Ё Илоҳо, ҳамраҳам имон кунӣ,
Талхии ҷонканданам осон кунӣ.
Раҳматат дарёи ом аст, беканор,
Бар сарам ҳар лаҳзае селон кунӣ.
Нури имон бар дилам маҳкам бикун,
Ҳам халос аз чангали шайтон кунӣ.
Гуфтаӣ «ло тақнату мин раҳматӣ»,
Ҳам Ғафурӣ, ваъда дар Қуръон кунӣ.
Ҳам ба ҳаққи даҳ сифотат, эй Карим,
Қатрае аз Кавсарат эҳсон кунӣ.
Дар шаби аввал ба гури тангу тор,
Андар он шаб соате меҳмон кунӣ.
Бар саволи Ҳазрати Мункар Накир,
Як тараҳҳум бар мани ҳайрон кунӣ.
Хонаи гурам, ки пур аз муру мор,
Равзае аз ҷониби Ризвон кунӣ.
Рӯзи маҳшар аз сиротам бигзарон,
Сӯйи ҷаннат ҳам барӣ, шодон кунӣ.
Ман ғаминам, ҳам хиҷил аз кардаҳо,
Бо таҷаллои Худат хандон кунӣ.
Ё Раб, имрӯзам, ки ман меҳмони Ту,
Вақти рафтан бар сарам некон кунӣ.
Соили бечора омурз аз карам,
Ҳам ҳисоби охират осон кунӣ.