Главная / Илм / МОЛИШХӯРИИ ПӯСТ

МОЛИШХӯРИИ ПӯСТ

molishkhuriМОЛИШХӯРИИ ПӯСТ, газак гирифтани як қисми пӯст, ки аз соиш хӯрдан пайдо мешавад. Бештар дар пошна ва панҷаи пой бинобар серарақӣ, нигоҳубини нодурусти пӯсти пой ва пойафзори номувофиқ ба вуҷуд меояд. М. п. дар ҷойҳои дигари пӯсти бадан (зери бағал, дар гардан) низ аз соишхӯрии либос (дарзи дурушт, гиребони оҳардодаи шахшӯл), дар кафи дастон ҳангоми кор бо белу каланд, заврақронӣ ва ғ. ҳосил мешавад. Дар ибтидо пӯст сурх шуда, варам ва дард мекунад. Пас аз ин мумкин аст обила пайдо шавад. Дар сурати онро кафондан, пӯст газак гирифта, эҳтимол боиси ба вуҷуд омадани оризаи фасоднок (ниг. Бемориҳои римноки пӯст) гардад.
Ҳангоми М. п. ҷои осебдидаро ба маҳлули гарми гулобиранги перманганати калий (маргансовка) ғутондан ё бо маҳлули ширгарми перманганати калий ё маҳлули 2-фоизаи кислотаи борат шуста, бандинаи хушк гузоштан лозим аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ обиларо сӯрох кардан мумкин нест, зеро ин боиси ба захм даромадани бактерияҳои фасодовар ва мадда кардани он мешавад. Барои он ки пӯсти соишхӯрда (хусусан пойҳо) дубора осеб набинад, пойафзори нарму мувофиқ пӯшидан ё ба зери пошна патак гузоштан лозим аст. Одатан, дар натиҷаи риояи ин қоидаҳо обила хушк шуда, аз таги он пӯсти «нав» месабзад. Агар обила худ аз худ кафад, онро бо моддаҳои мазкур шуста, бандинаи хушки тоза мегузоранд. Дар мавриди пайдо шудани дард ва сурх гаштани пӯст зуд ба духтур муроҷиат бояд кард.
Дар пешгирии М. п. пойафзори мувофиқ, дар хизмати ҳарбӣ бошад, пеш аз сафарҳои дур пойафзорро чанд вақт пӯшида ба пой муносиб кардан ва дуруст печондани пойтоба аҳамияти калон дорад. Шахсони машғул ба кори ҷисмонӣ бояд дастпӯшак дошта бошанд, ба дурустии асбобҳое, ки бо онҳо сарукор доранд, диққат диҳанд. Серарақиро ҳатман муолиҷа кардан лозим аст; ҷӯроб ва либоси тагро зуд – зуд иваз, пӯсти дасту пойро бо диққат нигоҳубин бояд кард. Пеш аз сафари пиёда бори дигар пойафзорро аз назар гузаронед, ҳамроҳи худ докаи тоза ва лейкопластир гиред.
А. Ҳусейнов

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …