Главная / Илм / МУФРАДОТ

МУФРАДОТ

mufradoМУФРАДОТ, дар тибби қадими тоҷик давоҳоеро номанд, ки аз як модда иборатанд. М. наботӣ, ҳайвонӣ ва ҷамодӣ мешавад. М.-и наботиро аз гул, барг, поя, реша, пӯстлох, самар, равған, шира ва шилми растаниҳо тайёр мекарданд. Мас., аз чормағз, тут, бед, зардолу, анҷир, газ, бобуна, бӯймодарон, сарсабил, оқирқирҳо, пудина, кунҷид, зарпечак ва ғ. М.-и ҳайвонӣ аз одам, чорво, даррандаҳо, хазандаҳо, паррандаҳо ва ҳашарот гирифта мешавад. Ин навъи давоҳоро асосан аз шох, чашм, сум, пӯст, ҷигар, заҳра, гӯшт, чарбу, хун, нохун, устухон, мӯй ва ғ. тайёр мекунанд. М.-и ҷамодиро аз чизҳои беҷон, аз ҷумла сангҳои гуногун, гил ва хок, ҷавоҳирот, фулузот, алмос, оҳак, гач, намакҳо ва диг. маъданҳо ҳосил мекунанд.
Давоҳо аз тариқи пухтан, кӯфтан, ос кардан, сӯхтан, тақтир кардан, дар об ҷӯшондан ё тар намудан, равған, ангишт ё хокистар ҳосил кардан ва ғ. тайёр карда мешаванд. Ба ақидаи уламои тиб ҳар як даво дар ҳудуди чаҳор дараҷа мизоҷи ба худ хосе дорад, ки ҳар як дараҷа дар навбати худ аз ҳадди аввал, васат ва охир иборат аст ва ҳамаи онҳо 48 тафсилотро дар табиати давоҳо дар бар мегиранд (ниг. Мизоҷ). Ба ғайр аз ин давоҳо зиёда аз 100 сифати умумӣ низ доранд, аз ҷумла, ҷолӣ (поккунанда), ҷозиб (кашанда), ҷомид ё муҷаммид (бастакунанда), ҳолиқ (сутуранда ва тарошанда), ҳаккок ё муҳаккик (бахоришоваранда), хотим (хатмкунанда), родеъ (манъкунанда, радкунанда ва пастгардонанда), осир (фишоранда), ғассол (шустушӯдиҳанда), қотил (кушанда), қошир (харошандаи пӯст ва ҷудокунандаи он), ковӣ (доғкунанда ва дафъкунандаи бод), лодиғ (газанда), лазич (часпанда), мубаррид (сардкунанда), мубаҳҳӣ (баҳаракатоварандаи қуввати бод), муҷаффиф (хушккунанда), муҳаммир (сурхкунанда ва тафсонанда), мухашшин (дурушт ва дағалкунанда), мудаммил (васеъкунанда ва чоккунанда), мураххӣ (сусткунанда), мураққиқ (суюқкунанда), мусаддид (банду баст оваранда), музаллиқ (лағжонандаи фузул), мусаккин (таскиндиҳанда), мусҳил (исҳолкунанда), муслиб (сахткунанда), мутаффӣ (пасткунандаи ҷӯшу хурӯши ахлот), муарриқ (арақоваранда), муаттис (атсаоваранда), муфаттеҳ (кушояндаи бастагиҳо), муаффин (бадбӯгардонанда), муфаттит (шикананда ва поракунандаи сангреза), муфаҷҷиҷ (хомкунанда), муфарреҳ (фараҳоваранда), муфашшӣ (парокандакунанда), муқаттеъ (ҷудокунанда), муқаййӣ (қайоваранда), муқарреҳ (захмкунанда), муқаввӣ (қувватбахшанда), манзич (пазонанда), мунаффих (бодноккунанда), мувассихи қурӯ (чирковаранда дар захмҳо) ва ғ.
Ниг. низ Дору.

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …