Главная / Илм / МОЛЛЮСКИ СИРОЯТӣ

МОЛЛЮСКИ СИРОЯТӣ

molyuskaМОЛЛЮСКИ СИРОЯТӣ, моллюски сорӣ, бемории сироятии вирусии пӯст. Ҳангоми тамоси бевосита бо мариз ё ашёе, ки ӯ истифода бурдааст (сачоқ, лифи таншӯӣ, бозичаҳо ва ғ.) сироят мекунад. Бештар дар синни кӯдакӣ дучор мешавад. М. с. дар муассисаҳои кӯдакон метавонад якбора паҳн гардад.
Давраи ниҳонии беморӣ аз 2 ҳафта то чанд моҳ аст. Дар мавриди гирифторӣ ба М. с. дар пӯст (рӯй, гардан, пушти панҷа, тан, зери каш) доначаҳои майда (диаметрашон 0,2 – 0,5 см)-и нимкурашакл мебароянд; ранги онҳо ба ранги пӯст шабоҳат дорад ё андаке гулобиранг мешаванд. Дар маркази донача (гиреҳча) чуқурчае мавҷуд аст, ки ҳангоми фишурдан обияти шавлашакл мебарояд (ҳуҷайраҳои шӯхабастаи эпидермис ва зарраҳои моллюскӣ).
Бо мақсади муолиҷаи М. с. доначаҳоро бо пинсет ё чумчаи Фолкман фишурда, маҳлули 5 – 10-фоизаи йод ё нитрогени моеъ мемоланд. Гиреҳҳои калон бо усули диатермокоагулятсия ё криохирургия нест карда мешаванд. Ҳангоми бисёр будани доначаҳо бо тавсияи духтур доруҳои зиддивирусӣ истеъмол мекунанд. Фарҷоми беморӣ хуб аст.
Барои пешгирии М. с. риояи қоидаҳои беҳдошт, ҷудо нигоҳ доштану табобат кардани беморон муҳим аст. Кӯдакони беморро то пурра шифо ёфтан ба муассисаҳои бачагона роҳ намедиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …