Главная / Илм / МУКОВИССИДОЗ

МУКОВИССИДОЗ

mukvovisidozМУКОВИССИДОЗ (Mucoviscidosis; лот. mucus – луоб ва viscidus – часпак), кистофибрози ғадуди зери меъда, панкреофиброз, бемории ирсӣ, ки дар мавриди он фаъолияти ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ халал меёбад. Яке аз бемориҳои маъмули ирсӣ буда, таносуби он дар байни навзодҳо тақр. 1 : 2000 аст.
М. пурра тадқиқ нашудааст. Бино ба баъзе маълумот он энзимопатияи ирсӣ буда, бо роҳи аутосомӣ-ретсессивӣ мерос мемонанд. Аломати М. нуқси ферментҳое мебошад, ки дар кори ҳосил шудани полисахаридҳо (дар таркиби луобе, ки дар ғадудҳои эндокринии луобпардаи рӯда, роҳи нафас, маҷрои талха ва ғадуди зери меъда ҳосил мешаванд, мавҷуданд) иштирок менамоянд. Дар натиҷа хосиятҳои физикӣ ва химиявии тарашшӯҳот тағйир ёфта, он часпак мешавад, маҷрои ғадудро мебандад, бинобар ин дар ғадуд дигаргуниҳои кистозӣ рух медиҳанд, фаъолияти узвҳои марбута (рӯда, шуш, ҷигар, ғадуди зери меъда) тағйир меёбад.
М.-ро дар беморхона табобат мекунанд. Ҳангоми баста будани рӯдаҳо ҷарроҳии оҷил зарур аст; хелҳои дигари беморӣ бо парҳез, витаминҳо, доруҳои ферментӣ, гормонҳои анаболӣ, гузаронидани плазма ва ғ. муолиҷа карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …