Главная / Илм / МОМОҚАЙМОҚ

МОМОҚАЙМОҚ

momokaymokМОМОҚАЙМОҚ (Glaucium fimbrilli), заркак , чилғӯза, гиёҳест дусола. Аз 8 то 65 см қад мекашад. Пояаш сершох. Барги назди бехаш пармонанд, баргҳои пояаш майдаи байзашакл. Гулаш зард, норанҷии баланд. Ғилофакаш рост ё камончашакли ғафс, дароз. Май – июл гул карда, июн – авг. тухм мебандад. Дар нишебиҳои шағалзамин месабзад. Дар воҳаи д. Сир, қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ (дар баландии 800 – 2500 м аз с. б.) вомехӯрад.
Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон талқони тухми бирёнкардаи М.-ро ба занҳои зоида чун воситаи хунбанд ва нерубахш медиҳанд. Равғани М. низ чунин хосиятро дорост. Ҷӯшоби гулу барги онро чун давои қувватбахш ва ангезишовар меҳисобанд. Онро ба беморони рӯ ба беҳбудӣ оварда медиҳанд. Миқдори аз меъёр зиёди М. боиси қай ва хоболудӣ мегардад. Тухми М. сахт исҳоловар аст.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …