Главная / Илм / МӯҲРА

МӯҲРА

muhraМӯҲРА (Vertebra), устухонҳое, ки дар якҷоягӣ сутунмӯҳраро ба вуҷуд меоваранд.М.-ҳо новобаста аз мансубият ба қисмҳои гуногуни сутунмӯҳра сохти умумӣ доранд. М. аз тана ва камонак иборат аст. Танаи М. аз қисми пеш ҷойгир буда, вазифаи такягоҳро иҷро мекунад. Камонак аз қафо ба воситаи пояча ба танаи М. пайваст мебошад. Байни тана ва камонак сӯрохӣ мавҷуд аст, ки баъди болоиҳам ҷой гирифтани М.-ҳо гузаргоҳи сутунмӯҳраро ба вуҷуд меоваранд. Дар гузаргоҳ (канал)-и сутунмӯҳра ҳароммағз ҷойгоҳ дорад.
Дар сатҳи қафои танаи М. сӯрохии ғизогирӣ дида мешавад. Тавассути он рагҳои хунгард (артерия ва венаҳо), ҳамчунин асабҳо мегузаранд. Аз камони М.-ҳо шохачаҳо мебароянд, ки ба онҳо ниём (мушакпарда) ва мушакҳо устувор гаштаанд. Аз сатҳи мобайн ҷониби қафо бо ном шохаи шавкӣ (нӯгтез), аз камонак ба чапу рост бошад, шохаҳои кӯндаланг вуҷуд доранд. Аз камони М. ба боло ва поён як ҷуфт шохаҳои забарӣ ва зерии бандҳо ба чашм мерасанд. Асоси шохаҳои бандҳо аз комаҳои болоӣ ва поёнии М. иборат аст. Ҳангоми ба ҳамдигар васл шудани М.-ҳо комаҳои болоӣ ва поёнӣ сӯрохиҳои рост ва чапи байнимӯҳравиро пайдо мекунанд. Ба воситаи ин сӯрохӣ рагҳои хунгард ва асабҳои ҳароммағз мегузаранд. Дар баробари ин М.-ҳои қисмҳои гуногуни сутунмӯҳра сохт ва хусусиятҳои махсуси худро доранд.
Ниг. низ Сутунмӯҳра, Устухон, Ҳароммағз.
КЛ
Расми 1. Мӯҳраи сина. А – намуд аз пҳлӯ: 1 – танаи мӯҳра; 2 – ҷойгоҳи болоии қабурға; 3 – комаи болоии мӯҳра; 4 – шохачаи болоии банд; 5 – шохаи кӯндаланг; 6 – шохаи шавкӣ; 7 – шохаи поёнии банд; 8 – комаи поёнии мӯҳра; 9 – ҷойгоҳи поёнии қабурға. Б – намуд аз боло: 1 – камони мӯҳра; 2 – шохаи кӯндаланг; 3 – сӯрохи мӯҳра; 4 – шохаи болоии банд; 5 – ҷойгоҳи қабурғавии шохаи кӯндаланг; 6 – шохаи шавкӣ (нӯгтез).
Расми 2. Мӯҳраи гардан; намуд аз боло. 1 – танаи мӯҳра; 2 – ҷойгоҳи қабурға; 3 – шохаи кӯндаланг; 4 – шохаи болоии банд; 5 – шохаи шавкӣ; 6 – сӯрохи шохаи кӯндаланг (сӯрохи артерияи сутунмӯҳра).
Расми 3. Мӯҳраи аввали гардан – атлант; намуд аз боло. 1 – камони пеш; 2 – ғафсии канорӣ; 3 – шохаи қабурға; 4 – сӯрохи шохаи кӯндаланг (сӯрохи артерияи сутунмӯҳра); 5 – шохаи кӯндаланг; 6 – ҷӯяки артерияи мӯҳра; 7 – камони ақиб; 8 – дӯнгичаи ақиб; 9 – сатҳи болои банд; 10 – дӯнгичаи пеш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …