Главная / Илм / МУҲАММАД АЪЗАМХОНИ РОМПУРӣ

МУҲАММАД АЪЗАМХОНИ РОМПУРӣ

nophotoМУҲАММАД АЪЗАМХОНИ РОМПУРӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1902), яке аз табибони номдор ва сермаҳсули а. 19 Ҳиндустон. Мулаққаб ба Нозими Ҷаҳон буда, дар хонадони Ҳаким Шоҳаъзамхон дар ш. Мустафообод (Ромпур) ба дунё омадааст. Зиндагӣ ва фаъолияташ низ дар ҳамин шаҳр сурат гирифтааст. Асли хонадони эшон аз Сиистон буда, сипас ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд. М. таълифоти зиёде дар тиб дорад. Гуфтан мумкин аст, ки осори ӯ хулоса ва ҷамъбасти осори тиббии ҳазорсолаи форсу тоҷик ба шумор меравад. Умдатарин таълифоти ӯ инҳост: «Иксири аъзам» иборат аз чор ҷилди бузургҳаҷм; «Қарободини аъзам» дар як муҷаллади бузург дар баёни доруҳои мураккаб; «Муҳити аъзам» дар баёни доруҳои сода; «Рамузи аъзам»; «Рукни аъзам»; «Наййири аъзам», «Хавосу-л-адвия» ва ғ.
Ад.: Абдулҳайи Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димшқ, 1983.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …