Главная / Гуногун / Муборизаи миллию озодихоҳии халқи муғул

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи муғул

Охирҳои асри XIX аввали асри XX даврае буд, ки ҳаракати миллию озодихоҳӣ мамлакатҳои зиёди Шарқро фаро гирифта буд, аз он ҷумла Муғулистонро ҳам. Баромадҳои номуташаккили аратҳо бар зидди манҷурҳо ва феодалони худӣ, ки дар тамоми тӯли асри XIX ҷой доштанд, дар оғози асри XX оммаҳои васеи аҳолиро фаро гирифтанд.

Соли 1900 бо сардории арат Энх-Тайван шӯриши аскарҳои гарнизони Улятсутай ба амал омад. Ин аскарон аз ҳисоби аҳолии муғул ба хизмат сафарбар карда шуда буданд, то ки тавассути онҳо шӯриши “ихэтуан”-ҳои Чин пахш карда шавад. Лекин аскарони муғул аз пахш кардани шӯриши “ихэтуан”-ҳо рӯй тофта, худашон ба шӯриши зидди зулми чиноиҳо бархостанд.

m4

Шӯриши аратҳои аймаки Дзасактухан, ки дар ғарбии Халха воқеъ гардидааст, хеле овозадор буд. Ба он Аюша ном арат роҳбарӣ мекард. Барои фаъолияти озодихоҳӣ манчурҳо ӯро борҳо ба маҳбас партофтаанд. Соли 1911, вақте ки баромадҳои зиддитеинӣ тамоми Муғулистонро фаро гирифта буданд, дар зери роҳбарии Аюша дар хошуни ӯ мақомоти худидоракунӣ (дугӯйлан)-и аратҳоро ташкил намуд, ки он ҳокимияти хошун ва амалдорони манҷуриро эътироф намекард.

Яке аз муборизони машҳури дигари ҳаракати миллию озодихоҳонаи зидди Чин дар Муғулистон Тогтоҳо буд. Ӯ дастаи фидоиёнро ташкил карда, дар аймаки Сетсенхан (шарқии Муғулистон) амал мекард. Соли 1909 дастаи ҷазодиҳандагони ба ин ҷо фиристодаи Чин фидоиёни Тогтохоро шикаст медиҳад. Ӯ бо ҳамроҳии як гурӯҳи начандон калони фидоиён бо иҷозати ҳукуматдорони Русия аз сарҳад гузашта, дар Забайкале сокин мешавад. Қисми дигари ин фидоиён то аз хоки Муғулистон пеш карда шудани манҷурҳо, яъне то соли 1911 аз мубориза даст накашид.

Аввалҳои соли 1911 баромадҳои зиддитеинӣ қариб тамоми Мамлакатро фаро мегиранд. Ба ҳаракати миллию озодихоҳӣ акнун кулли табақаҳои аҳолии Муғулистон ҳамроҳ шуда буданд. Моҳи июли соли 1911 дар маҷлиси махфии ашрофони дунявию динӣ бо сардории Богдо-гзгэн баргузоргардида қарор қабул карда шуд, ки ҳукмронии сулолаи Теин сарнагун ва давлати соҳибистиқлоли Муғулистон эълон карда шавад. Маҷлиси мазкур инчунин қарор қабул кард, ки ба Русия ҳайати вакилони Муғулистон равон карда шавад, то ки он истиқлолияти Муғулистонро дастгирӣ кунад. Ба ҳайати вакилони ба Петербург раҳсипоршуда сарфармондеҳи артиши аймаки Тешетухан Ханддорж роҳбарӣ мекард. Вакилони Муғулистон ба ин шаҳр моҳи августи ҳамон сол омада расиданд. Онҳоро дар он ҷо вазири корҳои хориҷии Русия С. Д. Сазонов қабул кард. Ханддорж ба ӯ мактуби ба номи императори Русия имзокардаи Юогдо-гэгэн ва хонҳои 4 аймаки Муғулистонро супорид. Гуфтушуниди ҳайати вакилони Муғулистон бо шахсони расмии Русия бо муваффақият анҷом ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …