Главная / Гуногун / Молдоре монанди Ҳотами Той

Молдоре монанди Ҳотами Той

Молдореро шунидам, ки ба бухл чунон маъруф буд, ки Хотами Той дар камар. Зоҳири ҳолаш ба неъмати дунё ороста ва ҳиссати нафси ҷибилли дар вай ҳамчунон мутамаккин то ба ҷоне аз даст надоди ва гурбаи Абў Хурайраро ба луқмае нанавохти ва саги асҳоб-ул-қаҳфро устўхоне наяндохтӣ. Филҷумла, хонаи ўро кас надиди даркушода ва суфраи ўро саркушода.

Дарвеш ба ҷуз бўи таомаш нашунидӣ,
Мурғ аз паси нон хўрдану ў дона начидӣ.

2400Шунидам, ки ба дарёи Мағриб андар роҳи Миср баргирифта буд ва хаёли Фиръавнӣ дар сар. Боде мухолифи кишти баромад.

Бо табъи малўлат чӣ кунад дил, ки насозад.
Шурта ҳама вақте набувад лоиқи киштӣ.

Дасти дуо баровард ва фарёди бефоида хондан гирифт.

Дасти тазаррўъ чӣ суд бандаи муҳтоҷро,
Вақти дуо бар худой, вақти карам дар бағал.

***
Аз зару сим роҳате бирасон,
Хештан ҳам таматтуе баргир.
В-он гаҳ ин хона, к-аз ту хоҳад монд,
Хиште аз симу хиште аз зар гир.

Овардаанд, ки дар Миср ақориби дарвеш дошт, ба бақияти моли ў тавонгар шуданд ва ҷомаҳои куҳан ба марги ў бидариданд ва хазу димётӣ буриданд. Ҳам дар он ҳафта якеро дидам аз эшон бар бодпое равон ва ғуломе дар пай давон.
Ваҳ, ки гарм мурда бозгардидӣ
Ба миёни қабилаву пайванд,
Ради мерос сахттар будӣ,
Воисонро зи марги хешованд.

Ба собиқаи маърифате, ки дар миёни мо буд, остинаш гирифтам ва ин байт бар ў хондам:

Бихўр, эй нексирате сарамард,
К-он нагунбахт гирд карду нахўрд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …