Главная / Ҷамъият / Мудофиаи гражданӣ

Мудофиаи гражданӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи мудофиаи гражданӣ

 МаҶлиси намояндагон 3 декабри соли 2003 қабул кардааст

МаҶлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, № 2, мод.38; с. 2007, № 3, мод.161;

Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1147)

Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Точикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӣ 

Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи гражданӣ

Мудофиаи гражданӣ – маҶмўи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

– пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои Ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони Ҷанг;

– таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳонӣ, барои иҶрои вазифаҳо дар замони Ҷанг;

– ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва Ҷузъу томҳои зудамали қўшунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҶотдиҳӣ ва нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҶрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони Ҷанг;

– ташкили захираҳои эҳтиётии сафарбарсозии амволи молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

– ташкили фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳо) мудофиаи гражданӣ;

– ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ;

– ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ – сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ Ҷиҳати иҶрои вазифаҳояшон дар замони Ҷанг;

– ташкили омўзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ;

– анҶом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботҳои муҳандисӣ – техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо;

– ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ;

– сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиётҳои Ҷангӣ, хатари ҳавоӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва хатари дигар;

– Ҷойгиронӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурўҳи мудофиаи гражданӣ мансубдонисташуда ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зериобмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар;

– ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ;

– гузаронидани чорабиниҳои рўшноипинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои иқтисодиёт;

– анҶом додани корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазир;

– таъминоти аввалиндараҶаи аҳолии дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ зарардида, аз он Ҷумла бо хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин расонидани ёрии аввалиндараҶаи тиббӣ, таъминот бо Ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарурӣ;

– мубориза бар зидди сўхторҳое, ки дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ ба вуқўъ меоянд;

– муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд;

– безараргардонии аҳолӣ, техника, биноҳо, ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ;

– барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ зарар дидаанд;

– таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ ҳангоми Ҷанг;

– дафн намудани Ҷасадҳо ҳангоми Ҷанг;

– таҳия ва амалӣ намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншоотҳое, ки барои фаъолияти устувори иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ, ки дар ҳолати Ҷангӣ заруранд;

– таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.

 

Моддаи 4. Асосҳои ташкил ва Ҷорӣ намудани мудофиаи гражданӣ

 

Ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи гражданӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи принсипи ҳудудию истеҳсолӣ ва бо назардошти хусусиятҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон ташкил карда мешавад.

Тайёрии давлат ба мудофиаи гражданӣ пешакӣ дар замони осоишта бо дарназардошти тараққиёти силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҶум ва хатарҳое, ки дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати Ҷангӣ, амалан оғоз ёфтани амалиётҳои ҳарбӣ ё аз Ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани вазъияти ҳарбӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он оғоз меёбад.

 

Моддаи 5. ДараҶабандии ҳудудҳо ва иншоотҳои мудофиаи гражданӣ

 

ДараҶабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодиёт бо мақсади ба таври комплексӣ ва тафриқавӣ гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ амалӣ карда мешавад.

ДараҶабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодиёт вобаста ба аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавӣ доштани онҳо, мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Боби 2.

Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар

соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 6. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– сиёсати давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян месозад;

– Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

– Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави Ҷумҳурӣ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он ба таври пурра ё қисман Ҷорӣ менамояд;

– сохтор, ҳайати қўшунҳои мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои штатӣ ва маҳалҳои Ҷойгиршавии онҳо, Низомномаи қўшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

– ба ҳайати олии афсарӣ рутбаҳои ҳарбӣ медиҳад ё рутбаҳои онҳоро паст менамояд, маҳрум месозад ё барқарор менамояд;

– дигар ваколатҳоро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ таъмин менамояд;

– дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ қабул менамояд;

– ба ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ менамояд;

– тартиби банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мудофиаи гражданиро муайян намуда, иҶрои онро назорат менамояд;

– ба Нақшаи рушди иқтисодию иҶтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мудофиаи гражданиро дохил намуда, Ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои татбиқи онҳо таъмин месозад;

– тартиб ва меъёрҳои ба гурўҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб донистани шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин иншоотҳои махсусан муҳимро, ки дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозанд ё ба бехатарии аҳолӣ таъсир мерасонанд, муайян месозад;

– Нақшаи муайян намудани маҳалҳои Ҷойгиркунӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ, инчунин арзишҳои моддии мамлакатро дар ҳолатҳои ба миён омадани хавф ва оғоз ёфтани амалиётҳои Ҷангӣ тасдиқ менамояд;

– чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти иқтисодиёти мамлакат дар замони Ҷанг амалӣ мегардонад;

– номгўи техникаи махсус ва молу мулкеро, ки мақомоти идора, қисмҳо ва Ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ бо онҳо муҶаҳҳаз гардонида мешаванд, тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

– номгўй, сохтор, ҳайат, пуррагардонӣ ва муҶаҳҳазгардонии мақомоти идора ва нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва заминаи таъсисёбии онҳоро муайян ва тасдиқ менамояд;

– ба вазоратҳо, идораҳо, мақомоти  иҶроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифаҳоро оид ба тайёр намудан ва ба мақомот ва қўшунҳои мудофиаи гражданӣ додани техника, воситаҳои алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникӣ ҳангоми эълони сафарбарсозӣ ва иҶро намудани дигар вазифаҳои сафарбарсозӣ муқаррар менамояд;

– тартиби ташкили фонди иншоотҳои муҳофизатӣ ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин тартиби захиранамоӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои моддию техникӣ, хўрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро бо мақсадҳои мудофиаи гражданӣ муайян месозад;

– тартиб ва мўҳлатҳои гузаронидани Ҷамъомадҳои таълимӣ ва махсуси ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданиро муайян месозад;

– шартномаҳои байниҳукуматиро Ҷиҳати ҳамкориҳо дар риштаи мудофиаи гражданӣ ба имзо расонда, барои таъмини иҶрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ чораҳо меандешад;

– дигар ваколатҳоро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҶом медиҳад.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

                    Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ амалӣ месозад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар доираи ваколатҳои худ:

– роҳбарии ҳамарўзаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ сохта, барои ба роҳ мондан, тараққию ташаккул, тайёрӣ ва омодагии доимии он Ҷавобгў мебошад;

-лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба таъсис, сохтор ва ҳайати мақомоти идора, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, огоҳонидан ва алоқа, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёт ҳангоми рўй додани амалиётҳои Ҷангӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таҳия ва ба баррасию  тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-дар доираи салоҳиятҳои худ қарорҳоро оид ба ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ки иҶрои онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, тамоми шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, қабул менамояд;

-Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд;

-самтҳои асосии фаъолияти мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозад;

-сари вақт огоҳонидани ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва аҳолии мамлакатро аз хавфи рўй додани амалиётҳои Ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ ба амал меоянд, таъмин менамояд;

-тайёрӣ ва омодагии сафарбарсозии мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ ва таъмин месозад;

-идораи қувваҳои мудофиаи гражданиро дар Ҷараёни анҶом додани корҳои наҶотдиҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои амалиётҳои Ҷангӣ амалӣ месозад;

-роҳбарии қўшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҶом медиҳад;

-бонгҳои огоҳкунии мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва Ҷорӣ намуда, амалҳои аҳолиро дар асоси онҳо ташкил ва идора менамояд;

-созмон, муҶаҳҳаз гардондан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорони мудофиаи гражданӣ, инчунин омўзиши аҳолии мамлакатро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамояд;

-гурўҳҳои қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон дода, идоракунии онҳоро дар рафти бурдани корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазир ташкил менамояд;

-таҳияи воситаҳои таълимию методӣ, барномаҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ-сардорон ва ҳайати шахсии мақомоти идора, қўшунҳо ва нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва омўзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ҳамоҳанг месозад ва тасдиқ менамояд;

-бо тартиби муқарраргардида дархостҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ, истеҳсол ва таъмини аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, молу мулки махсус, инчунин таъмири техника ва дигар амволи мудофиаи гражданӣ пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-ташкил ва назорати таъмини ҳаёт ва фаъолияти аҳолии дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ зарардидаро амалӣ месозад;

-пешниҳодотро оид ба ташкили фондҳои эҳтиётии сафарбарсозии молу мулкимахсуси мудофиаи гражданӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд, назорати доимиро Ҷиҳати пуррагардонӣ, Ҷойгиркунӣ, шароити нигоҳдорӣ ва сари вақт ивазкунии онҳо вобаста ба мўҳлатҳои нигоҳдориашон ба роҳ мемонад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва таҶрибавию ихтироотиро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави мамлакат аз воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда ва хатарҳое, ки ҳангоми амалиётҳои Ҷангӣ ба вуқўъ меоянд, ташкил менамояд;

-назорати иҶрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамояд;

-ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ анҶом медиҳад;

-дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намудааст, анҶом медиҳад.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-мақомоти идораи мудофиаи гражданиро аз хавфи сар задани амалиётҳои Ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҶаи амалиётҳои Ҷангӣ ба вуқўъ меоянд, инчунин аз эълони сафарбарсозӣ огоҳ месозад;

-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба иншоотҳои зарбаҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳавоии душман, инчунин иншоотҳо ва маҳалҳои эҳтимолии амалиётҳои диверсионӣ-Ҷосусии душман пешниҳод менамояд;

-оид ба ҳайат, шумора ва таҶҳизоти қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иҶрои корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазир дар замони Ҷанг Ҷудо карда шудаанд, мақомоти идораи мудофиаи гражданиро огоҳ месозад;

-мақомоти идораи мудофиаи гражданиро аз ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Ҷойгир намудани аҳолии эвакуатсияшуда ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ истифодаашон имконнопазир аст, огоҳ месозад;

-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба нуқтаҳои Ҷамъшавии даъватшавандагон ва эҳтиёҶоти нуқтаҳои мазкур ба иншоотҳои муҳофизатӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ пешниҳод менамояд;

-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба ҳайати даъватшавандагони эҳтиётӣ ва манбаъҳои техникии иншоотҳои иқтисодӣ, ки дар замони Ҷанг барои эҳтиёҶоти мудофиаи гражданӣ истифода бурда мешаванд, пешниҳод менамояд;

-нақшаҳои ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таҳия менамояд.

Дигар ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-роҳбарии мудофиаи граждании соҳаро анҶом медиҳанд;

-санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ қабул намуда, талаботи онҳоро ба маълумоти сохторҳои таркибии худ расонида, иҶрои онҳоро назорат мекунанд;

-чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, онҳоро дар сохторҳои таркибии худ доир менамоянд;

-мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ медоранд, инчунин пуррагардонӣ ва бо молу мулки зарурӣ таъмин намудани онҳоро амалӣ месозанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва омўзиши коргарону хизматчиёни соҳа ва ташкилотҳои тобеъро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-чорабиниҳои ташкилӣ ва муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро, ки баҳри нигоҳ доштани ташкилотҳо ва устувории фаъолияти онҳо дар давраи Ҷанг равона карда шудаанд, таҳия ва амалӣ месозанд;

-чорабиниҳоро оид ба Ҷойгиркунонӣ ва эвакуатсияи ташкилотҳои тобеъ ва коргарону хизматчиёни онҳо ба маҳалҳои бехатар, ки мувофиқи нақшаи мудофиаи гражданӣ муқаррар карда шудааст, ба нақша гирифта, дар таъмини омодагии саривақтии ин маҳалҳо барои қабули эвакуатсияшавандагон иштирок менамоянд;

-оид ба Ҷалби қувваҳои мудофиаи граждании тобеъ барои гузаронидани корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазир дар дигар ташкилотҳо қарор қабул менамоянд;

-бо тартиби муқарраршуда таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии чорабиниҳои мудофиаи гражданиро, ки дар ташкилотҳои тобеъ ва умуман дар соҳа гузаронида мешаванд, таъмин менамоянд;

-ҳангоми ба лоиҳагирии сохтмон ва баистифодадиҳии ташкилотҳои тобеъ риоя гардидани меъёрҳои муқарраршудаи муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро таъмин менамоянд;

-вобаста ба эҳтиёҶоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хўрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;

-дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намудааст, анҶом медиҳанд.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти иҶроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Мақомоти иҶроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ:

-роҳбарии мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҶом медиҳанд;

-таъсис додани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҶом медиҳанд;

-дар доираи салоҳияти худ вобаста ба масъалаҳои ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави худ қарорҳо қабул менамоянд;

-гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ташкил намуда, нақшаҳои мудофиаи гражданиро таҳия ва амалӣ месозанд;

-баҳри дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, системаи огоҳкунӣ ва алоқа, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ чораҳо меандешанд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорон, ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро амалӣ месозанд;

-омўзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-сари вақт огоҳонидани аҳолиро оид ба сар задани амалиётҳои Ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҶаи бурдани амалиётҳои Ҷангӣ ба вуқўъ меоянд, таъмин менамоянд;

-маҳалҳои бехатар ва муассисаҳои табобатиро барои Ҷойгир намудани аҳолии эвакуатсияшаванда тайёр менамоянд;

-чорабиниҳоро Ҷиҳати эвакуатсия намудани аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ ба маҳалҳои бехатар Ҷойгир намудани онҳо, кушодани муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳое, ки барои таъминоти аввалиндараҶаи аҳолии зарардида заруранд, анҶом медиҳанд;

-Ҷалб ва истифода бурдани қувва ва воситаҳои дар ихтиёрашон бударо барои амалӣ намудани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамоянд;

-фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳои) мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ ташкил медиҳанд;

-барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои сафарбарсозии молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ шароит муҳайё намуда, инчунин захираи амволи ҳамарўза истифодашавандаи мудофиаи гражданиро ташкил ва нигоҳдории онҳоро таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-чорабиниҳои баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳоро дар замони Ҷанг амалӣ месозанд;

-вобаста ба эҳтиёҶоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хўрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;

-назорати ҳолати мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҶом медиҳад;

-дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд.

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲО ВА ШАҲРВАНДОН ДАР

СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӣ

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ташкилотҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ба нақша мегиранд ва доир менамоянд;

-мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, тайёрӣ, омодагии доимӣ ва таъминоти моддию техникии онҳоро баҳри иҶрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамоянд;

-дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар ташкилотҳо қарорҳо қабул менамоянд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорон, ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбӣ, инчунин омўзиши коргарону хизматчиёни муассисаҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-чорабиниҳоро оид ба ҳифзи коргарону хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо, фондҳои асосии истеҳсолӣ, ашёи хом ва маҳсулоти тайёр дар замони Ҷанг ба нақша гирифта, амалӣ месозанд;

-чорабиниҳоро Ҷиҳати баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотҳо дар замони Ҷанг таҳия ва татбиқ менамоянд;

-системаи огоҳкунӣ ва алоқаро ташкил намуда, онро дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифодабарӣ нигоҳ медоранд;

-вобаста ба эҳтиёҶоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хўрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;

-амалиёти дурусти коргарону хизматчиёни муассисаҳоро дар асоси бонгҳои огоҳкунандаи мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазирро дар ҳудуди худ ташкил менамоянд ва анҶом медиҳанд;

-бо мақомоти маҳаллии мудофиаи гражданӣ дар иҶрои вазифаҳои гузошташуда ҳаматарафа мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд, оид ба ҳифзи иҶтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, коргарону хизматчиён ва дигар шахсоне, ки барои иҶрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ Ҷалб карда мешаванд, чораҳои иловагӣ меандешанд.

Ташкилотҳое, ки дорои истеҳсолоти нисбатан хатарнок мебошанд, ё ин ки дар рафти истеҳсолот моддаҳои хатарнокро истифода мебаранд, инчунин дорои аҳамияти мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё ин ки ифодакунандаи дараҶаи баланди хавфи ба вуқўъ омадани ҳолатҳои фавқулодда дар замони осоишта ва Ҷанг мебошанд, нерўҳои махсуси ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ медоранд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар иҶрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ иштирок намуда, талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин соҳа иҶро менамоянд;

-воситаҳои ҳифз аз хатарҳоеро, ки ҳангоми сар задан ва рафти амалиётҳои Ҷангӣ ба вуқўъ меоянд, меомўзанд;

-ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли масъалаҳои соҳаи мудофиаи гражданӣ ёрӣ мерасонанд.

 

Боби 4.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 14. Роҳбарии мудофиаи гражданӣ

 

Роҳбарии мудофиаи гражданиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ў роҳбарӣ ва идораи умумӣ ва бевоситаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон –  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ў роҳбарии ҳамарўзаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси нишондодҳои Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ сохта, фармондеҳи қўшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо аз Ҷониби вазирон, роҳбарони идораҳо ва ташкилотҳо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вазорату идораҳо ва ташкилотҳо мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз Ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Сардорони ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошанд, муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд ва роҳбарии ҳамарўза ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозанд.

 

Моддаи 15. Мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ

 

Мақомоти идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инҳо мебошанд:

а) дар Ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:

–  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;

-комиссияҳои эвакуатсионии Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;

-комиссияҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони Ҷанг;

-хадамоти мудофиаи граждании Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

б)  дар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон:

-дастгоҳи идораи дахлдор ва ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;

-комиссияҳои эвакуатсионӣ;

-комиссияҳои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони Ҷангӣ;

-хадамотҳои мудофиаи гражданӣ.

Ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро хизматчиёни ҳарбие, ки аз Ҷониби  раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, роҳбарӣ менамоянд.

Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиён, дар асоси Ҷадвали штатии аз Ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳияшуда, вобаста ба шумораи штатии ҳайати шахсии барои он муқарраршуда, пурра карда мешаванд.

Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва хадамотҳои мудофиаи гражданиро муовинони аввали роҳбарони (сармуҳандисони) вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо сардорӣ менамоянд.

Вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ба гурўҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб дониста шудаанд, ё ин ки дар базаи онҳо хадамоти мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти ҳаётии мамлакат аҳамияти бағоят муҳим доранд, ўҳдадоранд дар Ҷадвали штатиашон кормандони масъулро (сармутахассисро) оид ба мудофиаи гражданӣ дар доираи ҳуқуқҳои шўъбаҳои асосӣ бо иҶрои вазифаи муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ё дигар вазифаи роҳбарикунанда дар ситоди зикршуда дошта бошанд.

Комиссияҳои эвакуатсионӣ ва комиссияҳои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони Ҷанг бо мақсади пешакӣ ба нақша гирифтан, тайёрӣ ва амалӣ сохтани вазифаҳои махсуси мудофиаи гражданӣ дар замони Ҷанг таъсис дода мешаванд.

Хадамоти мудофиаи гражданӣ баҳри иҶрои чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ, тиббӣ ва дигар чорабиниҳои махсуси мудофиаи гражданӣ ва вобаста ба ин вазифаҳо тайёр намудани қувва ва воситаҳо, шароитҳо ва инчунин таъмини амалиёти қувваҳои мудофиаи гражданӣ дар рафти гузаронидани корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазир таъсис дода мешаванд.

Мақомоти идораи мудофиаи граждании ҳама гуна дараҶаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо бошад, бо фармонҳои алоҳидаи сардорони мудофиаи граждании онҳо таъсис дода мешаванд.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ, сохтор, тартиби таъсисдиҳӣ ва пуррагардонии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

 

Боби 5.

Қувваҳо, шабакаҳои дидбонӣ ва назорати

лаборатории мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 16. Қувваҳои мудофиаи гражданӣ

 

Қувваҳои мудофиаи гражданӣ аз қисмҳои ҳарбӣ ва Ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ, дигар воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ки дар вазорату идораҳо, ташкилотҳо, хадамоти мудофиаи гражданӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ, Ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи нақшаҳои мудофиаи гражданӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои амалиётҳои Ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта Ҷудо карда мешаванд, иборатанд.

 

Моддаи 17. Қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ва вазифаҳои асосии онҳо

 

Қўшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии ҳарбӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъин шудаанд.

Қўшунҳои мудофиаи гражданӣ асоси қувваҳои мудофиаи гражданиро ташкил медиҳанд.

Қўшунҳои мудофиаи гражданӣ бо техникаи махсус, инчунин бо силоҳи оташфишон ва сард таҶҳизонида мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Фаъолияти қўшунҳои мудофиаи гражданӣ аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати Ҷангӣ, ҳақиқатан оғоз ёфтани амалиётиҳои ҳарбӣ ё аз Ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии   Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он Ҷорӣ карда шудани вазъияти ҳарбӣ, инчунин дар замони осоишта дар ҳолатҳои ба вуқўъ омадани офатҳои табиӣ, эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо, садамаҳои калон ва фоҶиаҳое, ки саломатии аҳолиро зери хатар монда, гузаронидани корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазирро талаб менамоянд, оғоз меёбад.

Вазифаҳои асосии қўшунҳои мудофиаи гражданӣ аз инҳо иборатанд:

-кофтуков ва наҶотдиҳии одамоне, ки ҳангоми амалиётҳои Ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар зери вайронаҳо, дар биноҳо ва иншоотҳои харобгардида, осебдида ва оташгирифта дармондаанд;

-расонидани ёрии аввалаи тиббӣ ба Ҷабрдидагон ва тайёр намудани онҳо барои эвакуатсия ба муассисаҳои муолиҶавӣ;

-бурдани тадқиқоти муҳандисӣ, кушодани таҳхонаҳои зери вайронаҳо монда ва харобгардида, тоза намудани вайронаҳо, дар онҳо сохтани роҳравҳо ва гузаргоҳҳо, рафъи садамаҳо ва оқибатҳои онҳо дар шабакаҳои коммуналию энергетикӣ ва технологӣ омодасозии хати ҳаракат, таҶҳизонидани нуқтаҳои идоракунӣ;

-таъмини гузаронидани корҳои наҶотдиҳӣ ва таъхирнопазир  бо пешбурди тадқиқоти радиатсионӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ (биологӣ), анҶом додани назорати дозиметрӣ ва кимиёвии воҳидҳо;

-гузаронидани коркарди махсуси ҳайати шахсии воҳидҳо ва нерўҳои ба ихтиёри онҳо додашуда;

-гузаронидани дегазатсия, дезактиватсия ва дезинфексияи сару либос ва дигар воситаҳои моддӣ, маҳалҳо, роҳҳо, иншоотҳо ва ҳангоми зарурат гузаронидани коркарди санитарии аҳолӣ;

-гузаронидани муоинаи зиддисўхторӣ, маҳдуд ва хомўш сохтани сўхторҳо дар хатҳои ҳаракат ва мавзеъҳои осебдида;

-рафъи садамаҳо дар хатҳои алоқа баҳри таъмини алоқаи боэътимод, ки идоракунии воҳидҳо ва нерўҳои ба ихтиёри онҳо додашуда, инчунин алоқаро бо мақомоти идораи болоӣ ва қувваҳои ҳамкор таъмин менамоянд;

-муоинаи сарчашмаҳои об, ба даст овардан, тоза кардан ва бо об таъмин намудани ҳайати шахсии Ҷузъу томҳо ва нерўҳои ба ихтиёри онҳо додашуда;

-ошкор сохтан, безарар ва нобуд сохтани лавозимоти Ҷангии натаркида (аз Ҷумла бомбаҳои авиатсионӣ) ва дигар маводи хатарноки тарканда, инчунин тоза кардани вайронаҳо ва қисмҳои осебдидаи конструксияҳои иншоотҳо бо усули тарконидан;

-гузаронидани санҶишҳои кимиёвию радиометрӣ Ҷиҳати муайян намудани моддаҳои радиоактивӣ, заҳролудкунанда ва дигар маводи заҳрнок, танзими дараҶа ва таъмири таҶҳизотҳои дозиметрӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, назорати ҳолати воситаҳои ҳаводиҳии иншоотҳои муҳофизатӣ;

-таъминоти техникӣ ва ақибгоҳии Ҷузъу томҳо.

Роҳбарии бевоситаи қўшунҳои мудофиаи гражданиро  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонанҶом медиҳад.

Тартиби пурра кардан ва таҶҳизонидани қўшунҳои мудофиаи гражданӣ, ҳайат ва вазифаҳои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ

 

Нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ – ин отрядҳо, командаҳо, бригадаҳо, дружинаҳо ва дигар нерўҳое мебошанд, ки дар заминаи ташкилотҳо бо принсипи ҳудудию истеҳсолӣ дар асоси штатҳои муқарраркардашуда таъсис дода шуда, бо техника ва молу мулки махсус муҶаҳҳаз ва барои иҶрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ омода карда шудаанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба нерўҳои ғайриҳарбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дохил шаванд: мардҳои синни аз 18 то 63-сола, занҳои синни аз 18 то 58 – сола, ғайр аз шахсони ўҳдадории ҳарбӣ дошта, ки амрномаҳои сафарбарсозӣ доранд, маъюбони гурўҳҳои I, II, III, занҳои ҳомиладор, занҳое, ки дорои фарзандони то синни 8 – сола мебошанд, инчунин занҳое, ки маълумоти миёна ва олии тиббӣ гирифта, фарзандони то синни 3-сола доранд.

Тартиби таъсис додан ва фаъолияти нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ

 

Назорати заҳролудшавии муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар воситаҳо, инчунин ҳангоми сар задани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо ва дигар касалиҳои сирояткунанда аз Ҷониби шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ бурда мешавад.

Ба ҳайати шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ дохил мешаванд:

-стансияҳои санитарӣ-эпидемиологӣ;

-лабораторияҳо ва стансияҳои ветеринарӣ;

-лабораторияҳои агрокимиёвӣ;

-стансияҳои муҳофизати растаниҳо;

-стансияҳои обу ҳавосанҶӣ;

-лабораторияҳои назорати аналитикии муҳити зист.

Шабакаи дидбонӣ ва назорати лабораторӣ дар замонҳои осоишта ва Ҷанг вазифадор аст, ки мунтазам ва сари вақт оид ба ҳолати муҳити зист ва сар задани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо ва дигар касалиҳои сирояткунанда ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумот диҳад, чораҳои зарурӣ андешад ва вазифаҳое, ки оид ба мудофиаи гражданӣ дар назди онҳо гузошта мешаванд, иҶро намояд.

Тартиби ташкил ва пешбурди шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 6.

Тайёрӣ ва омўзиш оид ба мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 20. Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорон, ҳайати шахсии қўшунҳо ва

                       нерўҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ

 

Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ  ва сардорони мудофиаи гражданӣ чунин амалӣ сохта мешавад:

-дар Маркази таълимӣ-методии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар курсҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятӣ ва байниноҳиявӣ бо озод намудан аз истеҳсолот, нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ва пардохти хароҶоти сафари хизматӣ аз Ҷои кори асосӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар ташкилотҳо, ҳар сол бе озод намудан аз истеҳсолот, тибқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз Ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Тайёрии ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ва сохторҳои наҶотдиҳӣ дар марказҳои таълимӣ , дар маҳалҳои Ҷойгиршавии доимӣ, инчунин дар Ҷамъомадҳо ва машғулиятҳои гуногун, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ ва Ҷузъу томҳо гузаронида мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо баргузор мегарданд.

Тайёрии ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар Ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот, мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз Ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 21. Омўзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ

 

Омўзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ дар Ҷои кор ва истиқомат мувофиқи барномаҳои омўзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, ки аз Ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳия ва тасдиқ шудаанд ва дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳо, инчунин аз тариқи воситаҳои ахбори умум анҶом дода мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ба омўзиши мудофиаи гражданӣ Ҷалб карда мешаванд.

Омўзиши кормандоне, ки ба ҳайати нерўҳои ғайриҳарбӣ ва хадамоти мудофиаи гражданӣ шомил нагаштаанд, дар Ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот амалӣ карда мешавад.

Омўзиши хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, донишҶўёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар вақти таълим, мувофиқи барномаҳои аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Омўзиши аҳолии бекор дар Ҷои зист бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Боби 7.

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиаи гражданӣ.

МОЛУ МУЛКИ мудофиаи гражданӣ

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Моддаи 22. Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

 

Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ба таври зайл сурат мегирад:

-дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҶетии тобеи онҳо-аз ҳисоби маблағҳои буҶети давлатӣ;

-дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои буҶетии тобеи онҳо-аз ҳисоби маблағҳои буҶетҳои дахлдор;

-дар дигар ташкилотҳо-аз ҳисоби маблағҳои худи онҳо.

Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ метавонад аз ҳисоби маблағҳои фондҳои Ҷамъиятӣ амалӣ гардад.

Гурўҳбандии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ аз Ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 23. Таъминоти қўшунҳо ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда, мақомоти идора ва

                       муассисаҳои мудофиаи гражданӣ

 

Қисмҳои ҳарбӣ, Ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашудаи мудофиаи гражданӣ, инчунин хизматчиёни мақомоти идора, нуқтаҳои фармондеҳӣ, Маркази таълимию методии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои вилоятӣ ва байниноҳиявии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, лаборатория ва дигар муассисаҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби буҶетҳои маҳаллӣ ва Ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Мақомоти идора, курсҳо, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, дигар муассисаҳои мудофиаи гражданӣ дар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои вилоятҳо, шаҳрҳо инчунин кормандони ин мақомоту идора ва муассисаҳо ба истиснои хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва сохторҳои таркибии он адо менамоянд, мутобиқан аз ҳисоби сметаи хароҶоти нигоҳдории вазорату идораҳо, ки аз буҶети Ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои худии ташкилотҳо Ҷудо карда мешавад, нигоҳ дошта мешаванд.

 

Моддаи 24. Таъминоти моддию техникии эҳтиёҶоти мудофиаи гражданӣ

 

Таъминоти моддию техникии ҳалли вазифаҳои мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби воситаҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, нигоҳдории қисмҳои ҳарбӣ, Ҷузъу томҳо, мақомоти идоракунанда ва дигар муассисаҳои мудофиаи гражданӣ Ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад.

Барои таъмини мақомоти идора, нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, кормандон, хизматчиёни ташкилотҳо ва аҳолӣ бо молу мулки мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, манбаъҳои эҳтиётӣ ва дар ташкилотҳо бошад, захираҳои эҳтиётии ин воситаҳо ташкил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Номгўй, ҳаҶм, тартиб ва мўҳлати Ҷамъоварии манбаъҳо ва захираҳои эҳтиётии ин воситаҳо, инчунин тартиби истифодаи онҳо аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 25. Молу мулки мудофиаи гражданӣ

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Ба молу мулки мудофиаи гражданӣ иншоотҳои муҳофизатӣ, воситаҳои огоҳкунии мутамарказонидашуда, озмоишгоҳҳо, анборҳои воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, таҶҳизоти тадқиқотӣ, радиатсионию кимиёвӣ, назорати дозиметрӣ ва дигар воситаҳои моддию техникие, ки моликияти Ҷумҳуриявӣ ё коммуналии мудофиаи гражданӣ мебошанд, инчунин аз ҳисоби буҶетҳои дахлдор, маблағҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳо ташкил ё харидорӣ гардидаанд ва ба манфиати мудофиаи гражданӣ истифода мешаванд, дохил мешаванд.

Бо дигар мақсадҳо истифода бурдани молу мулки мудофиаи гражданӣ манъ аст.

Дар иншоотҳои радиатсионӣ, кимиёвии хатарнок ва тарканда, додани молу мулки мудофиаи гражданӣ ҳамчун моликияти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, моликияти коммуналӣ, инчунин ба иҶора додани онҳо манъ аст.

Ба дигар ташкилотҳо додани молу мулки мудофиаи гражданӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар сурати тағйир ёфтани сохтори идора, шакл ва усулҳои фаъолияти хоҶагидорӣ, ташкилотҳои ба дигар сохтор додашаванда ё ба дигар шакли ташкилӣ ва ҳуқуқӣ гузаранда, таъиноти мақсадноки молу мулки мудофиаи гражданӣ инчунин супоришҳо оид ба ташкил ва захираи онҳо нигоҳ медоранд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Боби 8.

Кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҶтимоии

хизматчиёни ҳарбии мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 26. Кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҶтимоии хизматчиёни ҳарбии мудофиаи гражданӣ

 

Хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, Ҷузъу томҳо, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи гражданӣ хизмати ҳақиқии ҳарбиро адо мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар масъалаҳои адои хизмати ҳарбӣ, таъминоти пулӣ ва дигар навъҳои таъминот, ҳимояи ҳуқуқию иҶтимоӣ ва дигар намудҳои ҳимоя аз тамоми ҳуқуқҳо, кафолатҳои давлатӣ ва Ҷубронпулиҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода мебаранд.

Ҷалб кардани хизматчиёни ҳарбии қўшунҳо, Ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбикунонидашуда, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи гражданӣ ба иҶрои вазифаҳои ба онҳо мансубнабуда манъ аст.

Ҳуқуқ, кафолатҳои  давлатӣ ва Ҷубронпулиҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, қўшунҳо, Ҷузъу томҳо, воҳидҳои ҳарбикунонидашуда ва мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ низ татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Суғуртаи шахсоне, ки барои иҶрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ Ҷалб карда мешаванд.

 

Шахсоне, ки бо қарори мақомоти давлатӣ барои кор, Ҷиҳати чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ Ҷалб карда мешаванд (ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд) дар ҳолати ба ҳалокат расидан (фавтидан) ё расидани осеб ба саломатиашон, бояд пешакӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта шаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии шахсоне, ки барои иҶрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ Ҷалб карда мешаванд, аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 9.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

 

Моддаи 29. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                       «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» (Ахбори МаҶлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, моддаи 274, соли 1998, № 22, моддаи 316) аз эътибор соқит карда шавад.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе,  28 феврали соли 2004

№ 6

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …