Главная / Илм / МУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ

МУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ

mushovaraМУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ, яке аз намудҳои умури тиббӣ, ки мақсад аз он пешгирии бемориҳои ирсӣ аст. Вазифаи асосии М. тавассути усулҳои генетикӣ ташхис намудани беморӣ, муқаррар сохтани дараҷаи хавфи ба дунё омадани кӯдаки гирифтори бемории ирсӣ, пешомади саломатии патсиент ва фаҳмондани хулосаи тиббию генетикӣ мебошад. М.-ро, одатан, дар пажӯҳишгоҳҳо, кафедраи донишкадаҳои тиббӣ, бемористонҳо, дармонгоҳҳо ташкил мекунанд. Ҳангоми сӯҳбат ба патсиентҳо имкониятҳои тибби замонавӣ дар бобати ташхису пешгирии бемориҳои ирсӣ қайд карда мешаванд; дар сурати вуҷуд доштани хавфи таваллуди кӯдаки бемор ба онҳо маслиҳати муфид медиҳанд.
Тасаввурот дар бораи ғайриимкон будани пешгирии бемории ирсӣ ҳамеша дуруст нест. Бемории ирсӣ метавонад дар тифли волидони билкул солим низ ба вуҷуд ояд (агар онҳо ҳомили ниҳонии ҳамон як нуқси генетикӣ бошанд). Дар баробари ин мумкин аст, ки аз волидони гирифтори бемории ирсӣ тифли солим таваллуд шавад. Баъзан бемориҳое, ки онҳоро омилҳои ирсӣ пайдо мекунанд, аз рӯи аломатҳои болинӣ шабеҳи бемориҳои ирсӣ мебошанд. Мас., карии модарзод табиати ирсӣ дорад, вале он мумкин аст дар натиҷаи бемории сурхакон, ки зани ҳомила аз сар гузарондааст, пайдо шуда бошад. Ҳамчунин тасаввурот дар бораи он ки тифл дар батни модар аз ҳама гуна таъсироти зараровари берун дар амон аст, ғалат мебошад ва бемории модарзод, ки дар кӯдак ошкор шудааст, шарт нест, ки табиати ирсӣ дошта бошад. Ҳатто дар байни аъзои як оила дар чандин насл ошкор шудани бемории муайян ҳанӯз маънои онро надорад, ки он ҳатман бемории ирсӣ аст.
Самари М. аз ташхиси дуруст ва донистани сабабҳои пайдоиши беморӣ бисёр вобаста аст. Баҳри ин духтури генетик аз усулҳои гуногуни таҳқиқ – клиникӣ, биохимиявӣ, ситогенӣ ва ғ. истифода мекунад.

Р. А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …