МУВАЛЛИДА, момодоя, доя, акушерка, ходими дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, ки дар таваллудхона ё шӯъбаи таваллудхонаи бемористон, мушоварагоҳи занон, пункти фелдшерию акушерӣ, инчунин дар хона ёрии акушерию гинекологӣ мерасонад.
Вазифаҳои М. чунинанд: баҳисобгирии диспансерӣ ва назорати мунтазам ба ҳомилагон, ташхиси бемориҳои ҳомилагон, ҷамъ намудани анамнези акушерӣ, патронаж, кори маорифи санитарӣ, рӯҳан омодаи таваллуд намудани зан, расонидани ёрии тиббӣ ҳангоми таваллуд ва дар давраи баъди он. Дар мавридҳои зарурӣ то омадани духтур М. ёрии тиббии таъҷилӣ мерасонад.
М.-ҳоро дар коллеҷҳои тиббӣ тайёр мекунанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …