Главная / Илм / МУРОДОВ Алишер Мухторович

МУРОДОВ Алишер Мухторович

nophotoМУРОДОВ Алишер Мухторович (01. 01. 1966, ноҳ. Конибодоми вил. Суғд), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1999), проф. (2002), дорандаи Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ (1999), Аълочии ҳифзи тандурустии ҶТ (2006). Хатмкардаи ДДТТ (1991). Духтур-интерни клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматологияи шӯъбаи реаниматсияи Беморхонаи шаҳрии клиникии №5 (1991 – 93), аспирант (1993 – 96), ассистент (1996 – 99) ва аз с. 2002 аввал мудири курс, баъд, мудири кафедраи тибби эфферентӣ ва муолиҷаи интенсивӣ ва ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва табъу нашри Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 125 корҳои илмӣ, аз ҷумла 5 дастури методӣ, 12 пешниҳоди навоварона, 3 монография.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …