Главная / Илм / МУҲАММАДАКБАРИ АРЗОНӣ

МУҲАММАДАКБАРИ АРЗОНӣ

nophotoМУҲАММАДАКБАРИ АРЗОНӣ (с. тав. номаълум – ваф. баъд аз с. 1718), ҳаким Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавии маъруф ба Арзонӣ, яке аз табибони машҳур ва сермаҳсули Ҳиндустон. Дар замони Аврангзеб аз Шероз ба Ҳиндустон омадааст. Фаъолияти тиббии ӯ асосан дар дарбор гузаштааст. М. А. донишҳои тиббии арабу аҷам ва ҳиндро хеле хуб хулоса карда, дар асарҳояш инъикос намудааст. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Тибби акбарӣ», «Мизони тиб», «Талхиси «Тибби набавӣ», «Муфарриҳу-л-қулуб», «Қарободини қодирӣ», «Муҷарработи акбарӣ», «Ҳудуду-л-амроз» ва «Тибби ҳиндӣ».
Ад.: Verma, R. J., «Greco-arabic medicine in Medieval indiaits hakims and hospitals» – from «Hamdard medicus», vol. 22, 1977; Абдулҳайи Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломияту фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983.

С. Шаҳобуддинов.

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …