МОШ

moshМОШ (Phaseolus aureus), як навъ зироат. Баландиаш 15 – 50 см; пояи рост ё печанда, барги калон (дарозиаш 20 – 26 см), гули бунафш, ғилофаки сертухм, дони сабз дорад. Моҳҳои июн – сент. гулу мева мекунад. Дар Тоҷикистон М.-ро аз замонҳои қадим мекоранд. Давраи нашви М. 80 – 120 рӯз аст. Дони М. 18,7 – 31,6% сафеда, 0,8 – 2% равған, 50 – 56% крахмалу қанд дорад. Ғилофак (кӯсак)-и хоми онро чун сабзавот мехӯранд. Аз М. таомҳои болаззат – мошоба, кичирӣ, мошпалав, мошбиринҷ, мошатола ва ғ. мепазанд.
М. хусусияти давоӣ низ дорад. Дар «Махзану-л-адвия» омадааст, ки беҳтарини он сабзи тираранг, пас – сиёҳ, пас – сабз, пас – зарди он аст. Муаллифи ин китоб М.-ро нерубахши асаб ва аъзои босира, таскиндиҳандаи дарди сар, давои бемориҳои гурда мешуморад. Бино ба ақидаи табибони гузашта М. чун ғизо сабуктар аз наск мебошад ва назар ба боқило боди камтар дорад. Агар онро бихӯранд, ғизои хуб аст ва дар ҷигар моддаи солим пайдо мекунад. М.-ро муқашшар нокарда бо шилха пухта бихӯранд, дарунро мебандад. Яке аз хусусиятҳои М. он аст, ки бо вуҷуди сардии мизоҷаш моддаи савдоро ҳаракат намедиҳад, ҳам барои мулоим кардан ва ҳам барои банд кардани дарун манфиат дорад. Истеъмоли М. барои одамони хунукмизоҷ, пирсолон, инчунин касоне, ки дар меъдаашон бод бисёр аст, зарар мекунад (хусусан муқашшари он); ба дандон ва боҳ ҳам зиён дорад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мураттибон В. А. Капранов, Раҳим Ҳошим), Д., 1975; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1999.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …