторане мегузашт, ки нохост чашмаш ба ду кас меафтад. Дилаш якбора таҳ мекашад. Тарҳи чеҳрааш тамоман дигар мешавад. Не, вай ҳеҷ бовар намекунад? Наход ки фолбинзану Раънохон бошанд? Адолат ба онҳо дурустакак синча мекунад. Ростӣ, ки фолбинзану Раънохон!

Бадани Адолат важаррос мезанад. Ҷон аз дасту пояш мебарояд, халта боз аз дасташ ба замин меафтад. Оҳиста-оҳиста гўё боз ҷон мегирад. Фолбинзану Раънохон басо хушҳол буданд. Менўшиданду механдиданд.

Бори вазнини ғаму кулфат пахшаш мекунад, дилаш гўё ба замин мезанад, олам пеши чашмонаш торикистон мегардад.

– Оҳ!

Чунон “оҳ” мегўяд, ки ҳама роҳгузарон аз роҳ истода, ба ў менигаранд. Адолат сахт фиреб хўрданашро акнун дурустакак мефаҳмад ва ғазабаш ҷўш мезанад.

– Маккорон!.. Нобакорон!.. – мегўяд Адолат ва мехоҳад даромада, ниқоб аз рўяшон бикашад.

Аммо… барои худ нерўе намеёбад. Ва ду қатра ашки сўзон дар рухсора, мегўяд:

– Илоҳо ҷазоятонро Худо диҳад!

*       *       *

Инак, дуои ў мустаҷоб шуда буд. Адолат эҳсос мекунад, ки дар вуҷудаш хуни гарме медавад.

– Адолат ба беадолатӣ ғалаба кард! – мегўяд ў аз шодӣ.

Ва худи ҳамон лаҳза Адолат бо барномаи “Изтироб” оштӣ мешавад.

 18 августи соли 2005

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …