Главная / Маданият ва санъат / Муноҷоти Ҳазрати Увайси Қаранӣ (раз) бо таълими Ҳазрати Ҷабраил (а) дар хоб

Муноҷоти Ҳазрати Увайси Қаранӣ (раз) бо таълими Ҳазрати Ҷабраил (а) дар хоб

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Малико, Подшоҳо, Парвардгоро, забони моро, ки тӯтии қафаси тани мост ба нидои «Ё айюҳа-л-лазина оману-зкуруллоҳа зикран касиро»[1] гӯё дорӣ.

Илоҳо, дидаҳои моро, ки талояи ниҳоди мост ба назари «Фа-нзуру ило осори раҳматиллоҳ»[2] бино гардонӣ.

Илоҳо, гушҳои моро ба истимои «Ва изо қуриа-л-Қуръону фа-стамеу лаҳу»[3] шунаво дорӣ.

Илоҳо, синаҳои моро аз васвоси «Ювасвису фӣ судури-н-носи, мина-л-ҷиннати ва-н-нос»[4] эмин гардонӣ.

Илоҳо, айвони ҷалоли дили моро, ки саводи аъзами султони вилояти имон аст аз бори «Улоика катаба фӣ қулубиҳиму-л-имон»[5] холӣ магардонӣ.

Илоҳо, дастҳои моро аз гирифтани луқмаи ҳаром «Ва ло таъкулу амволакум байнакум би-л-ботил»[6] нигоҳ дорӣ.

Илоҳо, қадамҳои моро ба иззати «Анна лаҳум қадама сидқин инда Раббиҳим»[7] собит гардонӣ.

Илоҳо, фарзанди ҳар яке аз ин бандагонатро ба мактаби «Ар-Раҳмону аллама-л-Қуръон»[8] ба ташриф мушарраф гардонӣ.

Илоҳо, падарону модарони моро, ки маҳбуси зиндони лаҳаданд ба башорати «Юбашшируҳум Раббуҳум бираҳмати-м-минҳу ва ризвон»[9] мукаррам гардонӣ.

Илоҳо, дар он соат, ки ҷони мо азми мароқиди тавил кунад, моро аз ҷавоби яқини «Иниаллоҳа яғфиру-з-зунуба ҷамиъо»[10] ҷудо магардонӣ.

Илоҳо, шаҳрҳои исломро аз ғорати подшоҳони фосид «Инна-л-мулука изо дахалу қарятан афсадуҳо»[11] нигоҳ дорӣ.

Илоҳо, лашкари исломро ба оёти “Кам мин фиатин қалилатин ғалабат фиатан касиратам би изниллоҳ”[12] музаффару мансур гардонӣ.

Илоҳо, авратони солиҳаро, ки шабу рӯз ҷуз ризоӣ ту ба амали дигар намекӯшанд дар кунфи исмати «Ва яхфазна фуруҷаҳунн»[13] маҳфузу маъмун дорӣ.

Илоҳо, беморони дорулисломро аз дорухонаи «Ва нуназзилу мина-л-Қуръоии мо Ҳува шифоув-ва раҳмату-л-ли-л-муъминин»[14] шарбати офияташон карам фармоӣ.

Илоҳо, мусофироне, ки дар сафаранд аз хатари «Иннамо ҷазоу-л-лазина юҳорибуналлоҳа ва расулаҳ»[15] нигоҳ дорӣ.

Илоҳо, уламои динро ба дараҷоти «Ва-л-лазина уту-л-илма дараҷот»[16] ороста дорӣ.

Илоҳо, тавонгарони соҳиблутфу шафқатро, ки ба навъе дастгирии муфлисони муъмин месозанд, ба хилъати «Ағниёа мина-т-таъаффуф»[17] мустазҳар дорӣ.

Илоҳо, дарвешони вақтро ба либоси «Инналлоҳа маъа-с-собирин»[18] музайян дорӣ.

Илоҳо, дидори худро, ки Худои азза ва ҷалла ва Карими лам язалӣ рӯзии мо гардонӣ.

Илоҳо, ҳоҷоти ҳамаи бандагонро, ки медонӣ баровардаи хайр гардонӣ, ба ҳурмати дини мусулмони ҳоҷоти ҳамаро баровардаи хайр гардонӣ, ё илоҳа-л-оламин ва ё Хайра-н-носирин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Сураи Ахзоб, ояти 41.

[2] Сураи Рум, ояти 50.

[3] Сураи Аъроф, ояти 204.

[4] Сураи Нос, оятҳои 5-6.

[5] Сураи Муҷодала, ояти 22

[6] Сураи Бақара, ояти 188.

[7] Сураи Юнус, ояти 2.

[8] Сураи Раҳмон, оятҳои 1-2

[9] Сураи Тавба, ояти 21.

[10] Сураи Зумар, ояти 53.

[11] Сураи Намл, ояти 34.

[12] Сураи Бақара, ояти 249.

[13] Сураи Hyp, ояти 31.

[14] Сураи Исро, ояти 82.

[15] Сураи Моида, ояти 33.

[16] Сураи Мучодала, ояти 11.

[17] Сураи Бақара, ояти 273.

[18] Сураи Бақара, ояти 153.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …