Главная / Гуногун / Мубориза барои ишғоли Ӯротеппа

Мубориза барои ишғоли Ӯротеппа

Ҳокими шуҷоъ ва тавонои Ӯротеппа Фозилбӣ юз писари Содиқбӣ хонҳои Бухороро ба ташвиш гузошт. Ба сифати сарварӣ қабилаи юз ӯ ба муқобили Нодиршоҳ низ омода буд. Баъд аз ду соли қатли Нодиршоҳ Фозилбӣ ҳокими Ӯротеппа шуда, бар зидди Хуқанду Бухоро истодагарӣ намуд. Хони Бухоро Муҳаммадраҳимхон дар мубориза ба муқобили ҳокими Ӯротеппа заифии худро ҳис намуда, ба хони Хуқанд Ирдонабий (1751-1770), сарварони қабилаи кипчок ва ҳокими Қаршӣ иттифоқ баст. Соли 1754 ӯ ба муқобили Ӯротеппа лашкар кашид. Дар чунин ҳолат Фозилбӣ танхо бо лашкари Ӯротеппа ба муқобили иттифоқчиён истодагарӣ карда наметавонист. Бинобар ин ӯ ба хеш ва ҳамқабилаи худ, ҳокими Ҳисор Муҳаммадаминбий юз муроҷиат намуда, имдод талабид. Ҳашт ҳазор лашкари Ҳисориён ба воситаи дараи Қаратоғ ба сардии ҳаво ва барфпуш будани ағбаи мушкилгузар нигоҳ накарда, ба ёрии Ӯротеппаи муҳосирашуда расида омаданд.

muhammad-murad-samarkandi-battle-_-shah-name-_-1556-300x161

Барои иттифоқчиён, яъне хони Бухоро, хони Хуқанд ва дигарон дар фасли номусоид зери деворҳои қалъа ҳозир шудани Муҳаммадамини юз бо лашкараш ғайричашмдошт буд. Хонҳои Бухорову Хуқанд пай бурданд, ки пайдоиши ногаҳонии Муҳаммадамин оқибати хуб надорад.

Задухурди рӯзи аввал 18 майи соли 1754 сурат гирифт. Лашкари Ӯротеппа мавқеи хуб интихоб карда буд. Онҳо байни ғopy сойҳо ҷойгир шуда буданд, ки ин ҷойҳоро фақат аҳолии маҳаллӣ медонист. Ин буд, ки Ӯротеппагиҳо дар айни авҷи задухурд аз ҷойҳои панаҳёфта ба душман ҳамла карда, онро ба танг оварданд. Душман мебоист чораҳои фаврӣ андешад. Муҳаммадраҳимхон лашкари Бухороро бар зидди лашкари Ҳисор равон кард. Эълон шуд, ки ҳар касе сари буридаи душманро оварад, номи ӯро ба тумори махсус навишта, сонитар туҳфа медиҳанд. Хони Хуқанд низ ба шахсони дар задухурд шуҷоат нишондода инъому туҳфаҳо медод. Вале бо ҳамаи ин хони Бухоро қаноатмандӣ ҳосил накард. Ӯ медонист, ки бо ин навъ чораҳо ғалаба ба даст овардан аз имкон берун аст. Бинобар ин ӯ ба Насаф (Қаршӣ), Якабоғ ва Шаҳрисабз чопарҳо равон карда, лашкари он ҷойҳоро ба ҳузури худ хост.

Аз нақшаҳои душман Ӯротеппагиҳо ва Ҳисориён огоҳ гаштанд. Муҳаммадамини Ҳисорӣ роҳи осони ғалабаро ҷуста, чорае андешид. Ӯ ду мактуб тартиб медиҳад. Яке ба номи хони Бухоро ва дигаре ба номи хони Хуқанд. Ба Ирдонабий аз номи Фозилбий навишта буд, ки мо ҳамсоя ва хешутабор мебошем, бинобар ин бо ҳамдигар наҷангем ва хони Бухоро дӯстии моро набояд барҳам диҳад.

Дар мактуби хони Бухоро навишта буданд, ки ба Шумо 29 қабилаи узбекияи Мовароуннаҳр мутеъ аст. Мо низ ба Шумо мутеъ мешавем. Мактуби ба номи хони Бухоро навиштаро ба Ирдонабий ва мактуби ба ӯ навиштаро ба Муҳаммадраҳимхон мерасонанд. Баъди расидани мактубҳо ҳарду тараф (Бухоро ва Хуқанд) иродаи ҷанг нанамуданд. Лашкари Бухоро ақиб гашт. Лашкари Хуқанд ба сӯи Хуҷанд равон шуд. Нисбат ба бухориҳо Хуқандиҳо камаслиҳа ва кампушок буданд. Бинобар ин лашкари Ӯротеппаву Ҳисор хуқандиёнро таъқиб намуданд. То расидан ба Хуҷанд лашкари Хуқанд талафоти зиёд дод. Касони бисёр аз онҳо кушта ва асир шуданд. Аз каллаи сарбозони Хуқанд дар соҳили Оқсу калламанора бардоштанд.

Асирони Хуқандиро ба Ӯротеппа оварда, ба қатл расонданд ва аз сари онхо калламанораи дуюм бардоштанд.

Муҳаммадаминбий юз баъд аз чанде аз Ӯротеппа ба воситаи Киштути Панҷакент ба чониби мулки худ, Ҳисори Шодмон баргашт. Дар Такоби Киштут ӯ маликонро, ки ҳукуматдори Фон буданд ва калони он қавм Малик Мизробро бо дувоздаҳ нафар ақрабояш ба қатл расонд. Муҳаммадамин қасоси хуни қозӣ Ҳусайни мираконӣ – ҳокими Фалғарро, ки соли 1743 Малик Мизроб ӯро кушта буд, гирифт. Дар Киштут Мусобӣ, писари Оллоҳёрбӣ ҳоким таъин шуд.

Ғалабаи соли 1754 бар лашкари Бухорову Хуқанд истиқлолияти Ӯротеппаро ним аср, яъне то охири асри XVIII барқарор намуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …