Главная / Гуногун / НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБУАЛИ ИБНИ СИНО

НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБУАЛИ ИБНИ СИНО

Абуалӣ ибни Сино аз љумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами љаҳон  меистанд. Эљодиёти доманадори ин мутафаккири забардаст ҳанўз дар овони барҳаёт буданаш донишмандони маъруфи Шарқро дар ҳайрат оварда  буд. Асарҳои илмии Сино баъдтар тамоми мамлакатҳои Ғарбро  тасхир кард ва то асри ХV111 «Ал-қонун-фитибб»-и ў китоби асосии соҳаи тиб ба шумор мерафт.

Дар ҳақиқат, Сино дар бобати мардумро аз бемориҳои гуногун раҳонидан ва аз бахшҳои табиат ба манфиати мардум истифода кардан хизмати ниҳоят бузурге кардааст.

Бар замми ин ҳама  истеъдоду қобилият, ақлу заковати фавқулодда, Сино ба маънои пуррааш инсон буд. Бо раъиятпарварӣ ва адолатпешагӣ ном бароварда буд.

Ҳамаи ин обрўю эътибори ўро дар назари мардум боло бардошта, барои ба вуљуд омадани як силсила нақлу ривоятҳо дар бораи ў сабаб шудааст. Гуфтаи устод С. Айниро дар ин љо иқтибос кардан хеле бамаврид аст: «Шояд аз љиҳати аз одат берун олами бузург буданаш ва ба муносибати пешааш – табобат ба халқ наздик  буданаш  бошад, ки дар бораи Абўали ибни  Сино дар миёни омма афсонаҳои бисёре паҳн шудааст».

Ин гуна афсонаю ривоятҳо, ки қисман дар замони  худи Ибни Сино ба вуљуд омадаанд, дар байни халқҳои Осиёи Миёна васеъ паҳн гаштаанд. Онҳо инчунин дар байни мардуми кишварҳои дигари Шарқ – Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайра хеле маъмул ва машҳуранд.

Як миқдори ин асарҳо дар тўли солҳо бо ташаббус ва саъю кўшиши шахсони људогона, адибон, муаррихон ва фолкльоршиносон љамъ шуда, ба воситаи маљмўаю тазкираҳо ва асарҳои илмию адабӣ манзури хонандагон гардидаанд.

Ба муносибати  љашни мубораки Абўали  ибни Сино мо Фонди дастхатҳои Шуъбаи фольклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АФ РСС Тољикистонро аз назар гузаронидем. Маълум шуд, ки дар ин Фонд дар зарфи ду се даҳсолаи охир таввасути экспедицияҳои  фольклорӣ ва дўстдорони эљодиёти даҳанакии халқ аз ноҳияҳои гуногуни Тољикистон ва маҳалҳои тољикнишини Ўзбекистон  нақлу ривоятҳое, ки бо номи Ибни Сино алоқаманд мебошанд, бисьёр љамъ омадаанд.

Китоби мазкур, ки нахустин маљмўаи нақлу ривоятҳо дар бораи Сино ба ҳисоб меравад, дар асоси материалҳои ҳамин Фонд  тартиб  ёфтааст. Дар маљмўа фақат ду ривоят профессор В. Асрорӣ ба табъ расонида (Жур. «Шарқи Сурх», 1952, рақами 8) илова шуд.

         Материалҳои маљмўа нишон медиҳанд, ки онҳо аз љиҳати мавзўъ ва мундариља  гуногунанд ва муҳимтарин љиҳатҳои  ҳаёт ва фаъолияти  Ибни Синоро фаро гирифтаанд. Ин аст, ки дар он асарҳо  гоҳ чун олим ва мутуфаккири забардаст, гоҳ чун табибу ҳакими мўъљизакор, гоҳ чун кимьёгари мумтоз ва гоҳ чун табиатшиноси моҳир ва мутахассиси пурдони соҳаи астрономия тасвир ёфтани Ибни Сино ба мушоҳида  мерасад.

         Бино ба мазмуни ривоятҳо Ибни Сино шахсест, ки доимо ғами аз дарду ранљ халос  кардани мардумро  мехўрад ва таъмини саломатии одамонро ў аз бузургтарин  қарзҳои инсонии худ  ҳисоб мекунад. Вай ҳамчун донишманди беназири илми тиб ва ҳакими  ғамхору меҳрубон асрори табобатии чандин гиёҳҳоро  кашф намуда, онҳоро барои рафъи бемориҳо  тавсия кардааст. Хосиятиҳои бешумори заҳри мор, асал ва ҳазориспандро низ бори аввал Ибни Сино ошкор  сохтааст. Ба ақидаи халқ хосияти шифобахши чои кўҳӣ ва пудинаро низ бори нахуст Сино муайян кардааст. Дар ривоятҳо инчунин қайд карда мешавад, ки аввалин касе, ки шуллукро барои аз бадан дур сохтани хуни  мурдор  тавсия кардааст, Ибни Сино мебошад.

         Абўалӣ ибни Сино дар нақлу ривоятҳои халқӣ ба сифати як нафар рўҳшиноси соҳибистеъдод низ амал мекунад. Масалан, дар ривоятҳои «Дурўғи шифобахш», «Аҳсан», «Фарьёди судманд», «Ибни Сино ва подшоҳ» бо роҳу усулҳои гуногун касалиҳои рўҳию љисмониро табобат кардани Ибни Сино акс гардидааст.

         Умуман, дар байни  материалҳои ин маљмўа  нақлу ривоятҳое, ки дар хусуси табибию ҳакимии Абўалӣ ибни Сино баҳс мекунад,  мавқеи намоёнро ишғол менамоянд. Сабаби ин дар он аст, ки Ибни Сино дар соҳаи  тиб ва муолиљаи ҳар  гуна бемориҳо  бештар фаъолият нишон додаст ва ў  дар байни халқ  ҳам, пеш аз ҳама, ҳамчун табиби ҳозиқ маъруф ва машҳур  аст.

         Дар ривоятҳои халқӣ тасвири сохаҳои дигари фаъолияти Ибни Сино низ ба назар мерасад. Чунончи, дар як қатор нақлу ривоятҳо педагоги асил, муаллими  бузурги ахлоқ ва тарғиботчии Ибни Сино бахшида шудаанд ва дар онҳо дар бораи мактабхонӣ ва омўхтани илму дониш  шуғл  варзидани ў сухан ронда мешавад. Дар ривояти «Устод ва шогирд» бошад ба фаъолияти шоирии Ибни Сино ишора рафтааст.

         Илова бар ин дар байни материалҳои мављуда «Саргузашти Ибни Сино ва Абусолӣ» ва «Сино ва илми симьё» барин баъзе ривоятҳое  низ дучор меоянд, ки дар  онҳо Абўалӣ ибни Сино ҳамчун соҳир амал мекунад. Албатта, ин ду ривоят (ба истиснои лаҳзаҳои қисми аввали ривояти якум) ба ҳаёт ва фаъолияти Ибни Сино ҳељ гуна муносибате надорад, зеро  дар ягон љо дар бораи бо сеҳру соҳирӣ сарукор доштани Ибни Сино чизе гуфта нашудааст ва то кунун ягон далеле, ки ин масъаларо ақаллан андаке ба тасдиқ мерасонида бошад, дар даст надорем. Ба фикри мо, ба вуљуд омадани ин навъ ривоятҳо  низ бо масъалаи аз тарафи халқ ҳамчун як донишманди беназир тасаввур када шудани Ибни Сино алоқаманд  аст. Ба ибораи  дигар гўем, азбаски халқ аз дараљаи баланди илму дониш  ва қобилияти  беандозаи  Ибни Сино моту мафтун  гардида буд, бовар  доштааст, ки ин марди хирад аз асрори сеҳру соҳирӣ ҳам ба дараљаи  аъло огоҳ мебошад.

         Ба ҳамин тариқ, халқ дар нақлу ривоятҳо  дар тасвири шахсият ва ба вуљуд  овардани образи Сино аз тарафҳои гуногуни фаъолияти ў наздик шудааст. Образи Сино аз тарафҳои гуногуни  фаъолияти ў наздик шудааст. Образи Сино, ки дар нақлу ривоятҳои халқӣ буньёд ёфтааст, образи мукаммали бадеӣ буда, ақлу хирад ва азму  иродаи инсони комилро дар худ таљассум намудааст. Халқ бавоситаи тасвири  ин образ дар баробари талқину ситоиш  кардани фазилатҳои  хуби инсонӣ – некию накўкорӣ, дўстию рафоқат, раиятпарварӣ, ҳақљўӣ, фурўтанӣ, меҳнатдўстӣ, некбинӣ, ҳимматбаландӣ, зиракӣ, дурандешӣ ва ҳоказо љоҳилӣ, бахилӣ ва кўтоҳандешӣ барин хислатҳои зиштро  ба зери танқид  гирифтааст. Умуман, дар ривоятҳо талқини масъалаҳои муҳимтарини ахлоқ ва ифодаи ғояҳои хайр ва некиву накўкорӣ мақоми махсусе  дорад, ки ин гуна масъалаҳо ва ғояҳо бо масъалаю ғояҳои дар асарҳои доир ба ахлоқ  навиштаи Ибни Сино хеле мувофиқат мекунад.

         Нақлу  ривоятҳое, ки дар ин маљмўа дохил шудаанд меҳрномаи халқ ба донишманди бузург ва олиму  адиби Шарқ, ба яке аз барљастатарин нобиғаҳои  илму фарҳанги башар – шайхурраис Абўалӣ ибни Сино мебошад. Ин асарҳо, ки солҳои сол аз  даҳон ба даҳон ва аз насл ба насл  гузашта, то замони мо маҳфуз мондаанд, бешубҳа, як навъ зуҳуроти ҳисси қадршиносӣ, пос доштани ному хотири Ибни Сино ва қадр кардани хизматҳои шоистаи ў аз тарафи мардум донистан мумкин аст.

         Ҳанўз ҳамаи нақлу ривоятҳои оиди Ибни Сино пурра ба даст наомадаанд. Умед аст, ки ин кори хайрро фольклоршиносон минбаъд  давом  медиҳанд. Вале он ҳама нақлу ривоятҳое, ки то имрўз љамъ  шудаанду намунаҳои  беҳтарини онҳо дар ин маљмўа истифода гардидаанд, барои тадқиқи фаъолияти доманадори Ибни Сино ва равшан кардани  тарафҳои  ноаёни зиндагии ў ба дараљаи муайян  ёрӣ мерасонад. Ин нақлу  ривоятҳо инчунин дар бораи фикру ақида ва муносибати мардум нисбат ба љиҳатҳои  људогонаи ҳаёт, оила, одамон ва ғайра маълумоти муфид медиҳанд ва дар бобати шиносо шудан бо тарзи зиндагиаш ва ўрфу одатҳои табақаҳои гуногуни  иљтимоӣ низ аз материалҳои судманд ба ҳисоб мераванд.

         Забон  ва таҳрири нақлу ривоятҳои маљмўа яксон нестанд: агар як қисми онҳо ба забони адабӣ гуфта шуда бошанд, қисмати дигарашон омехтаи хусусиятҳои забони адабӣ ва баъзе љиҳатҳои шеваи ин ё он маҳаланд. Азбаски маљмўа ба доираи васеи хонандагон  пешниҳод мешавад, забони матнҳое, ки хусусияти шеваро аз бар кардаанд, то ҳадди  имкон ба забони адабӣ наздик карда шуд.

         Дар маљмўа ривоятҳои «Абўалӣ ва бемор» ва «Сино ва љавони дардманд» аз љиҳати мазмун якхелаанд. Бо вуљуди ин он ду нухса ба сари  худ асари мустақиланд ва аз ҳамдигар ба бисьёр љиҳатҳо фарқ мекунанд. Бинобар ин, дар маљмўа дохил кардани ин ду нусхаро лозим донистем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …