Главная / Илм / МУРОДОВ Мухтор Қодирович

МУРОДОВ Мухтор Қодирович

nophotoМУРОДОВ Мухтор Қодирович (20. 2. 1936, деҳаи Хамиҷӯи ноҳ. Конибодом – 01. 10. 1996, Душанбе), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1970), проф. (1974), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1996). Хатмкардаи ДДТТ (1959). Духтур-анестезиолог ва реаниматологи беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии касалиҳои сил (1959 – 64), ассистенти кафедраи бемориҳои сил (1964 – 67), дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумӣ (1967 – 71), мудири кафедраи анестезиология ва реаниматология (1971 – 96), ҳамзамон декани интернатура ва таҷрибаи истеҳсолии ДДТТ (аз 1978). Бо ташаббуси М. маркази реаниматсия барои калонсолон ва лабораторияи «гурдаи сунъӣ» ташкил карда шуд. М. муаллифи зиёда аз 175 асари илмӣ, аз ҷумла 9 монография, 3 дастури таълим, 6 тавсияи методӣ мебошад. Тадқиқоти ӯ ба масъалаҳои патогенез ва табобати ноқисии нафасгирӣ баъди ҷарроҳӣ, тағйироти патофизиологӣ ва биохимиявӣ дар ҳолатҳои ниҳоят вазнини беморӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Дар илми тиб алоими ихтилоли фаъолияти ғайриреспиратории шуш «Алоими Муродов» ном гирифтааст. М. саранестезиолог ва реаниматологи Вазорати тандурустии ҶТ, раиси Ҷамъияти ҷумҳуриявии анестезиологҳо ва реаниматологҳо буд. Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» сарфароз гаштааст.
Ос.: Диагностика и лечение миллиарного ателектаза лёгких, Д., 1973; Асрори кушодани банди аҷал, Д., 1975; Интенсивная терапия и реанимация астматических состояний (бронхиальная астма), Д., 1979.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …