Главная / Илм / МУОИНАИ БЕМОР

МУОИНАИ БЕМОР

muoinai-bemorМУОИНАИ БЕМОР, тадбирест, ки баҳри ташхис ва мушоҳидаи беморӣ, муқаррар кардани хусусиятҳои бемор, интихоби усули босамари табобат ва муайян намудани пешомади маризӣ андешида мешавад.
Муоинаи умумӣ ва махсусро фарқ мекунанд. Муоинаи умумӣ дар мавриди ҳама гуна бемориҳо ба иҷро расонда мешавад; мақсади он ба даст овардани маълумот дар бораи бемор, муқаррар кардани алоқа байни бемории узви ҷудогона (мас., узвҳои босира, сомеа) ва ҳолати узвҳои дигар мебошад. Муоинаи махсус аз рӯи нишондодҳои муайян ё мутобиқ ба тартиби азназаргузаронии диспансерӣ баҳри ошкор сохтани бемориҳое, ки хоси соҳаҳои мустақили тиб (мас., дерматовенерология, неврология, психиатрия, стоматология, офталмология, урология ва ғ.) мебошанд, ба амал бароварда мешавад.
Муоинаи бемор аз рӯи нақшаи муайян сурат гирифта, дар мавриди он ҳама қоидаҳои деонтология риоя карда мешаванд.
Усулҳои тадқиқи коиникиро, ки ҳангоми М. б. истифода мегарданд, ба асосӣ ва иловагӣ ҷудо мекунанд. Ба усулҳои асосӣ пурсуҷӯ (ҷамъ овардани анамнез) ва аз назар гузаронидаи бемор, ангуштзанӣ, палмосидан, аускултатсия мансубанд. Усулҳои иловагӣ тадқиқоти гуногуни лабораторӣ ва асбобӣ, аз ҷумла сфигмоманометрия, тадқиқи рентгенологӣ, ташхиси радионуклидӣ ва ултрасадоӣ, санҷиши функсионалӣ ва ғ.-ро дарбар мегиранд.
Пурсуҷӯи беморро аз муқаррар кардани шикоятҳо сар мекунанд (ҳам шикоятҳои асосӣ ва ҳам он чизҳое, ки ба фикри бемор беаҳамият нестанд). Баъд дар бораи беморӣ (анамнез) ва ҳаёти бемор маълумот ҷамъ меоаранд, ба он эътибор додан лозим, ки муносибати мариз нисбати беморӣ чи гуна аст. Дар ин маврид мумкин аст иллати рӯҳӣ доштани бемор низ ошкор шавад (он санҷиши махсус мехаҳад). Сӯҳбат бояд оромона ва боварнок бошад. Аз рӯи шикояти бемор дар навбати аввал фаъолияти узвро санҷидан ё мас., ҷои осебро аз назар гузарондан лозим аст; фишори артерияро чен ё кори дилро гӯш мекунанд ва ғ.
Муоинаи умумӣ (аз рӯи арзёбии ақлу ҳуш, ҳолати рӯҳӣ, қиёфа, будан ё набудани нафастангӣ, сианоз, зардпарвин ва ғ.) дар бораи дараҷаи вазнинии беморӣ маълумоти нахустин медиҳад. Ҳамчунин habitus (маҷмӯи нишонаҳои зоҳирии бемор) низ ба назар гирифта мешавад (яъне ҷусса, конститутсия, қаду қомат, тарзи роҳравӣ, таносуби тахминии қад ва вазни бадан). Сипас пайдарпай сар, рӯй, гардан, бадан, дасту пой, ҳолати пӯст, луобпардаҳо, насҷи зери пӯст, уқдаҳои лимфавӣ ва мушакҳо, дар мавриди зарурат аъзои ҷинсиро аз назар мегузаронанд. Натиҷаи муоина барои ташхиси қаблии беморӣ хеле муҳим аст; дар баъзе мавридҳо он ҳатто барои ташхис бо як назар «кумак мерасонад». Мас., ҳангоми муоина ошкор шудани маҷмӯи чунин аломатҳо, ба монанди экзофталм, харобӣ, ларзидани ангуштони даст ва калон будани ғадуди сипаршакл далолат бар он аст, ки бемор гирифтори ҷоғари заҳрогин мебошад.
Баъди пурра аз назар гузарондани бемор узву бофтаҳоро бо ангуштон мепалмосанд. Ин имкон медиҳад, ки варам, омос, калон будани уқдаҳои лимфавӣ ва ғ. ошкор карда шаванд. Палмосидан барои арзёбии ҳарорати умумӣ ва ҷузъии бадан, тонуси мушакҳо, ҳаҷм ва топографияи баъзе узвҳо, омосҳо ва дардмандии онҳо, тургори бофтаҳо, набз, кори дил мусоидат мекунад.
Ангуштзанӣ барои ошкор сохтани андоза, шакл ва сарҳади баъзе узвҳои дарун, дараҷаи ҳавогирии шуш (барои ташхиси пневмония, эмфиземаи шуш, ателектази шуш муҳим аст), гиреҳ задани рӯда (ба мушоҳида расидани метеоризм), мавҷудияти обият дар ҷавфи шикам ва плевра (ниг. Астсит, Гидроторакс, Плеврит) муҳим аст. Ба тавассути аускултатсия дар бораи фаъолияти дил, шуш, рагҳо, меъда, рӯда маълумот ба даст меоранд.
Усулҳои иловагии М. б. барои аниқ кардани ташхис аҳамияти калон доранд; ҳангоми баъзе бемориҳо, хусусан дар давраи аввали инкишоф, ки онҳо ҳанӯз аломатҳои возеҳ надоранд (мас., давраҳои аввали омосҳои бадфарҷоми узвҳои дарун), ташхисро метавон фақат дар натиҷаи тадқиқоти рентгенологӣ, ултрасадоӣ ва лабораторӣ гузошт. Бархе аз усулҳои иловагии М. б. ба нақшаи муоинаҳои умумии клиникӣ дохил гаштаанд, мас., антропометрия, чен кардани фишори артерия (ФА) ва ҳарор. бадан, таҳлили умумии хун, пешоб ва пасафканд, таҳқиқи рентгенологии узвҳои сандуқи сина, барои одамони аз 40-сола боло – электрокардиография.
Як қатор усулҳои иловагии муоина вобаст ба нишондодҳои беморӣ таъин карда мешаванд, мас., томография, рентгенокимография, таҳқиқи рентгеноконтрастӣ (меъда, талхароҳа, рӯда, ғадуди шир ва ғ.), дар диспансерҳо – флюорография; хусусан томографияи компютерӣ аҳамияти калони ташхисотӣ дорад. Усулҳои таҳқиқи радиоизотопӣ, нусхабардории ғадуди сипаршакл, ҷигар, сипурз, гурда ва диг. узвҳо имкон медиҳанд, ки дигаргуниҳо дар ҷойгирӣ, андоза, ҳолати паренхима ва фаъолияти онҳо муқаррар карда шаванд. Солҳои охир баҳри муоина тадқиқоти ултарсадоӣ мавқеи хоссаро ишғол кардааст. Он дар баъзе ҳолатҳо аз тадқиқоти рентгенологӣ афзалият дорад, мас., ҳангоми таҳқиқи дил (эхокардиография), гурда, бачадон, тухмдон, талхадон. Аз усулҳои электрофизиологӣ ғайр аз электрокардиография ҳамчунин электроэнсефалография ва реографияро кор мефармоянд.
Ба сифати ташхисот хусусан усулҳои тадқиқоти эндескопӣ, аз ҷумла бронхоскопия, гастроскопия, ректороманоскопия, колоноскопия, систоскопия, перитонеоскопия ва ғ. таъсири мусоид расонданд. Онҳо имкон медиҳанд, ки ҳолати узвҳои дохилӣ омӯхта, дар мавриди зарурат бо мақсади ташхиси ситологӣ биопсия гузаронда шавад. Мурод аз истифодаи усулҳои сӯзанхалӣ – биопсияи гурда, ҷигар ва уқдаҳои лимфавӣ, трепанобиопсия, пунксияи ҷавфи шуш, перикард ва шикам, ки бевосита аз рӯи пӯст ба амал оварда мешавад, маҳз дар ҳамин аст.
Усулҳои ташхиси вазифавӣ (спирография, фонокардиография, электрокардиография, пневмотахография ва ғ.) ҳангоми М. б. ба мақсади муқаррар кардани вазъи кории узвҳои гуногун истифода мешаванд. Нишондодҳои фаъолияти дил (мас., ЭКГ) ва диг. узвҳо зери таъсири кори ҷисмонӣ, ҳамчунин дар давоми вақти муайян (як шаборӯз ва бештар), аҳамияти беандозаи ташхисотӣ доранд. Бо ин мақсад аз тестҳо бо таъсироти ченакӣ (мас., велоэргометрия), ЭКГ-и мониторӣ, ФА-и мониторӣ ва ғ. истифода мекунанд. Ташхисоти лабораторӣ аз усулҳои сершумори ҳуҷайравӣ ва химиявӣ, омӯзиши хусусиятҳои физикӣ, биологӣ ва химиявии бофтаҳою моеъҳои организм, нишондодҳои иммунитет, инчунин ошкор кардани ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ иборат аст.
Санҷишҳои лабораторӣ, одатан, дар асоси муоинаи умумии бемор таъин карда мешаванд. Вале баъзе санҷишҳои лабораториро қатъи назар аз бемории асосӣ низ мегузаронанд. Мас., дар беморхона дар баробари таҳлили умумии хун, пешоб ва ахлот (барои тухми киҷҷа) хуни ҳамаи беморонро ба реаксияи Виссерман, СПИД, ҳамчунин мавҷудияти глюкоза, билирубин, холестерин, дурдаи пешоб низ таҳқиқ мекунанд.
У. Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …