Главная / Маданият ва санъат / Муноҷот ба даргоҳи Қозиюлҳоҷот

Муноҷот ба даргоҳи Қозиюлҳоҷот

Худовандо, ба ҳаққи ҷуду фазлат,
Ба ҳаққи қудрату изҳори адлат.
Ба ҳаққи нуру анвору сифотат,
Ба ҳаққи қудрату асрори покат.
Ба ҳаққи қудратат бар чархи афлок,
Ба ҳаққи санъатат дар пардаи хок.
Ба ҳаққи Одаму нури чҷамолаш,
Ба ҳаққи Шису асрори камолаш.
Ба ҳаққи Нуҳу Иброҳиму Исҳоқ,
Ба ҳаққи Юсуфу Яъқуби муштоқ.
Ба ҳаққи Юнусу Довуду Ҷирҷис,
Ба ҳаққи Солеҳу Яҳёву Идрис.
Ба ҳаққи Юшаъу Луту Сулаймон,
Ба ҳаққи Исиву Мусои Имрон.
Ба ҳаққи садру бадри ҳарду олам,
Ки ӯ буд сарвари авлоди Одам.
Ба ҳаққи хилвати хоси Муҳаммад,
Ба сидқу сафват, ихлоси Муҳаммад.
Ба ҳилму илми он чор ёри сарвар,
Абӯбакру Умар, Усмону Ҳайдар.
Ба ҳаққи аҳли байту ҷумла асҳоб,
Ба ҳаққи он шаҳиди дида пуроб.
Ба ҳаққи раҳбари Иброҳим Адҳам,
Ба ҳаққи Боязид он сирри маҳрам.
Ба ҳаққи Шибливу Мансури Ҳаллоҷ,
Ба ҳаққи Бӯсаъид он сирри муҳтоҷ.
Ба ҳаққи Шайх Абдуллоҳи Сарбоз,
Ба ҳаққи Шайх Абӯисҳоқи дамсоз.
Ба ҳаққи гашта асрори ниҳонӣ,
Ба ҳаққи чҷурмҳои ногаҳонӣ.
Ба ҳаққи рӯзу шаб бедордорон,
Ба ҳаққи гиряи парҳезгорон.
Ба ҳаққи қадди чун сарви ҷавонон,
Ба пушти чун камони нотавонон.
Ба ҳаққи наварӯсон дар кафанҳо,
Ба ҳаққи моҳрӯён дар лаҳадҳо.
Ба ҳаққи куштагони рӯй бар хок,
Ба мазлумону муштоқони ғамнок.
Ба ҳаққи содиқони роҳдида,
Дар ин водӣ ба сарманзил расида.
Ба ҳаққи оби чашми пургуноҳон,
Ба ҳаққи оҳи сарди узрхоҳон.
Ба ҳаққи мондагон аз корвонҳо,
Ба дурафтодагон аз хонумонҳо.
Ба ҳаққи гунаи зарди ятимон,
Ба ҳаққи ҷони пурдарди асирон.
Ба ҳаққи оҳи пирон дар саҳаргоҳ
Ба ҳаққи иззату инъоми Аллоҳ.
Ба ҳаққи оҳи сарди нотавонон,
Ки гӯяд cap ба cap ҳоли ҷавонон.
Ба фарёди мани бечора Худ рас,
Туӣ фарёдрас, фарёди ман рас.
Надорам тоқати ин баҳри хунхор,
Аз ин гирдоби ғамхорам бурун ор.
Ба номат хатм кардам ин муноҷот,
Ки медонам Туӣ қозии ҳоҷот.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …