Главная / Илм / Момирон дар Канзи Шифо (Китоб)

Момирон дар Канзи Шифо (Китоб)

momiron-640x330Момирон — ин гиёҳ як намуди зардчӯбаҳост. Поя ва шохҳои он аз замин баланд. Баргаш монанди баргҳои печаки калон, моил ба гирдак, сафеди зардтоб ва часпак мебошад. Решааш шоха-шоха аз як ҷо ба ҳар тараф кашида, кӯчактар ва бориктар аз решаи зардчӯба, гиреҳдор ва каҷтар аст, пашмакрешаҳои мӯйшакл дорад, ки дар ҷоҳои намнок ва наздики обҳо мерӯяд. Тухмаш ба кунҷид шабоҳат дорад; беҳтарини он зард, борик, сахт ва гиреҳдори нави он мебошад. Қувваташ то бист сол боқӣ мемонад. Ин гиёҳро ба забони русӣ чистотел большой меноманд. Аксар дар кӯқистонҳо месабзад.

Мизоҷаш дар охири дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш: поккунанда, таҳлилдиҳандаи варам ва моддаҳои ғализ, инчунин решкунандаи пӯсти бадан аст, нохунро метарконад.

Агар онро кӯфта, бо асал даромехта, ба даруни бинӣ бирезанд, майнаро аз олоишҳои зарарнок пок мегардонад. Хушки онро кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки онро дафъ мекунад, торикии чашмро барҳам медиҳад ва рӯшноии онро зиёда мегардонад.

Агар бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Решаашро кӯфта, бо шароб бихӯранд, зардпарвинеро, ки сабабаш гиреҳҳои узвҳои дохилӣ бошанд, шифо мебахшад; бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, исҳолро манъ мекунад, дарди рӯдаҳоро сокин менамояд, беихтиёр рафтани пешобро ислоҳ мекунад.

momiron-2Ин решаро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд, бачадони чаппагашта ва баргаштаро ба ҷояш мебарад ва шифо мебахшад, бавосирро низ нест мекунад. Баъзе табибон ошомидани инро ба гурда зарар дорад, гуфтаанд. Агар зарар кунад, асал бихӯранд ё бо асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 2,25 грамм аст. Ба ҷойи ин ба ҳамин вазн зардчӯбаро бихӯрадд, равост. Момиронро кӯфта, бо асал ва сирко даромехта бимоланд, нохуни сафедшударо ислоҳ мекунад, доғҳои кунҷидак ва нуқтаҳои сафеди пӯст, қӯтур ва доғҳои дигари гуногуни пӯстро дафъ мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …