Главная / Гуногун / МУҲАММАД АССОРИ ТАБРЕЗӢ

МУҲАММАД АССОРИ ТАБРЕЗӢ

Вай соҳиби китоби «Меҳру Муштарӣ»-ст ва дар он ҷо латоиф ва бадоеъ бисёр аст ва ин чанд байт аз он китоб аст дар сифати бинии маъшуқ :

М а с н а в ӣ

Кашида бар гули насрин зи бинӣ
Хате дар байни лутфу нозанинӣ.
Яди 142  қудрат сутуне баста симин
Ба зери он ду тоқи анбарогин.
Миёни ҷазъу 143 лаъли он гуландом
Мунаббат 144  шўшае аз нуқраи хом.
Гули занбақ 145, валекин ношукуфта,
Фарози ёсамину лола хуфта.

Ва аз ҷумлаи суханони вай аст  ин қитъа, ки дар аснойи он  маснавӣ зикр кардааст:

Қ и т ъ а
Маҷў, Ассор, меҳр аз табъи мардум,
Ки гул ҳаргиз зи шўристон нахезад.
Вафо аз сурати бемаънии халқ
Чу аз сурат малоик мегурезад.
Ба ғирболи фалак бар фарқи инҳо
Қазо ҷуз гарди ғаддорӣ набезад.
Ба меҳр онро, ки некӣ беш хоҳӣ,
Ба кинат ҳар замон бадтар ситезад.
Чу ашк онро, ки созӣ ҷой дар чашм,
Агар дасташ диҳад, хунат бирезад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …