Главная / Илм / МУҒУЛЧОЙ

МУҒУЛЧОЙ

mugulchoyМУҒУЛЧОЙ (Bergenia stracheyi), зардчой, баргчой, гиёҳест бисёрсола. Решааш дароз, баргаш сабз, гулаш зангӯламонанди гулобӣ, тухмаш суфта ё чиндор. Июл – авг. гул карда, мева мебандад. Дар тарқиши шахҳои намнок ва мавзеъҳои санглох (дар баландии 2500 – 3800 м аз с.б.) мерӯяд.
М. дар тибби мардумӣ аз қадим маълум аст. Баргу решаи онро дар охири давраи нашв ҷамъоварӣ менамоянд. Сокинони Язғулом, Ванҷ ва Қаротегин реша ва бехи М.-ро чой карда, ҳангоми ихтилоли кори меъдаю рӯда, табларза, ғалаёни хун, шамолхӯрӣ менӯшанд. Баргҳои хушки М.-ро пештар ба ҷойи чой («баргчой») истифода мебурданд. Қиёми решаи М.-ро дар мавриди колит, энтероколит, барои табобати эрозияи гарданаи бачадон, стоматит, гингивит тавсия медиҳанд. Ҳангоми исҳоли хунин қиёми М.-ро рӯзе се маротиба якқошуқӣ истеъмол менамоянд. Муайян шудааст, ки М. фишори хунро паст мекунад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …