Главная / Илм / МУТОБИҚАТ

МУТОБИҚАТ

mutobikatМУТОБИҚАТ, адаптатсия, қобилияти ба шароити гуногун мутобиқ гаштани мавҷудоти зинда; истилоҳи «мутобиқат»-ро инчунин барои ифодаи натиҷаи раванди мувофиқат низ истифода мекунанд. М. фаъолияти мӯътадили ҳаёти организм ва ба тағйироти омилҳои гуногуни муҳит, ҳарорат, иқлим, баландӣ, унсурҳои сироятӣ (ниг. Иммунитет) ва ғ. мувофиқ шудани онро таъмин менамояд. Шаклҳои гуногуни М. мавҷуданд: синтези ҳуҷайравии интерферон, ки ба афзоиши вирусҳо монеъ мешавад; суръати баланди афзоиши микроорганизмҳо; қобилияти ба хоби зимистонӣ рафтан; шино кардан, хазидан, паридан, давидан ё мустаҳкам дар як ҷо андармон шудан; қобилияти мунтазам нигоҳ доштани ҳарорати тан ё тағйир додани он вобаста ба ҳарорати муҳит; мавҷуд будани узвҳои махсусгаштаи нафаскашӣ, хунгардиш, ҳозима, инчунин ҳофиза, ки нафақат ба шароити мавҷуда, балки ба ҳаводиси минбаъдаи М. низ имконият фароҳам меорад. Таъсири муҳити атроф ба одам аз чандин омилҳои нуфузпазири психологӣ, физикӣ ва химиявӣ иборат аст; бинобар ин реаксияи М., ки ба ҳамеша нигоҳ доштани муҳити дохилӣ равона аст, ба ҳамон адад тағйироти муттасилу интенсивии мубдилаи моддаҳо асос ёфтааст. Азбаски механизмҳои М.-и инсон ниҳоят мураккаб буда, бо хусусиятҳои ба онҳо хоси иҷтимоию биологӣ муайян карда мешаванд, барои омӯзиши қонуниятҳои М. аз комёбиҳои бисёр фанҳо, мас., физиология, биохимия, иммунология, психология ва ғ. истифода мебаранд.
Чунин намудҳои реаксияи мутобиқат вуҷуд доранд: бошиддат ва тадриҷӣ, модарзодӣ (дар раванди таҳаввули намуд ташаккул ёфтааст) ва ғайримодарзодӣ (барои ҳар як фард хост аст). Мас., кашишхӯрии дасту пой аз таъсири дард, шиддат ёфтани нафаскашӣ, босуръат ва бозтақсими ҷараёни хун ҳангоми кори ҷисмонӣ, ларзиши мушак ва мурғаки пӯст дар сармо, ки ба афзоиши гармӣ мусоидат менамояд, баланд шудани ҳадди дарки шунавоӣ ҳангоми ғавғои баланд –ин ҳамаи вокуниши шиддатноки модарзодии М. мебошад. Ба воситаи тамрин фақат дараҷаи зуҳуроти онҳоро тағйир додан мумкин аст, ҳол он ки вокуниши фардӣ (мас., малакаҳои спортӣ) фақат бо роҳи омӯзиш ҳосил хоҳад шуд. Одатан, реаксияҳои бошиддат хеле сарфакору махсус (организм маҳз ҳамон шакли рафторро ҳосил мекунад, ки он бе чуну чаро натиҷаи дилхоҳ диҳад) гардидаанд, бинобар ин ҳамдигарро наметавонанд иваз намоянд. Мас., одати деринаи дар ҷангал самтгирӣ барои дар шаҳри ношинос ҷустуҷӯ кардани нишонии даркорӣ ба кор намеояд. Бинобар ин, ҳангоми тағйири шароити меҳнат ва маишат реаксияҳои бошиддати М. метавонанд аҳамияти мутобиқатро гум кунанд.
Ҳар як организм дар раванди М. давраи ихтилоли фаъолиятро аз сар мегузаронад, баъд давраи мувофиқати нопурра (ҷустуҷӯи фаъоли ҳолати пойдор) ва дар охир, давраи нисбатан мувофиқати пойдор фаро мерасад. Аллакай дар марҳалаи якуми М., яъне дар давраи ихтилоли фаъолият, ба реаксияи бошиддати мувофиқат тадриҷан равандҳое ҳамроҳ мешаванд, ки барои М.-и тадриҷӣ муҳиманд: фаъолияти системаи асабҳои вегетативӣ баланд ва дар хун миқдори гормонҳо зиёд мешавад. Ҳамаи ин боиси афзудани шиддати раванди мубодилаи моддаҳо ва ба кор даровардани захираи вазифавии ҳуҷайра мегардад ва ҳамин тавр реаксияи шиддатноки М. ба «ҳаракат» медарояд.
Аз ҳисоби ин ё он механизмҳои дохилиҳуҷайравӣ суръати раванди мубодила тақвият ёфта, фаъолияти дастгоҳи генетикӣ меафзояд ва дар натиҷа ҳаҷми худи ҳуҷайра (бо истилоҳ гипертрофияи кории ҳуҷайра) зиёд мешавад. Бинобар ин одамоне, ки мунтазам ба варзиш шуғл доранд, тадриҷан вазнҳои пештар бардошта наметавонистаи худро мебардоранд; одати ба норасоии оксиген тоб овардан барои дар баландкӯҳҳо зиндагӣ кардан мусоидат менамояд ва ғ. М. ба шароити меҳнат имконият медиҳад, ки одам бо андаке хастагӣ кори камтарини пештар зӯрнорасро иҷро кунанд. Дар реаксияҳои тадриҷии мутобиқат боз як хусусияти аҷиб – устувории ҳаматарафа ҳаст, ки заминаи онро шаклҳои гуногуни реаксияҳои тадриҷии мувофиқат ва тағйироти мушобеҳи морфологию вазифавии организм ташкил медиҳанд. Ба туфайли чунин хусусият организм, ки мас., ба баландҷойҳо мутобиқ шудааст, ба хунукӣ, гармӣ, норасоии оксиген, тағйироти фишори атмосферӣ, зиёдатии радиатсияи офтоб, беҳаракатии заруратӣ ва ғ. беҳтар тоб меоварад; устувории вай ба таъсири микробҳо, афканишоти ионнок ва диг. омилҳои беморизо низ баланд аст. Қатъ кардани тамрин механизми раванди бозгаштро «ба кор меандозад», ҳаҷми ҳуҷайраҳои «бемалол» коркунанда хурд мешавад.
Имкониятҳои М.-и одам ба ирсият, синну сол ҳолати тандурустӣ ва дараҷаи тамрини он вобаста аст. Агар се омили аввал то андозае «ҳадди ниҳои»-и имкониятҳои вокуниши мувофиқатро маҳдуд кунанд, пас омили чаҳорум имкониятҳои ин ҳадди ниҳоиро амалӣ мегардонад. Кормандони меҳнати фикрӣ, ки одатан тарзи ҳаёти камҳаракат доранд, имконияти М.-ро пурра истифода намекунанд, ҳатто андаке кори ҷисмонӣ онҳоро зуд хаста месозад. Имконияти М.-и организмро ба воситаи машқҳои муайян, давомнок, мунтазам, обутоби бадан ва ғ. ривоҷ додан мумкин аст. Машқҳои доимӣ, низоми меҳнат ва истироҳат, обутоби организм нафақат доираи М.-ро васеъ менамоянд, балки раванди мавҷудаи М.-ро такмил медиҳанд. Бинобар ин, варзиш ва обутоби организм «сипар»-и эътимодбахши бемориҳо мебошанд. Дараҷаи М. бо хусусиятҳои ирсӣ ва фардии организм, синну сол, ҷинс, ҳолати тандурустӣ муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, дар корҳои вазнини ҷисмонӣ (саёҳати кӯҳ, оббозӣ дар зимистон ва ғ.) имконияти худро дар назар дошта, ба эҳтиёт рафтор кардан зарур аст; бо ибораи дигар, зӯри беҳуда зарар оварда, боиси бемориҳо мегардад. Корҳои вазнини ҷисмонӣ махсусан дар миёнсолӣ ва пирӣ хавфноканд. Аз ин рӯ, такмили имкониятҳои М. тавассути машқ масъалаи мураккабу баҳсталаб аст, зеро кори кам амалан бефоида буда, кори вазнин мумкин аст фалокат оварад. Дар асоси маслиҳат ва таҳти назорати духтур ҳадди эътидол, яъне низоми барои организм мувофиқи такмилоти ҷисмонӣ ва биологиро ёфтан зарур аст.

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …