Главная / Илм / МУОЛИҶА БО МЕҲНАТ

МУОЛИҶА БО МЕҲНАТ

mehnatМУОЛИҶА БО МЕҲНАТ, истифодаи меҳнат барои табобати баъзе бемориҳо ва узвҳои осебдида. Бефаъолиятии дуру дароз инсонро заиф карда, ба ҳолати бетамринӣ гирифтор месозад. Ҳангоми дуру дароз бемор будан, имкониятҳои неруии инсон кам мешаванд. Ин нафақат аз бемории шахс бармеояд, балки натиҷаи бефаъолиятӣ низ мебошад. Дуру дароз аз ҷамоат дур будани бемор низ аз ҷиҳати психологӣ ҷоиз нест.
Дар рафти табобат истифода бурдани меҳнат вазифаи тиб аст. Вақти оғози М.-ро фақат пизишк дуруст муайян карда метавонад. ӯ дар ҳар ҳолати ҷудогона аҳволи беморро ба назар гирифта, навъи кор ва андозаи онро тавсия хоҳад кард.
М.-ро ҳамчун устули табобат дар марказҳои реабилитасияи тиббӣ истифода мебаранд. Дар он ҷо беморони зарбхӯрда ва ашхосе, ки гардиши хуни майнаашон халал ёфтааст, тадриҷан ба мароми муқаррарии ҳаёт баргардонда мешаванд. Ин усули муолиҷа имкон медиҳад, ки одам баъди осеби рагҳои мағзи сар фаъолияти худро барқарор созад, оқибати дарди фалаҷро (агар онҳо зуҳур ёфта бошанд) сабук гардонад; ба беморе, ки сактаи дилро аз сар гузарондааст, барои ба зиндагии одатии пештара баргаштан кумак мерасонад. М. ҳангоми табобати бемориҳои устухону буғумҳо аҳамияти калон дошта, инкишофи анкилоз (беҳаракатии буғумҳо)-ро пешгирӣ менамояд.
М. барои табобати беморони рӯҳӣ, ки муддати дароз аз ҷамъият ва наздиконашон ҷудо мемонанд, аҳамияти махсус дорад. Ихтилоли рӯҳӣ (эмотсионалӣ, фиреби назар, шаклҳои гуногуни васвос) муносибатҳои инсонӣ, нигоҳ доштани муносибати пешина ва барқарор кардани равобити навро душвор мегардонад. Меҳнат ва фаъолияти якҷояи беморон бо иштирок ва ёрии пизишк муносибатҳои ҳамдигарии беморонро сабук мекунанд, ҳолати изтиробро рафъ месозанд. Ба иҷрои коре машғул шудани бемор таассуроти нохушро аз ӯ дур мекунад. Ҳангоми баъзе иллатҳои рӯҳӣ (олигофрения, шизофрения, саръ) бемор, ҳарчанд қобилияти хуби корӣ дошта бошад ҳам, дар шароити муқаррарии истеҳсолот кор карда наметавонад. Барои беморони рӯҳӣ аҳамияти фаъолияти меҳнатӣ ва ба воситаи кори якҷоя нигаҳ доштани алоқаҳои иҷтимоӣ ба дараҷаи бузург аст. М.-ро ҳамчун ёрии тиббӣ қабл аз ҳама равонпизишкон истифода бурда бурдаанд. Дар ибтидо ба беморон асосан корҳои кишоварзӣ мефармуданд, чунки беморхонаҳои рӯҳӣ дар канорҳои шаҳр, дар деҳот ҷойгир буданд. Ҳоло дар чунин беморхонаҳо устохонаҳо сохта шудаанд, ки дар он ҷо корҳои мураккаб (мас., дастгоҳҳои радиотехникӣ) сохта мешаванд ва беморон ба дараҷае соҳиби ихтисос мегарданд. Устохонаҳо дар назди беморхонаҳои амрози рӯҳӣ барои беморони он ҷо, дар назди диспансерҳои психоневрологӣ бошад, барои бемороне, ки дар хона бо аҳли оила зиндагӣ мекунанд, ташкил карда мешаванд. Ба беморон музди меҳнат дода мешавад, ки нафақат аҳамияти моддӣ, балки аҳамияти рӯҳшифоӣ низ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …