Главная / Илм / МУСТАФОҚУЛОВА Намуна Иброҳимовна

МУСТАФОҚУЛОВА Намуна Иброҳимовна

nophotoМУСТАФОҚУЛОВА Намуна Иброҳимовна (тав. 18. 01. 1961, ш. Душанбе), доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1984). Духтури минтақавии дармонгоҳи № 2 (1984 – 90), мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (1990 – 96), ассистент (1997 – 2006) ва дотсенти кафедраи касалиҳои дарунии № 3 ДДТТ (аз 2006). Солҳои 1994 – 2002 раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДДТТ оид ба фанҳои терапевтӣ буд. Дар муассисаҳои тиббии ш. Қазон ва Бошқирдистон такмили ихтисос кардааст. Муаллифи 52 кори илмӣ.
Ос.: Влияние натуры на гомеостаз и психологическое состояние больных с заболеваниями внутренных органов. Маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1999, №3 – 4; Роль эмоциональных стимулов и аллергических факторов в развитии бронхиальной астмы и крапивницы. Маҷ. «Вестник Авиценны», Д., 2006, №3 – 4; Состояние иммунологических показателей крови у больных бронхиальной астмой. Маҷ. «Вестник Авиценны», Д., 2006, №1 – 2; Ошибки в диагностике и терапии бронхиальной астме. Маҷ. «Вестник Авиценны», Д., 2008, №3.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …